"Маҷмӯи 19 аминокислотаҳо ва электролитхо"

Шакл "Маҳлул барои инфузияи д/в"
Фаъол модда "Маҷмӯи 19 аминокислотаҳо ва электролитхо"
Шакли пешниҳод Флакон 500 мл
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1000 мл маҳлули инфузионӣ мавҷуд аст:

МоддаМиқдор

 

L-аргинин9,660 г
N-ацетил-L-систеин (муодили 0,5 г систеин)0,673 г
N-ацетил-L-тирозин (муодили 1,62 г тирозин)2,000 г
Глицин7,550 г
L-аланин15,500 г
L-кислотаи аспарагинӣ1,910 г
L-кислотаи глутаминӣ5,000 г
L-гистидин3,300 г
L-изолейцин5,850 г
L-лейцин6,240 г
L-лизини ацетат (муодили 7,1 г лизин)10,020 г
L-метионин4,680 г
L-орнитини моногидрохлорид (муодили 1,9 г орнитин)2,420 г
L-фенилаланин5,400 г
L-пролин7,500 г
L-серин4,300 г
L-треонин5,000 г
L-триптофан2,000 г
L-валин5,000 г
Калсий хлориди дигидрат0,735 г
Магний хлориди гексагидрат1,017 г
Кислотаи себ3,000 г
Калий хлорид3,355 г
Натрий ацетати тригидрат3,456 г
Натрий хлорид0,625 г
Натрий гидроксид1,324 г

Миқдори аминокислотаҳо: 100 г

Миқдори нитроген: 15,6 г

Консентратсияи электролитҳо:

    • Натрий — 69,0 ммоль/л 
    • Калий — 45,0 ммоль/л 
    • Калсий — 5,0 ммоль/л 
    • Магний — 5,0 ммоль/л 
    • Хлоридҳо — 90,0 ммоль/л 
    • Ацетатҳо — 74,0 ммоль/л 
    • Малатҳо — 22,4 ммоль/л 

Осмолярии назариявӣ: 1145 мОсм/л

Арзиши энергетикӣ: 1700 кҶ/л ≙ 400 ккал/л

рН: 5,9–6,3.

НИШОНДОДҲО 

Дору барои ғизодиҳии парентералӣ бо мақсади таъмин намудани организм бо аминокислотаҳо истифода мешавад, ки онҳо ҳамчун маводи асосӣ барои синтези сафедаҳо хизмат мекунанд, дар ҳолатҳое, ки гузаронидани ғизодиҳии даҳонӣ ё энтералӣ имконнопазир аст, инчунин дар ҳолатҳое, ки ғизодиҳии даҳонӣ ё энтералӣ нокифоя мебошад ё манъ карда шудааст.

Дору барои истифода дар калонсолон ва кӯдакони аз 2-сола боло пешбинӣ шудааст.

Ҳангоми гузаронидани ғизодиҳии парентералӣ маҳлулҳои аминокислотаҳо бояд танҳо дар якҷоягӣ бо маҳлулҳои инфузионӣ, ки манбаи энергия (карбогидратҳо) мебошанд, бо таносуби мувофиқ истифода шаванд.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Режими таъинкунии вояи дору бо дарназардошти эҳтиёҷи организм ба аминокислотаҳо, электролитҳо ва моеъҳо, вобаста ба ҳолати клиникии бемор (ҳолати ғизоӣ ва сатҳи катаболизм, ки аз беморӣ вобаста аст) интихоб карда мешавад.

Барои беморони дорои норасоии фаъолияти ҷигар, гурдаҳо, ғадудҳои болои гурда, дил ё шушҳо режими инфиродии таъинкунии воя бояд интихоб карда шавад.

Дар оғози табобат суръати инфузия бояд аз арзишҳои мақсаднок пасттар муқаррар карда шуда, дар давоми як соати аввал тадриҷан то расидан ба суръати мақсаднок зиёд карда шавад.

Арзишҳои тахминӣ барои калонсолон ва кӯдакони аз 13-сола боло

Дар доираи консепсияи ғизодиҳии парентералӣ дар калонсолон ҳаҷми умумии истеъмоли моеъ набояд аз 40 мл/кг вазни бадан дар як шабонарӯз зиёд бошад.

Вояи шабонарӯзӣ:

    • 10–20 мл/кг вазни бадан 
    • 1,0–2,0 г аминокислотаҳо/кг вазни бадан 
    • 700–1400 мл ҳангоми вазни бадан 70 кг 

Вояи максималии шабонарӯзӣ:

    • 20 мл/кг вазни бадан 
    • 2,0 г аминокислотаҳо/кг вазни бадан 
    • 140 г аминокислотаҳо ҳангоми вазни бадан 70 кг 
    • 1400 мл ҳангоми вазни бадан 70 кг 

Суръати максималии инфузия:

    • 1 мл/кг вазни бадан дар як соат 
    • 0,1 г аминокислотаҳо/кг вазни бадан дар як соат 
    • 70 мл/соат ҳангоми вазни бадан 70 кг 
    • 7 г аминокислотаҳо/соат ҳангоми вазни бадан 70 кг.

шАКЛИ БАРОРИШ

Маҳлули инфузионӣ бо ҳаҷми 500 мл дар шишаи шишагӣ №1.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Маҳлулҳои тозаи аминокислотаҳо ҳамчун қисми табобати парентералӣ дар якҷоягӣ бо манбаъҳои энергия, электролитҳо ва маҳлулҳои обӣ барои нигоҳдорӣ ё беҳтар намудани ҳолати ғизоии организм ва дар ҳолати зарурӣ барои кам кардани талафоти моддаҳои ғизоӣ истифода мешаванд.

Ҳангоми ҳолатҳои патологӣ, дар сурати ворид нашудани аминокислотаҳо ба организм, тағйироти назаррас ва хоси таркиби аминокислотавии плазмаи хун ба вуҷуд меоянд. Дар ин ҳолат ҳам консентратсияи мутлақи баъзе аминокислотаҳо дар хун ва ҳам таносуби фоизии онҳо тағйир меёбад.

Пеш аз барқарор намудани тавозуни электролитӣ дар ҳолатҳое, ки моддаҳои ғизоӣ ва маҳлулҳо танҳо ба таври парентералӣ ворид карда мешаванд, гузаронидани таҳқиқоти дахлдори лабораторӣ ҳамеша зарур аст. Аз ин рӯ, истифодаи электролитҳо дар маҳлулҳои аминокислотавӣ ё маҳлулҳои инфузионӣ, ки манбаи энергия мебошанд, бояд танҳо дар доираи консепсияи умумии табобат баррасӣ карда шавад.

ФАРМАКОКИНЕТИКА

Дору ба таври дохиливаридӣ ворид карда мешавад, бинобар ин дастрасии биологии он 100%-ро ташкил медиҳад.

Аминокислотаҳо пурра барои синтези сафедаҳо истифода мешаванд. Аминокислотаҳо, ки дар равандҳои синтези сафедаҳо ва дигар молекулаҳои биологӣ истифода намешаванд, ба монанди кислотаҳои равғанӣ ва глюкоза, дар миқдори зиёдатӣ дар организм ҷамъ намешаванд. Тақрибан 5%-и аминокислотаҳо дар шакли бетағйир аз организм хориҷ мешаванд.

Биотрансформатсияи аминокислотаҳо тавассути дезаминизатсияи гурӯҳи аминӣ бо ташаккули минбаъдаи мочевина сурат мегирад, ки он дар навбати худ тавассути гурдаҳо аз организм хориҷ карда мешавад. Скелети карбонии аминокислота ба сикли Кребс ворид шуда, дар он ҷо ба ацетил-КоА, ацетоацетил-КоА, пируват ё пайвастагиҳои мобайнӣ табдил меёбад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

    • Ҳассосияти баланд нисбат ба моддаи фаъол ё ягон моддаи ёрирасони таркиби дору; 
    • Ихтилоли модарзодии мубодилаи аминокислотаҳо; 
    • Ҳолатҳое, ки бо ноустувории гемодинамикӣ ва таҳдид ба ҳаёти бемор ҳамроҳӣ мекунанд (шок); 
    • Норасоии шадиди фаъолияти ҷигар; 
    • Норасоии шадиди фаъолияти гурдаҳо; 
    • Баландшавии патологӣ дар плазмаи хун яке аз электролитҳои ба таркиби дору дохилшаванда; 
    • Таъмини нокифояи ҳуҷайраҳои организм бо оксиген; 
    • Ихтилоли мубодилавӣ, ки бо пастшавии сатҳи pH-и хун алоқаманд аст (ацидози метаболикӣ); 
    • Кӯдакони то 2-сола. 

Гайринишондодҳои умумӣ барои гузаронидани табобати инфузионӣ:

    • Норасоии музмини фаъолияти дил; 
    • Варами шадиди шуш; 
    • Гипергидрататсия (зиёдшавии миқдори моеъ дар организм).

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аз ҷониби узвҳои ҳозима:

 гоҳ-гоҳ — дилбеҳузурӣ, қайкунӣ.

Ихтилолоти умумӣ ва ҳолатҳои вобаста ба ҷойи воридкунӣ:

 гоҳ-гоҳ — дарди сар, ларза (табларза), баландшавии ҳарорати бадан.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Таҳқиқот оид ба таъсири мутақобилаи дору бо дигар доруҳо гузаронида нашудааст.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Дору бояд бо эҳтиёткории махсус ва танҳо баъд аз баҳодиҳии дақиқи таносуби фоида ва хавф дар ҳолатҳои зерин истифода шавад:

    • ихтилолҳои бадастомадаи мубодилаи аминокислотаҳо; 
    • гипонатриемия; 
    • гиперкалиемия; 
    • баланд шудани осмолярии зардоби хун. 

Ҳангоми гузаронидани табобати парентералӣ назорати тавозуни обӣ ва электролитӣ, осмолярии зардоби хун, ҳолати кислотаю ишқорӣ, сатҳи глюкоза дар хун ва нишондиҳандаҳои фаъолияти ҷигар зарур аст.

Ҳангоми истифодаи дарозмуддат (якчанд ҳафта) назорати бодиққати нишондиҳандаҳои таҳлили хун ва омилҳои лахташавии хун лозим мебошад.

Кӯдакон ва наврасон

Дору набояд дар кӯдакони синни то 2-сола истифода шавад, зеро таносуби моддаҳои ғизоӣ ва аминокислотаҳо ба талаботи ин гурӯҳи синнӣ мувофиқ нест.

Ҳангоми истифодаи дору дар кӯдакони аз 2-сола боло бояд флаконҳое истифода шаванд, ки ҳаҷмашон ба вояи шабонарӯзии дору мувофиқ бошад.