МЕТАКАРТИН
Бозгашт ба маҳсулот1,0 г/ 5 мл
| Шакл | Маҳлул барои тазриқ |
|---|---|
| Фаъол модда | Левокарнитин |
| Шакли пешниҳод | 5-то ампула 5 мл |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ампула (5 мл):
Левокарнитин — 1,0 г.
НИШОНДОДҲО
· норасоии аввалиндараҷа ва дуюмдараҷаи карнитин;
· норасоии карнитин дар беморони гирифтори марҳилаи ниҳоии норасоии гурда, ки гемодиализ мегиранд;
· вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар миокард ҳангоми бемории ишемикии дил (инфаркти шадиди миокард, ҳолатҳои баъдиинфарктӣ, гипоперфузия ҳангоми шоки кардиогенӣ);
· пешгирии кардиотоксикӣ ҳангоми истифодаи доруҳои ситостатикӣ;
· бемориҳо ва ҳолатҳое, ки бо камшавии иштиҳо, аз даст додани вазн ва лоғаршавӣ ҳамроҳӣ мекунанд;
· гастрити музмин бо фаъолияти пасти секреторӣ;
· панкреатити музмин бо норасоии фаъолияти берунаи секретории ғадуди зери меъда;
· давраи барқароршавӣ баъд аз бемориҳои вазнин ва ҷарроҳиҳо;
· норасидатаваллудӣ, осеби таваллуд ва синдроми дистресси нафаскашии навзодон;
· синдроми монанд ба синдроми Рейе ҳангоми истифодаи кислотаи валпроат дар кӯдакон;
· ақибмонии рушд ва камбуди вазни бадан дар кӯдакон ва наврасони то 16-сола;
· шаклҳои сабуки тиреотоксикоз дар кӯдакон ва наврасони то 16-сола;
· дар таркиби табобати маҷмӯии бемориҳои пӯст (псориаз, экземаи себореявӣ, склеродермияи маҳдуд, волчанкаи дискоидӣ);
· вайроншавии шадид ва музмини гардиши хуни майна;
·машқҳои дарозмуддати варзишӣ ва сарбориҳои баланди ҷисмонӣ (ҳамчун воситаи анаболикӣ ва адаптогенӣ).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Вобаста ба вазнинии беморӣ Метакартин ба таври дохиливаридӣ ё дохилимушакӣ истифода шуда, баъдан ба шакли даҳонӣ гузаронида мешавад.
Пеш аз инфузияи дохиливаридӣ дору дар маҳлули 0,9% натрий хлорид ё маҳлули Рингер-лактат ҳал карда мешавад. Воридкунии дохиливаридӣ бояд дар давоми 2–3 дақиқа оҳиста анҷом дода шавад. Барои дохилимушакӣ дору бе ҳалкунӣ истифода мешавад.
- Калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло: 2–6 г дар як шабонарӯз.
- Кӯдакони то 12-сола ва навзодон: 50–100 мг/кг дар як шабонарӯз, вале на бештар аз 3 г.
- Барои шахси 50 кг: 1 г 2–3 маротиба дар як рӯз.
- Вояи ибтидоӣ: 1 г барои калонсолон ва 50 мг/кг барои кӯдакон.
Ҳангоми норасоии аввалияи карнитин воя метавонад то 100 мг/кг дар як шабонарӯз расад.
Ҳангоми норасоии дуюмдараҷаи карнитин: 50 мг/кг дар як шабонарӯз.
Барои беморони гемодиализшаванда: 10–20 мг/кг баъд аз сеанси гемодиализ, на камтар аз 3 моҳ.
Ҳангоми инфаркти шадиди миокард: 100–200 мг/кг дар як шабонарӯз дар 48 соати аввал.
Ҳангоми кардиомиопатия ва давраи баъдиинфарктӣ: 0,5–1 г 1–2 маротиба дар як рӯз.
Ҳангоми вайроншавии шадиди гардиши хуни майна:
- 3 рӯзи аввал — 10–14 мг/кг;
- баъдан — 7 мг/кг;
- давомнокии табобат 7–10 рӯз.
Ҳангоми вайроншавии музмини гардиши хуни майна: 0,5–1 г дар як шабонарӯз барои 3–5 рӯз.
Ҳангоми анорексияи асабӣ ва давраи барқароршавӣ: 2 г 2 маротиба дар як рӯз барои 1–2 моҳ.
Ҳангоми машқҳои вазнини ҷисмонӣ: 1–2 г 2–3 маротиба дар як рӯз.
Барои беҳтар намудани иштиҳо ва зиёд намудани вазн: 500 мг 2 маротиба дар як рӯз барои 1–1,5 моҳ.
Ҳангоми бемориҳои пӯст: 1 г 2 маротиба дар як рӯз барои 2–4 ҳафта.
Ҳангоми ақибмонии рушд ва гипертиреоз: 250 мг 2–3 маротиба дар як рӯз барои 20 рӯз.
Давомнокии табобат метавонад аз 1 то 12 моҳ бошад. Дар баъзе ҳолатҳо табобати якумрӣ лозим мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Маҳлул барои тазриқ дар ампула 5 мл. №5
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Метакартин доруест барои ислоҳи равандҳои мубодилаи моддаҳо.
Левокарнитин моддаи табиӣ буда, ба витаминҳои гурӯҳи B монанд аст. Он дар интиқоли кислотаҳои равғанӣ ба митохондрияҳо иштирок мекунад, ки дар он ҷо онҳо оксид шуда, энергия (АТФ) ҳосил мекунанд.
Левокарнитин:
- мубодилаи сафедаҳо ва равғанҳоро ба эътидол меорад;
- захираи ишқории хунро барқарор мекунад;
- ҳосилшавии кетокислотаҳо ва гликолизи анаэробиро коҳиш медиҳад;
- дараҷаи лактацидозро паст мекунад;
- фаъолияти ҷисмонӣ ва таҳаммулпазирии сарбориро беҳтар мекунад;
- захираи гликогенро дар ҷигар зиёд менамояд.
Фармакокинетика
Левокарнитин бо сафедаҳои плазмаи хун пайваст намешавад ва ба ҳамаи бофтаҳои организм ворид мешавад. Консентратсияи баландтарин дар мушакҳои скелетӣ ва миокард мушоҳида мешавад.
Нимумри дору 17,4 соат мебошад.
Тақрибан 76% дору дар давоми 24 соат тавассути гурдаҳо хориҷ мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои таркибии дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ (муваққатӣ).
· Камтар мушоҳида мешаванд: бӯи махсуси бадан, гастрит.
· Дар бемороне, ки қаблан синдроми ташаннуҷӣ доштанд, мумкин аст ташаннуҷҳо пайдо шаванд ё басомади онҳо зиёд гардад.
· Ҳангоми воридкунии босуръати дохиливаридӣ (80 қатра дар як дақиқа ва бештар) дарди рагҳо ба вуҷуд омада метавонад, ки бо кам кардани суръати воридкунӣ аз байн меравад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Ҳангоми истифодаи ҳамзамон кислотаи липоӣ ва доруҳои анаболикӣ таъсири левокарнитинро зиёд мекунанд.
·Глюкокортикостероидҳо ба ҷамъшавии левокарнитин дар бофтаҳои организм (ғайр аз ҷигар) мусоидат менамоянд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Таъйини Метакартин ба беморони гирифтори диабети қанд метавонад боиси гипогликемия гардад, зеро ҷабби глюкоза беҳтар мешавад. Дар давраи табобат сатҳи глюкозаи хун бояд мунтазам назорат карда шавад ва дар ҳолати зарурӣ вояи доруҳои пасткунандаи қанд ва инсулин ислоҳ карда шавад.
Ҳомиладорӣ
Метакартин ҳангоми ҳомиладорӣ танҳо дар ҳолате истифода мешавад, ки манфиати интизоршаванда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин бештар бошад.
Давраи ширмаконӣ
Ҳангоми қабули қарор дар бораи қатъ намудани ширмаконӣ ё бекор кардани табобат бо левокарнитин, манфиати табобат барои модар ва хатари эҳтимолӣ барои кӯдак бояд ба назар гирифта шавад.
Таъсир ба қобилияти ронандагӣ ва идоракунии механизмҳо
Метакартин ба қобилияти идора кардани нақлиёт ва механизмҳо таъсир намерасонад.