ИНСУЛИПОН ФЛАКОН

Бозгашт ба маҳсулот

600 мг/50 мл

Шакл "Маҳлул барои тазриқи д/в"
Фаъол модда Кислотаи тиоктови
Шакли пешниҳод Флакон 50 мл
Категорияи табобат Мубодилаи моддахо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 флакони дору:

Моддаи фаъол: кислотаи тиоктовӣ — 600 мг 

НИШОНДОДҲО 

·  полинейропатияи диабетӣ; 

·полинейропатияи алкоголӣ.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Инсулипон ба таври дохиливаридӣ бо вояи 600 мг дар як рӯз (1 флакон) дар давоми 2–4 ҳафта ворид карда мешавад.

Ҳамчун табобати нигоҳдорӣ баъдан кислотаи тиоктӣ дар шакли даҳонӣ бо вояи 300–600 мг дар як рӯз истифода мешавад. Давомнокии табобат ва зарурати такрори он аз ҷониби духтур муайян карда мешавад.

Махлули 1 флакон (50 мл) ба таври оҳиста ба дохили варид (инфузия) ворид карда мешавад (на тезтар аз 15-20 дақиқа).

Аз сабаби ҳассосият ба рӯшноӣ, маҳлули инфузионӣ танҳо пеш аз истифода омода карда мешавад. Маҳлули омодашуда бояд аз таъсири рӯшноӣ муҳофизат карда шавад (масалан, бо фолгаи алюминӣ). Маҳлуле, ки аз рӯшноӣ муҳофизат шудааст, то 6 соат қобили истифода аст. Ҳамчун ҳалкунанда танҳо маҳлули 0,9% натрий хлорид истифода мешавад (агар  флакони 24 мл бошад).

Инчунин воридкунии дохиливаридии маҳлули нодилшуда бо сӯзандору ё перфузор имконпазир аст, дар ин ҳолат вақти воридкунӣ бояд на камтар аз 12 дақиқа бошад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Маҳлул барои тазриқ дар флакон -50мл.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Кислотаи тиоктовӣ (альфа-липоатӣ) — антиоксиданти эндогении ба витамин монанд бо хосиятҳои коэнзимӣ мебошад. Дар организм ҳангоми декарбоксилкунии оксидативии альфа-кетокислотаҳо ҳосил мешавад.

Сатҳи глюкозаро дар плазмаи хун паст мекунад, миқдори гликогенро дар ҷигар зиёд менамояд, муқовимати инсулинро коҳиш медиҳад, дар танзими мубодилаи карбогидратҳо ва липидҳо иштирок мекунад ва мубодилаи холестеринро беҳтар месозад.

Бо хосиятҳои антиоксидантӣ ҳуҷайраҳоро аз осеби радикалҳо муҳофизат мекунад, ташаккули маҳсулоти ниҳоии гликозилизатсияи сафедаҳо дар ҳуҷайраҳои асабро коҳиш медиҳад, микроциркулятсия ва ҷараёни хун дар асабҳоро беҳтар мекунад ва сатҳи глутатионро зиёд менамояд.

Метаболизми алтернативии глюкозаро дар диабет танзим карда, ҷамъшавии полиолҳоро кам мекунад ва варами бофтаи асабро паст менамояд.

Дар мубодилаи липидҳо иштирок карда, синтези фосфолипидҳоро зиёд мекунад, сохтори мембранаҳои ҳуҷайраро беҳтар мекунад, мубодилаи энергия ва гузариши импулсҳои асабро ба эътидол меорад.

Таъсири заҳрноки метаболитҳои спиртро (ацетальдегид, кислотаи пировиноградӣ) коҳиш медиҳад, ташаккули радикалҳои озодро кам мекунад ва нишонаҳои полинейропатияро сабук мекунад.

Фармакокинетика

Ҳангоми воридкунии дохиливаридӣ консентратсияи максималӣ дар плазма пас аз 30 дақиқа ба 20 мкг/мл мерасад. Майдони зери каҷи «консентратсия–вақт» тақрибан 5 мкг·соат/мл мебошад. Таъсири «гузариши аввал аз ҷигар» дорад.

Мубодила тавассути оксидшавии занҷири паҳлӯ ва конъюгатсия ба амал меояд.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору.

Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ

Аз сабаби набудани таҷрибаи кофии истифода, дору дар давраи ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ тавсия дода намешавад.

Истифода танҳо дар ҳолате мумкин аст, ки фоида барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёд бошад ва зери назорати қатъии духтур.

Ҳангоми зарурати истифода дар давраи ширдиҳӣ, ширдиҳиро қатъ кардан лозим аст.

Истифода дар кӯдакон

Инсулипон барои кӯдакон ва наврасони то 18-сола тавсия дода намешавад, зеро самаранокӣ ва бехатарӣ муайян нашудааст.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Басомади пайдоиши реаксияҳои номатлуб чунин муайян мешавад:

 хеле зуд-зуд (≥ 1/10), зуд-зуд (≥ 1/100, < 1/10), кам (≥ 1/1000, < 1/100), хеле кам (≥ 1/10000, < 1/1000), хеле хеле кам (< 1/10000), аз ҷумла ҳолатҳои якка.

Аз тарафи системаи асаб ва узвҳои ҳис

Хеле кам:

    • тағйир ё халал дар ҳисси мазза 
    • диплопия 
    • рагкашӣ (судорога) 

Аз тарафи системаи хунсозӣ

Хеле кам:

    • тромбоцитопатия 
    • доғҳои хунрезӣ (пурпура) 
    • тромбофлебит 

Аз тарафи мубодилаи моддаҳо

Хеле кам:

    • паст шудани сатҳи глюкоза дар хун (бо сабаби беҳтар шудани истифодаи глюкоза) 

Эҳтимоли гипогликемия бо аломатҳо:

    • сарчархзанӣ 
    • арақкунии зиёд 
    • дарди сар 
    • халал дар биноӣ 

Реаксияҳои аллергӣ

Хеле кам:

    • доғҳои пӯст 
    • крапивница 
    • хориш 

Дар ҳолатҳои якка:

    • шоки анафилактикӣ 

Реаксияҳои маҳаллӣ

Хеле кам:

    • сӯзиш дар ҷои тазриқ 

Дигар реаксияҳо

Ҳангоми воридкунии зуд ба дохили раг мумкин аст:

    • баландшавии муваққатии фишори дохили косахонаи сар (ҳисси вазнинӣ дар сар) 
    • душвории нафаскашӣ. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Ҳангоми ҳамзамон истифода бурдани кислотаи тиоктӣ ва цисплатин самаранокии цисплатин кам мешавад. 

·  Аз сабаби қобилияти кислотаи тиоктӣ барои ташкили комплексҳои хелатӣ бо металлҳо, истифодаи якҷоя бо доруҳои дорои металлҳо (масалан, оҳан, магний) ва маҳсулоти дорои калсий (аз ҷумла маҳсулоти ширӣ) тавсия дода намешавад. 

·  Ҳангоми истифодаи ҳамзамон Инсулипон таъсири инсулин ва доруҳои пасткунандаи қанди хунро зиёд мекунад. 

·  Этанол ва метаболитҳои он таъсири кислотаи тиоктиро суст мекунанд. 

·Маҳлули инфузиявии кислотаи тиоктӣ бо маҳлули декстроза, маҳлули Рингер ва маҳлулҳое, ки гурӯҳҳои дисулфидӣ ва SH доранд, номувофиқ аст.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

·  Доруро ба дохили мушак ворид кардан манъ аст. 

·  Бемороне, ки Инсулипон мегиранд, бояд аз истеъмоли машрубот худдорӣ кунанд. 

·  Дар беморони диабет назорати мунтазами сатҳи глюкоза дар хун зарур аст, махсусан дар оғози табобат. 

·  Дар баъзе ҳолатҳо кам кардани вояи инсулин ё доруҳои пасткунандаи қанд лозим мешавад, то гипогликемия пешгирӣ карда шавад. 

·  Ҳангоми истифодаи парентералӣ метавонанд реаксияҳои аллергӣ то анафилаксия ба вуҷуд оянд, бинобар ин назорати дақиқ зарур аст. 

·  Ҳангоми пайдо шудани аломатҳои аввалини таъсири номатлуб (масалан, хориш, заъф ва ғ.) табобат бояд қатъ карда шавад. 

·Дар давраи табобат ҳангоми рондани нақлиёт ва кор бо механизмҳои хатарнок эҳтиёт лозим аст.