Ширкати «World Medicine Илач Сан.ве Тичорат» соли 2011 дар Туркия дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ширкатҳои World Medicine таъсис ёфтааст.
Нигоҳи инноватсионӣ
World Medicine, ки ҳеҷ гоҳ аз стандартҳои устувори сифат дур намешавад, бо дидгоҳи инноватсионӣ ҳадаф дорад, ки бо пешниҳоди маҳсулоти дастрас ва самаранок сифати зиндагиро дар саросари ҷаҳон беҳтар намояд. World Medicine дорои портфели васеи зиёда аз 600 маҳсулоти фармакологӣ дар соҳаҳои гуногуни тиббӣ, аз ҷумла офталмология, неврология, эндокринология, кардиология, ревматология, гастроэнтерология, урология ва пулмонология мебошад.
Содироти маҳсулоти доруворӣ ба зиёда аз 65 кишвар
Идораи марказии World Medicine, ки бо ҳадафи шарики боэътимоди тиҷоратӣ ва ширкати пешсаф будан, ба зиёда аз 65 кишвар маҳсулоти доруворӣ содир менамояд, дар Истанбул ҷойгир аст. Лабораторияи тадқиқот ва рушди он, ки бо дастгоҳҳои муосири техникӣ муҷаҳҳаз мебошад, низ дар Истанбул воқеъ аст.
Мо «World Medicine»-ро бо муваффақияту ифтихор муаррифӣ мекунем.
World Medicine бо такя ба кормандони соҳибихтисоси худ рушди устувори худро нигоҳ дошта, бренди худро дар арсаи ҷаҳонӣ бо муваффақият ва ифтихор намояндагӣ мекунад.
Дар Туркия «World Medicine» як корхонаи истеӽсолӣ дар Истанбул ва дигар корхонаӽои истеӽсолӣ дар Черкезкёйи Текирдоғ дорад. Ширкат инчунин дар Алҷазоир низ корхонаи истеӽсолӣ дорад.
САЛОМАТӢ ИН ГАНҶЕСТ, КИ МО БА ШУМО ХОҲОНЕМ.
Рисолат ва дидгоҳ
Рисолат
Дидгоҳ
Арзишҳои мо
Аз рӯзи нахустини таъсисёбӣ мо мутобиқи дурнамои худ — беҳтар сохтани зиндагӣ тавассути нигоҳи инноватсионӣ ва портфели васеи маҳсулот — бо азму иродаи қавӣ пеш рафта истодаем. Муҳимтарин унсуре, ки моро то имрӯз ба ин ҷойгоҳ расонидааст ва ҳамоно моро дар роҳи табдил ёфтан ба бренди қавӣ ва боэътимод дар арсаи байналмилалӣ пеш мебарад, маҷмӯи арзишҳое мебошад, ки моҳияти моро муайян мекунанд. Ҳамин арзишҳо имрӯз низ дар роҳи расидан ба дидгоҳи ояндаи мо қавитарин роҳнамои мо боқӣ мемонанд.