МЕДАОКС
Бозгашт ба маҳсулот100 мг
| Шакл | Ҳабҳои ӽалшаванда |
|---|---|
| Фаъол модда | Доксициклин |
| Шакли пешниҳод | 10-то ҳабҳои ӽалшаванда |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ҳаби халшаванда:
доксициклин (дар шакли доксициклин моногидрат) — 100 мг.
НИШОНДОДҲО
Доксициклин барои табобати бемориҳои сироятӣ дар калонсолон ва кӯдакон истифода мешавад:
Сироятҳои роҳҳои нафас
- пневмонияҳои сабуки берун аз беморхона пайдошуда, аз ҷумла сироятҳое, ки аз микроорганизмҳои ғайримуқаррарӣ ба вуҷуд омадаанд:
- Chlamydophila (Chlamydia) pneumoniae;
- Mycoplasma pneumoniae;
- Chlamydophila (Chlamydia) psittaci;
- авҷгирии бронхити музмин.
Сироятҳои урогениталӣ (бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда)
- сироятҳое, ки аз ҷониби Chlamydia trachomatis ба вуҷуд омадаанд, аз ҷумла сироятҳои беосеби пешоббарор, гарданаки бачадон ва рӯдаи рост;
- уретрити ғайрисӯзокӣ, ки аз ҷониби Ureaplasma urealyticum ба вуҷуд омадааст;
- шанкри мулоим;
- гранулемаи ҳалқавӣ;
- ҳамчун доруи алтернативӣ барои табобати сӯзок ва сифилис.
Сироятҳои пӯст
- акне (ҳангоми зарурати табобати зиддибактериявӣ).
Сироятҳои рӯдаи меъда
- сироятҳое, ки аз ҷониби Entamoeba spp. ба вуҷуд омадаанд (ҳамчун табобати иловагӣ);
- вабо (Vibrio cholerae).
Дигар сироятҳо
- бемории Лайм;
- бемориҳои сироятии чашм (трахома, конъюнктивит), ки аз ҷониби Chlamydia trachomatis ба вуҷуд омадаанд;
- табларзаи денге, ки аз ҷониби Coxiella burnetii ба вуҷуд меояд;
- риккетсиоз;
- домана (Borrelia recurrentis);
- тоун (Yersinia pestis);
- туляремия (Francisella tularensis);
- бруцеллёз (Brucella spp.);
- сӯхтанӣ (Bacillus anthracis);
- орнитоз (Chlamydia psittaci);
- лептоспироз;
- пастереллёз;
- вараҷа, ки аз ҷониби Plasmodium falciparum, устувор ба хлорохин ба вуҷуд омадааст;
- пешгирии вараҷа.
Муҳим: тетрациклинҳоро барои сироятҳое, ки аз ҷониби Salmonella spp. ба вуҷуд омадаанд, истифода бурдан лозим нест.
Ҳангоми таъини дору бояд тавсияҳои расмӣ оид ба истифодаи дурусти антибиотикҳо ба назар гирифта шаванд.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Воя ва басомади қабули доксициклин аз аксари дигар доруҳои гурӯҳи тетрациклинҳо фарқ мекунад. Зиёд намудани вояи тавсияшуда метавонад басомади таъсирҳои номатлубро зиёд кунад.
Калонсолон ва наврасони аз 12 то 18 сола
Вояи оддии доксициклин барои табобати сироятҳои шадид:
- рӯзи якуми табобат — 200 мг дар 1–2 қабул;
- рӯзҳои минбаъда — 100 мг як маротиба дар як рӯз.
Ҳангоми сироятҳои вазнин:
- 200 мг дар як рӯз дар тамоми давраи табобат.
Кӯдакони аз 8 то 12 сола
Истифодаи доксициклин дар кӯдакони 8–12 сола бояд бо эҳтиёткории зиёд арзёбӣ карда шавад. Дору танҳо дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки дигар доруҳо дастрас набошанд, таъсир накунанд ё манъ шуда бошанд.
Кӯдакони вазнашон 45 кг ё камтар:
- рӯзи якум: 4 мг/кг дар 1–2 қабул;
- рӯзҳои минбаъда: 2 мг/кг дар як рӯз дар 1–2 қабул;
- ҳангоми сирояти вазнин: 4 мг/кг дар як рӯз дар тамоми курс.
Кӯдакони вазнашон зиёда аз 45 кг:
- вояи оддии калонсолон таъин карда мешавад.
Агар вояи камтар аз 100 мг лозим бошад, бояд дигар шакли доруи дорои доксициклин истифода шавад.
Кӯдакон аз таваллуд то 8 сола
Доксициклин барои кӯдакони то 8-сола тавсия дода намешавад, зеро хатари тағйирёбии ранги дандонҳо вуҷуд дорад.
Давомнокии табобат
- Давомнокии оддии табобат 5–10 рӯз мебошад.
- Доруро на камтар аз 24–48 соат баъд аз нест шудани нишонаҳои табларза қабул кардан лозим аст.
- Ҳангоми сироятҳои аз ҷониби стрептококки β-гемолитикӣ ба вуҷудомада, табобат бояд на камтар аз 10 рӯз идома дода шавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабӽо ӽалшаванда №10
ГУРӮҲИ ФАРМАКОТЕРАПЕВТӢ
Воситаҳои зиддибактериявӣ барои истифодаи системавӣ. Тетрасиклинҳо.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Механизми таъсир
Доксициклин таъсири зиддибактериявии худро тавассути боздоштани синтези сафеда дар ҳуҷайраи бактерияҳо амалӣ мекунад.
Он ба зервоҳиди 30S-и рибосомаи бактериявӣ пайваст шуда, раванди ташаккули сафедаҳои барои ҳаёт ва афзоиши микроорганизмҳо заруриро халалдор мекунад.
Доксициклин дорои таъсири бактериостатикӣ мебошад, яъне афзоиш ва зиёдшавии бактерияҳоро бозмедорад.
Дору нисбат ба доираи васеи:
- микроорганизмҳои грамм-мусбат;
- микроорганизмҳои грамм-манфӣ;
- микроорганизмҳои дохилиҳуҷайравӣ фаъол мебошад.
Механизми муқовимат
Муқовимати бактерияҳо ба доксициклин одатан бо омилҳои зерин алоқаманд аст:
- интиқоли генҳои муқовимат тавассути плазмидаҳо ва транспозонҳо;
- хориҷкунии фаъоли дору аз ҳуҷайраи бактерия (механизми эффлюкс).
Сатҳи муқовимати табиии микроорганизмҳо вобаста ба минтақа метавонад фарқ кунад.
Баъзе штаммҳои микроорганизмҳои зерин метавонанд ба тетрациклинҳо тобовар бошанд:
- Streptococcus pyogenes;
- Streptococcus pneumoniae;
- Enterococcus faecalis.
Аз ин рӯ, тетрациклинҳо барои табобати сироятҳои стрептококкӣ бе тасдиқи ҳассосияти барангезанда набояд истифода шаванд.
Барои сироятҳои роҳҳои болоии нафас, ки аз ҷониби стрептококкҳои β-гемолитикии гурӯҳи А ба вуҷуд меоянд, истифодаи дигар антибиотикҳо тавсия дода мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба доксициклин ё ягон моддаи ёрирасони таркиби дору;
· ҳассосияти баланд ба дигар доруҳои гурӯҳи тетрациклинҳо;
· семоҳаи дуюм ва сеюми ҳомиладорӣ;
·кӯдакони то 8-сола (бинобар хатари тағйирёбии ранги дандонҳо).
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ
Зуд-зуд:
- вагинит;
- кандидоз.
Ихтилоли хун ва системаи лимфа
Нодир:
- камхунии гемолитикӣ;
- тромбоцитопения;
- нейтропения;
- эозинофилия.
Басомад номаълум:
- дарозшавии вақти протромбин.
Ихтилоли системаи масуният
Нодир:
- реаксияи доругӣ бо эозинофилия ва нишонаҳои системавӣ (синдроми DRESS).
Хеле нодир:
- реаксияҳои ҳассосияти баланд, аз ҷумла:
- шоки анафилактикӣ;
- анафилаксия;
- реаксияҳои анафилактоидӣ;
- пурпураи анафилактоидӣ;
- пастшавии фишори хун;
- перикардит;
- варами ангионевротикӣ;
- авҷгирии эритематози системавии сурх;
- нафастангӣ;
- бемории зардобӣ;
- варамҳои канорӣ;
- тахикардия;
- крапивница.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҷабби доксициклин метавонад ҳангоми пайдо шудани комплексҳои ғайрифаъоли хелатӣ бо ионҳои металлӣ, ки дар таркиби доруҳои зерин мавҷуданд, кам шавад:
- антацидҳо (бо алюминий, калсий, магний);
- доруҳои оҳан;
- доруҳои висмут.
- Истифодаи ҳамзамон тавсия дода намешавад. Ин доруҳо бояд 2–3 соат баъд аз қабули доксициклин қабул карда шаванд.
Ангишти фаъолшуда ва доруҳои ивазкунандаи ионҳо (масалан, холестирамин) ҷабби доксициклинро кам мекунанд. Онҳо бояд бо фосилаи 2–3 соат қабул карда шаванд.
Квинаприл метавонад аз сабаби мавҷудияти магний дар таркибаш ҷабби доксициклинро паст кунад.
Доруҳое, ки pH-и меъдаро зиёд мекунанд, метавонанд ҷабби тетрациклинҳоро кам намоянд.
Антикоагулянтҳо:
- доксициклин метавонад вақти протромбинро дароз карда, таъсири антикоагулянтҳоро зиёд кунад;
- кам кардани воя ва назорати лахташавии хун метавонад талаб карда шавад.
Антибиотикҳои бета-лактамӣ:
- доксициклин метавонад таъсири бактерицидии пенициллинҳо ва дигар антибиотикҳои бета-лактамиро суст кунад;
- истифодаи якҷоя тавсия дода намешавад.
Индукторҳои ферментҳои ҷигар:
- рифампицин;
- барбитуратҳо;
- карбамазепин;
- фенитоин;
- примидон;
- истеъмоли музмини машрубот
- метаболизми доксициклинро зиёд намуда, самаранокии онро паст мекунанд.
Истифодаи якҷояи тетрациклинҳо бо метоксифлуран метавонад боиси осеби вазнини гурдаҳо гардад.
Циклоспорин:
- доксициклин метавонад сатҳи онро дар хун зиёд кунад;
- назорати тиббӣ зарур аст.
Ҳосилаҳои сулфонилмочевина:
- доксициклин таъсири пасткунандаи қандро зиёд карда метавонад;
- назорати глюкозаи хун ва ислоҳи воя лозим мешавад.
Ретиноидҳо (ацитретин, изотретиноин):
- хавфи баландшавии фишори дохили косахонаи сарро зиёд мекунанд;
- истифодаи якҷоя тавсия дода намешавад.
Тетрациклинҳо метавонанд ба натиҷаҳои таҳлили глюкоза дар пешоб таъсир расонанд..
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
- Доксициклин дар семоҳаи дуюм ва сеюми ҳомиладорӣ манъ аст.
- Ҳамчун чораи эҳтиётӣ тавсия дода мешавад, ки истифодаи доксициклин дар семоҳаи якуми ҳомиладорӣ пешгирӣ карда шавад.
То имрӯз таҳқиқотҳо дар шумораи зиёди занони ҳомила дар семоҳаи якум нишон надодаанд, ки доксициклин хатари нуқсонҳои модарзодиро зиёд мекунад.
Аммо истифодаи тетрациклинҳо дар семоҳаи дуюм ва сеюм метавонад боиси:
- тағйирёбии бебозгашти ранги дандонҳои кӯдак;
- сустшавии афзоиши устухонҳо гардад.
Таҳқиқоти ҳайвонот заҳролудшавии репродуктивиро нишон доданд, аммо таъсири тератогенӣ тасдиқ нашудааст.
Тетрациклинҳо метавонанд аз монеаи плацентарӣ гузашта, ба ҷанин таъсир расонанд.
Давраи ширмаконӣ
Истифодаи доксициклин дар давраи ширмаконӣ бояд пешгирӣ карда шавад.
Тетрациклинҳо ба шири модар мегузаранд. Аз ҷиҳати назариявӣ, дар кӯдакони ширхора метавонанд пайдо шаванд:
- тағйирёбии ранги дандонҳо;
- таъхири афзоиши устухонҳо.
Қарор дар бораи қатъ кардани ширмаконӣ ё қатъ кардани табобат бо доксициклин бояд бо назардошти:
- фоидаи ширмаконӣ барои кӯдак;
- зарурати табобат барои модар
қабул карда шавад.