2 мг + 5 мг / мл

Шакл "Суспензия барои тазриқ"
Фаъол модда "Бетаметазон дипропионат / Бетаметазон натрий фосфат"
Шакли пешниҳод 1-то ампула 1 мл
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 мл:

Бетаметазон дипропионат 5,00 мг ва

Бетаметазон натрий фосфат 2,00 мг.

НИШОНДОДҲО 

Бемориҳои ревматикӣ

    • артрити ревматоидӣ, остеоартрит, бурсит, люмбаго, ишиас, кокцидиния, артрити подагравии шадид, каҷгарданӣ, кистаи ганглиозӣ, спондилити анкилозкунанда, радикулит, экзостоз, фасциит. 

Бемориҳои аллергӣ

    • астмаи бронхиалӣ (аз ҷумла дар терапияи комплексии ҳолати астматикӣ), ринити аллергии мавсимӣ ё доимӣ, бронхити шадиди аллергӣ, дерматити контактӣ, дерматити атопикӣ, таби алаф, ангиоэдема, аллергияи доругӣ, бемории зардоб, реаксияҳои аллергӣ ба газидани ҳашарот. 

Бемориҳои пӯст

    • дерматити атопикӣ, экземаи тангакӣ, нейродерматит, дерматити контактӣ, фотодерматит, крапивница, лишаи сурхи ҳамвор, липодистрофияи инсулинӣ, алопецияи очагӣ, лупуси эритематозии дискоидӣ, псориаз, рубцҳои келоидӣ, пемфигуси оддӣ, дерматити герпетикӣ, акнеи кистозӣ. 

Бемориҳои коллагенӣ

    • лупуси эритематозии системӣ (дар давраи шиддат ё ҳамчун терапияи дастгирӣ), полиартрити гиреҳӣ, склеродермия, дерматомиозит. 

Бемориҳои омосӣ

    • терапияи паллиативии лейкоз ва лимфома дар калонсолон, лейкози шадид дар кӯдакон. 

Бемориҳои дигар

    • синдроми адреногениталӣ, колити захмдор, бемории Крон, спру, бемориҳои хун, ки ба кортикостероид вобастаанд, нефрит, синдроми нефротикӣ. 
    • норасоии ибтидоӣ ва дуюмдараҷаи қишри ғадуди болои гурда (бо зарурати ҳамзамон истифода бурдани минералокортикостероидҳо).   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Сертоспан тавсия дода мешавад барои воридкунии дохили мушак ҳангоми зарурати таъсири системавии глюкокортикостероид ба организм ё мустақиман ба бофтаи нарми осебдида; дар шакли тазриқҳои дохилибуғумӣ ва периартикулярӣ ҳангоми артритҳо; дар шакли тазриқҳои дохилипӯстӣ ҳангоми бемориҳои гуногуни пӯст; ва дар шакли тазриқҳои маҳаллӣ ба манбаи осеб ҳангоми баъзе бемориҳои пой.

Реҷаи истфода ва роҳи воридкунӣ ба таври инфиродӣ вобаста ба нишондодҳо, вазнинии беморӣ ва ҷавоби бемор ба табобат муайян карда мешавад. Воя бояд минималӣ ва давомнокии истифода кӯтоҳ бошад.

Воя бояд барои ба даст овардани таъсири клиникии қаноатбахш интихоб карда шавад. Ҳангоми набудани таъсири кофӣ Сертоспан бояд қатъ карда шуда, усули дигари табобат интихоб гардад.

Ҳангоми табобати системавӣ вояи ибтидоӣ одатан 1–2 мл мебошад. Дар ҳолати зарурат такроран ворид карда мешавад. Дору ба таври амиқ ба дохили мушаки минтақаи сурин ворид карда мешавад. Воя ва басомад инфиродӣ интихоб карда мешаванд:

    • дар ҳолатҳои вазнин (лупуси сурх ва ҳолати астматикӣ), вояи ибтидоӣ метавонад 2 мл бошад 
    • дар бемориҳои дерматологӣ одатан 1 мл кофӣ аст 
    • дар бемориҳои роҳҳои нафас таъсир дар давоми чанд соат оғоз мешавад 
    • ҳангоми астмаи бронхиалӣ, табларзаи алаф, бронхити аллергӣ ва ринити аллергӣ беҳбудӣ баъди 1–2 мл ба даст меояд 
    • ҳангоми бурситҳои шадид ва музмин воя 1–2 мл буда, дар ҳолати зарурат такрор карда мешавад 

Ҳангоми воридкунии маҳаллӣ истифодаи ҳамзамони анестетики маҳаллӣ танҳо дар ҳолатҳои алоҳида зарур аст.

Ҳангоми бурсити шадид (субделтоидӣ, зери кордшакл, оринҷӣ ва пешаззонуӣ) воридкунии 1–2 мл ба халтаи синовиалӣ метавонад дардро кам ва ҳаракатро барқарор кунад. Бурсити музмин бо вояҳои камтар баъди бартараф шудани шиддат табобат мешавад.

Ҳангоми тендовагинит, тендинит ва перитендинит як тазриқ метавонад кофӣ бошад, дар ҳолатҳои музмин мумкин аст такрор карда шавад. Аз воридкунӣ ба худи ришта бояд худдорӣ кард.

Воридкунии дохилибуғумӣ дар вояи 0.5–2.0 мл дард, илтиҳоб ва сахтии буғумро дар давоми 2–4 соат кам мекунад. Давомнокии таъсир метавонад то 4 ҳафта ва бештар бошад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Суспензия барои тазриқ, 1 мл дар ампула №1.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Сертоспан дорои фаъолияти баланди глюкокортикостероидӣ ва фаъолияти ночизи минералокортикостероидӣ мебошад. Ҳамчунин дору ба мубодилаи карбогидратҳо ва тавозуни обу электролит таъсир мерасонад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба бетаметазон, дигар ҷузъҳои дору ё дигар глюкокортикостероидҳо 

·  микозҳои системавӣ 

·  Сертоспан ба таври дохилимушакӣ ба беморони гирифтори пурпураи идиопатикӣ ё тромбоцитопеникӣ ворид карда намешавад 

·  кӯдакони то 3-сола 

·давраи ширдиҳӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Ихтилолҳои тавозуни об ва электролитҳо:

    • натриемия 
    • зиёдшавии хориҷшавии калий 
    • алкалози гипокалиемӣ 
    • нигоҳдории моеъ дар бофтаҳо 
    • норасоии дил (конгестивӣ) дар беморони омодабуда 
    • гипертонияи артериявӣ 

Бемориҳои системаи такягоҳу ҳаракат:

    • заъфи мушакҳо 
    • миопатия.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Истифодаи ҳамзамони фенобарбитал, рифампицин, фенитоин ё эфедрин метавонад мубодилаи доруро суръат бахшида, самаранокии табобатии онро коҳиш диҳад. 

·  Ҳангоми истифодаи якҷоя бо эстрогенҳо метавонад ислоҳи воя зарур гардад, зеро хатари зиёдшавии таъсири дору вуҷуд дорад. 

·  Истифодаи ҳамзамон бо диуретикҳо метавонад боиси гипокалиемия гардад. 

·  Истифодаи якҷоя бо гликозидҳои дил хатари аритмия ё заҳролудшавӣ аз дигиталисро аз сабаби гипокалиемия зиёд мекунад. 

·  Кортикостероидҳо метавонанд талафоти калийро, ки аз ҷониби амфотерицин B ба вуҷуд меояд, зиёд намоянд. 

·  Ҳангоми истифодаи ин доруҳо назорати мунтазами сатҳи электролитҳо, махсусан калий, дар зардоби хун зарур аст. 

·  Истифодаи ҳамзамон бо антикоагулянтҳои гурӯҳи кумарин метавонад таъсири онҳоро зиёд ё кам кунад ва ислоҳи вояро талаб намояд. 

·  Истифодаи якҷоя бо доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВС) ё машрубот хатари осеби эрозивӣ ва захмии рӯдаи меъдаву рӯдаро зиёд мекунад. 

·Глюкокортикостероидҳо метавонанд консентратсияи салицилатҳоро дар плазма кам кунанд. Кислотаи ацетилсалицилӣ бояд бо эҳтиёт дар беморони гирифтори гипопротромбинемия истифода шавад. 

·  Дар беморони гирифтори диабети қанд метавонад ислоҳи вояи доруҳои зиддидиабетӣ зарур бошад. 

·  Истифодаи ҳамзамон метавонад ҷабби соматотропинро коҳиш диҳад. 

·  Кортикостероидҳо метавонанд ба натиҷаи санҷиши нитросиний тетразолий ҳангоми сироятҳои бактериявӣ таъсир расонида, натиҷаҳои бардурӯғи манфӣ диҳанд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Сертоспан барои воридкунии дохиливаридӣ ё зерипӯстӣ пешбинӣ нашудааст.

Воридкунии эпидуралии кортикостероидҳо тавсия дода намешавад, зеро ҳолатҳои вазнини асабшиносӣ, аз ҷумла инфаркти ҳароммағз, параплегия, тетраплегия, кӯрии қишрии майна, сактаи мағзи сар ва ҳатто фавт ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳангоми истифодаи дору риояи қатъии қоидаҳои асептика ҳатмист.

Сертоспан шакли зудҳалшавандаи бетаметазонро дар бар мегирад, ки зуд ба гардиши умумии хун мегузарад, бинобар ин эҳтимоли таъсири системавиро бояд ба назар гирифт.

Ҳангоми тағйир ёфтани вазнинии беморӣ, вокуниши инфиродӣ ё ҳолатҳои стресс (сироят, ҷарроҳӣ, осеб) метавонад тағйири воя лозим шавад.

Қатъи ногаҳонии кортикостероидҳо метавонад ба норасоии дуюмдараҷаи ғадуди болои гурда оварда расонад. Воя бояд тадриҷан кам карда шавад.

Норасоии дуюмдараҷаи ғадуди болои гурда метавонад чанд моҳ пас аз қатъи табобат боқӣ монад. Ҳангоми ҳолатҳои стресс табобат бояд аз нав оғоз ё воя зиёд карда шавад.

Пас аз табобати дарозмуддат ё истифодаи вояҳои баланд назорати тиббӣ то як сол тавсия мешавад.

Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои норасоии ғадуди болои гурда табобати мувофиқ зарур аст.

Дар беморони дорои таърихи аллергия бинобар хатари реаксияҳои анафилактоидӣ эҳтиёткорӣ лозим аст.

Ҳангоми табобати дарозмуддат бояд таносуби фоида ва хавф арзёбӣ гардида, гузариш аз шакли тазриқӣ ба шакли даҳонӣ баррасӣ шавад.

Тазриқҳои дохилибуғумӣ бояд танҳо аз ҷониби корманди соҳибихтисоси тиббӣ гузаронида шаванд.

Пеш аз воридкунӣ моеъи буғум бояд барои истиснои сирояти септикӣ санҷида шавад.

Доруро ба буғуми сироятшуда, буғуми ноустувор, бофтаҳои сироятшуда ё байни муҳраҳо ворид кардан мумкин нест.

Тазриқҳои такрории дохилибуғумӣ ҳангоми остеоартрит метавонанд хатари вайроншавии буғумро зиёд кунанд.

Пас аз тазриқи дохилибуғумӣ бояд аз сарбории зиёди буғум худдорӣ кард.

Доруро бевосита ба пай ворид кардан мумкин нест, зеро хавфи кандашавии пай вуҷуд дорад.

Тазриқи дохилимушакӣ бояд ба қисми амиқи мушак гузаронида шавад, то атрофияи бофтаҳои нарм пешгирӣ гардад.

Новобаста аз роҳи воридкунӣ (ба бофтаҳои нарм, манбаи осеб, буғум ва ғайра), дору метавонад ҳам таъсири маҳаллӣ ва ҳам таъсири системавӣ дошта бошад.