ВИЛДАРА
Бозгашт ба маҳсулот50 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Вилдаглиптин |
| Шакли пешниҳод | 28-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Мубодилаи моддахо |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ҳаб :
Вилдаглиптин — 50 мг.
НИШОНДОДҲО
Диабети қандии навъи 2:
- ҳамчун монотерапия дар якҷоягӣ бо парҳез ва машқҳои ҷисмонӣ;
- дар якҷоягӣ бо метформин ҳамчун табобати ибтидоии доруворӣ ҳангоми нокифоя будани самаранокии парҳез ва машқҳои ҷисмонӣ;
- ҳамчун қисми табобати комбинатсионии дуҷузъа бо метформин, ҳосилаҳои сулфонилмочевина, тиазолидиндион ё инсулин дар ҳолате, ки парҳез, машқҳои ҷисмонӣ ва монотерапия самараи кофӣ намедиҳанд;
- ҳамчун қисми табобати комбинатсионии сегона дар якҷоягӣ бо ҳосилаҳои сулфонилмочевина ва метформин дар бемороне, ки қаблан ин доруҳоро гирифтаанд, аммо дар заминаи парҳез ва машқҳои ҷисмонӣ ба назорати кофии гликемия ноил нашудаанд;
- ҳамчун қисми табобати комбинатсионии сегона дар якҷоягӣ бо инсулин ва метформин дар бемороне, ки қаблан инсулин ва метформин гирифтаанд, аммо дар заминаи парҳез ва машқҳои ҷисмонӣ ба назорати кофии гликемия ноил нашудаанд.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору ба таври даҳонӣ қабул карда мешавад ва аз истеъмоли ғизо вобаста нест.
Низоми дозабандӣ бояд вобаста ба самаранокӣ ва таҳаммулпазирии табобат барои ҳар як бемор инфиродӣ интихоб карда шавад.
Дозаи тавсияшаванда ҳангоми монотерапия ё ҳамчун қисми табобати комбинатсионии дуҷузъа бо метформин, тиазолидиндион ё инсулин (бо метформин ё бе он) 50 мг ё 100 мг дар як шабонарӯз мебошад. Барои беморони гирифтори диабети қандии навъи 2 бо ҷараёни вазнинтар, ки инсулин мегиранд, 100 мг дар як шабонарӯз тавсия дода мешавад.
Дозаи тавсияшаванда дар табобати комбинатсионии сегона (вилдаглиптин + ҳосилаи сулфонилмочевина + метформин) 100 мг дар як шабонарӯз мебошад.
Дозаи 50 мг як маротиба субҳ қабул карда мешавад. Дозаи 100 мг ба ду қабул тақсим мешавад: 50 мг субҳ ва 50 мг шом.
Дар ҳолати фаромӯш кардани қабул, вояи навбатӣ бояд ҳарчи зудтар қабул карда шавад. Аз зиёд кардани дозаи шабонарӯзии тавсияшуда худдорӣ намоед.
Ҳангоми истифода дар якҷоягӣ бо ҳосилаҳои сулфонилмочевина, дозаи тавсияшаванда 50 мг як маротиба дар як рӯз субҳ мебошад.
Ҳангоми истифода бо ҳосилаҳои сулфонилмочевина, самаранокии дозаи 100 мг/рӯз ба самаранокии дозаи 50 мг/рӯз баробар буд.
Агар ҳангоми истифодаи дозаи ҳадди аксари тавсияшуда (100 мг дар як шабонарӯз) назорати кофии гликемия ба даст наояд, мумкин аст дигар доруҳои пасткунандаи қанди хун, аз ҷумла метформин, ҳосилаҳои сулфонилмочевина, тиазолидиндионҳо ё инсулин илова карда шаванд.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №28
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Вилдаглиптин намояндаи гурӯҳи стимуляторҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда буда, ферменти дипептидилпептидаза-4 (DPP-4)-ро ба таври интихобӣ бозмедорад. Боздории зуд ва пурраи фаъолияти DPP-4 (>90%) боиси афзоиши ҳам секресияи асосӣ ва ҳам секресияи пас аз истеъмоли ғизои пептиди монанд ба глюкагон навъи 1 (GLP-1) ва полипептиди инсулинотропии вобаста ба глюкоза (GIP) аз рӯда ба гардиши умумии хун дар тӯли шабонарӯз мегардад.
Бо зиёд намудани консентратсияи GLP-1 ва GIP, вилдаглиптин ҳассосияти β-ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъдаро ба глюкоза баланд намуда, секресияи вобаста ба глюкозаи инсулинро беҳтар мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба вилдаглиптин ё ҳар гуна ҷузъи дигари дору;
- таҳаммулнопазирии ирсии галактоза, норасоии лактаза ё синдроми малабсорбсияи глюкоза-галактоза.
Самаранокӣ ва бехатарии истифодаи дору дар кӯдакони то 18-сола муайян карда нашудааст.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Ҳангоми истифодаи дору ҳамчун монотерапия ё дар якҷоягӣ бо дигар доруҳо, аксарияти таъсирҳои номатлуб дараҷаи сабук дошта, хусусияти муваққатӣ доштанд ва қатъи табобатро талаб намекарданд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Вилдаглиптин дорои эҳтимолияти пасти таъсири мутақобилаи доруворӣ мебошад. Он субстрат, ингибитор ё индуктори асосии ферментҳои системаи цитохроми P450 нест. Ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо метформин, глибенкламид, пиоглитазон, амлодипин, дигоксин, варфарин ва дигар доруҳои маъмул таъсири мутақобилаи аз ҷиҳати клиникӣ муҳим муайян нашудааст.
Ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо ингибиторҳои АПФ хавфи пайдоиши ангионевротикӣ (ангиоэдема) метавонад зиёд шавад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Вилдаглиптин ҷойгузини инсулин нест ва набояд дар беморони гирифтори диабети қанди навъи 1 ё барои табобати кетоацидози диабетӣ истифода шавад.
Пеш аз оғози табобат, ҳар 3 моҳ дар давоми соли аввали табобат ва минбаъд давра ба давра назорати фаъолияти ҷигар тавсия дода мешавад. Ҳангоми баланд шудани сатҳи трансаминазаҳои ҷигар бемор бояд аз нав ташхис карда шавад. Дар сурати боқӣ мондани тағйирот табобат бояд қатъ карда шавад.
Беморон бояд огоҳ карда шаванд, ки ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои вайроншавии фаъолияти ҷигар, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, камшавии иштиҳо, зардпарвин, тира шудани пешоб ё дард дар қисми рости болоии шикам, фавран ба духтур муроҷиат намоянд.
Дар сурати пайдо шудани ангиоэдема истифодаи дору бояд қатъ карда шавад.