Огоҳиномаи таъсири номатлуб
Аз кормандони соҳаи тандурустӣ ва истеъмолкунандагон / беморон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар бораи ҳама гуна таъсирҳои номатлуби марбут ба маҳсулоти тиббии ширкати мо ба мо хабар диҳанд:
Таъсирҳои номатлуб:
- Хатогиҳои тиббӣ / хатогиҳои марбут ба маҳсулоти тиббӣ
- Истифодаи маҳсулоти тиббӣ барои нишондодҳои тасдиқнашуда ва омӯхтанашуда, яъне истифода берун аз дастурамал
- Заҳролудшавии шадид ва музмин
- Ҳолатҳои фавт, ки ҳангоми истифодаи маҳсулоти тиббӣ ба амал меоянд
- Истифодаи нодурусти маҳсулоти тиббӣ
- Таъсирҳои номатлуби маҳсулоти тиббӣ ҳангоми ҳамтаъсирӣ бо дигар маҳсулоти тиббӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва ғизо
- Бетаъсирии маҳсулоти тиббӣ
Барои хабар додан дар бораи таъсири номатлуб дар ҳудуди Тоҷикистон, шумо метавонед бо шахси масъули фармаконазорат тамос гиред:
Шахси масъули фармаконазорат: Саадизода Миҷгона
Телефони мобилӣ: +992 988 67 55 05
E-mail: mijsaady@mail.ru
Суроға: Hamadoni M1A street, Dushanbe city, Tajikistan
Маълумоти шахсии шумо, ки дар доираи фармаконазорат ҷамъоварӣ мегардад, тибқи талаботи қонунгузорӣ коркард карда мешавад. Барои маълумоти муфассал шумо метавонед бо матни тавзеҳотии мо шинос шавед: матни тавзеҳотӣ.
Маълумоти шахсие, ки шумо ҳамчун корманди соҳаи тандурустӣ ирсол мекунед, тибқи талаботи қонунгузорӣ коркард карда мешавад. Барои маълумоти муфассал шумо метавонед бо матни тавзеҳотии мо шинос шавед: матни тавзеҳотӣ.