ЛЕВОКСИМЕД ҲАБ
Бозгашт ба маҳсулот500 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Левофлоксацин |
| Шакли пешниҳод | 7-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ҳаб:
Моддаи фаъол:
- левофлоксацин — 500 мг.
НИШОНДОДҲО
Бемориҳои сироятӣ ва илтиҳобӣ, ки аз тарафи микроорганизмҳои ҳассос ба дору ба вуҷуд омадаанд:
- сироятҳои узвҳои ЛОР: синусити шадид;
- сироятҳои роҳҳои поёнии нафас: шиддатёбии бронхити музмин, пневмонияи берун аз беморхона;
- сироятҳои мураккаби гурда ва роҳҳои пешоб, аз ҷумла пиелонефрит;
- сироятҳои беосеб (содда) дар роҳҳои пешоб;
- простатити музмин;
- сироятҳои пӯст ва бофтаҳои нарм;
- септисемия/бактериемия, ки бо нишондодҳои боло вобастаанд.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Левоксимед дар 1 маротиба дар як рӯз, новобаста аз хӯрок, бидуни хоидан, бо миқдори кофии моеъ қабул карда мешавад.
Синуситҳои шадид: 500 мг як маротиба дар як рӯз, барои курси 10-14 рӯз.
Хуруҷи бронхитҳои музмин: 500 мг як маротиба дар як рӯз, барои курси 7 рӯз.
Илтихоби шуши дохили статсионари : 500 мг як маротиба дар як рӯз, барои курси 7-14 рӯз.
Сироятҳои мураккаби роҳҳои пешоб ва пиелонефрити шадид: 500 мг як маротиба дар як рӯз, барои курси 7-10 рӯз.
Сироятҳои сабуки роҳҳои пешоб: 250 мг як маротиба дар як рӯз барои 3 рӯз.
Простатити музмин: 500 мг як маротиба дар як рӯз барои 28 рӯз.
Сироятхои пуст ва бофтахои мулоим: 500 мг як маротиба дар як рӯз, барои курси 7 рӯз. Барои беморони норасоии гурда ислоҳи вояи вобаста ба клиренси креатинин талаб карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳаб №7
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Левоксимед доруи зиддимикробии доираи васеъ аз гурӯҳи фторхинолонҳо мебошад. Моддаи фаъол — левофлоксацин — изомери L-офлоксацин аст. Левофлоксацин ферментҳои ДНК-гираза (топоизомераза II) ва топоизомераза IV-ро бозмедорад, синтези ДНК-ро халалдор мекунад ва ба сохтори ҳуҷайраи бактерияҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад.
- Микроорганизмҳои аэробии грамм-мусбат: Corynebacterium diphtheriae, Enterococcus spp. (аз ҷумла Enterococcus faecalis), Listeria monocytogenes, Staphylococcus spp., Staphylococcus aureus, Staphylococcus epidermidis, Streptococcus spp. гурӯҳҳои С ва G (аз ҷумла Streptococcus agalactiae, Streptococcus pneumoniae, Streptococcus pyogenes, Streptococcus viridans);
- Микроорганизмҳои аэробии грамм-манфӣ: Acinetobacter baumannii, Acinetobacter spp., Citrobacter freundii, Eikenella corrodens, Enterobacter aerogenes, Enterobacter agglomerans, Enterobacter spp. (аз ҷумла Enterobacter cloacae), Escherichia coli, Gardnerella vaginalis, Haemophilus ducreyi, Haemophilus influenzae, Haemophilus parainfluenzae, Helicobacter pylori, Klebsiella spp. (аз ҷумла Klebsiella oxytoca, Klebsiella pneumoniae), Moraxella catarrhalis, Morganella morganii, Neisseria gonorrhoeae, Neisseria meningitidis, Pasteurella spp. (аз ҷумла Pasteurella canis, Pasteurella dagmatis, Pasteurella multocida), Proteus mirabilis, Proteus vulgaris, Providencia spp. (аз ҷумла Providencia rettgeri, Providencia stuartii), Pseudomonas spp. (аз ҷумла Pseudomonas aeruginosa), Salmonella spp., Serratia spp. (Serratia marcescens);
- Микроорганизмҳои анаэробӣ: Bacteroides fragilis, Bifidobacterium spp., Clostridium perfringens, Fusobacterium spp., Peptostreptococcus spp., Propionibacterium spp., Veillonella spp.;
- Микроорганизмҳои дигар: Bartonella spp., Chlamydia pneumoniae, Chlamydia psittaci, Chlamydia trachomatis, Legionella pneumophila, Legionella spp., Mycobacterium spp. (аз ҷумла Mycobacterium leprae, Mycobacterium tuberculosis), Mycoplasma hominis, Mycoplasma pneumoniae, Rickettsia spp., Ureaplasma urealyticum.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору ё ба дигар хинолонҳо;
- эпилепсия;
- осебҳои пайҳо, ки бо истифодаи хинолонҳо дар таърих вобастаанд;
- ҳомиладорӣ ва давраи ширмаконӣ;
- кӯдакон ва наврасони то 18-сола.
Бо эҳтиёт
Доруро бояд бо эҳтиёт дар беморони калонсол истифода бурд, зеро эҳтимоли баланди коҳиши кори гурдаҳо вуҷуд дорад, инчунин дар беморони дорои норасоии глюкозо-6-фосфатдегидрогеназа.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аз ҷониби системаи ҳозима:
бисёр вақт — дилбеҳузурӣ, дарунравӣ; кам-кам — камшавии иштиҳо, қайкунӣ, дарди шикам, ихтилоли ҳозима; нодир — дарунравӣ бо хун.
Аз ҷониби мубодилаи моддаҳо:
хеле нодир — гипогликемия; дар ҳолатҳои ҷудогона — шиддатёбии порфирияи мавҷуда.
Аз ҷониби системаи марказӣ ва периферии асаб:
кам-кам — дарди сар, сарчархзанӣ, карахтӣ, хоболудӣ; нодир — парестезия дар дастҳо, ларзиш, изтироб, ҳисси тарс, рагкашӣ ва ошуфтагии шуур; хеле нодир — ихтилоли биноӣ ва шунавоӣ, ихтилоли мазза ва бӯй, кам шудани ҳисси ламс, реаксияҳои психотикӣ (галлюцинатсияҳо, депрессия), ихтилоли ҳаракат (аз ҷумла рафтор).
Аз ҷониби системаи дилу рагҳо:
нодир — тахикардия, паст шудани фишори хун; хеле нодир — коллапси рагҳо.
Аз ҷониби системаи устухон ва мушакҳо:
нодир — осебҳои пайҳо, дарди буғумҳо ва мушакҳо.
Аз ҷониби системаи пешоббарор:
нодир — баландшавии креатинин дар хун; хеле нодир — бадшавии кори гурда то норасоии шадиди гурда.
Аз ҷониби системаи хунсозӣ:
кам-кам — эозинофилия, лейкопения; нодир — нейтропения, тромбоцитопения; хеле нодир — агранулоцитози шадид бо таби давомдор ё такроршаванда, илтиҳоби бодомакҳо ва бадшавии вазъи умумӣ бо хатари сироятҳои вазнин.
Реаксияҳои аллергӣ:
кам-кам — хориш ва сурхшавии пӯст; нодир — реаксияҳои анафилактикӣ ва анафилактоидӣ (занбӯруғак, бронхоспазм, нафастангии шадид, дар ҳолатҳои нодир — варами рӯй ва ҳалқ).
Реаксияҳои пӯст:
нодир — ҳассосият ба рӯшноӣ (фотосенсибилизатсия).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Таъсири доруи Левоксимед ҳангоми якҷоя истифода бурдан бо сукралфат, инчунин бо доруҳои антацидии дорои магний ё алюминий ва бо намакҳои оҳан ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Левофлоксацин, мисли ҳамаи хинолонҳо, метавонад қобилияти баъзе доруҳоро, аз ҷумла доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ ва теофиллин, барои паст кардани остонаи ҳассосияти рагкашӣ зиёд намояд.
Хориҷшавии левофлоксацин (клиренси гурда) таҳти таъсири циметидин ва пробенецид каме суст мешавад, ки аҳамияти клиникии зиёд надорад.
Ҳангоми истифодаи якҷоя бо антагонистҳои витамини K назорати системаи лахташавии хун зарур аст.
Левофлоксацин каме давомнокии ними бартарафшавии циклоспоринро аз плазма зиёд мекунад.
Истифодаи якҷоя бо глюкокортикостероидҳо хатари кандашавии пайҳоро зиёд мекунад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳангоми таъини доруи Левоксимед бояд эҳтиёт риоя карда шавад:
- дар беморони калонсол, бо сабаби эҳтимоли баланди коҳиши кори гурда ва зиёд шудани хатари кандашавии пайҳо;
- дар бемороне, ки қаблан осеби мағзи сар доштаанд, аз ҷумла сактаи мағзӣ ё осеби вазнини сар, бо сабаби баланд шудани ҳассосият ба рагкашӣ;
- дар беморони гирифтори диабети қанд, зеро эҳтимоли пайдоиши гипогликемия вуҷуд дорад;
- дар беморони дорои вайроншавии кори гурда, ҳангоми истифодаи якҷоя бо доруҳое, ки секретсияи каналчавии гурдаҳоро бозмедоранд, дору бояд бо эҳтиёт таъин карда шавад.