ИНСУЛИПОН ҲАБ.
Бозгашт ба маҳсулот600 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Кислотаи тиоктови |
| Шакли пешниҳод | 30-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Мубодилаи моддахо |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Ҳар як ҳаби руйпӯшшуда дорои:
Моддаи фаъол:
- кислотаи тиоктовӣ — 600 мг.
НИШОНДОДҲО
·полинейропатияи диабетӣ;
· полинейропатияи алкоголӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Ҳабҳоро бояд ба меъдаи холӣ, бе хоидан, бо миқдори ками моеъ истеъмол намуд.
Истеъмоли дору ҳангоми хӯрокхӯрӣ метавонад ҷаббида шудани кислотаи α-липоатиро коҳиш диҳад, бинобар ин тавсия дода мешавад, ки тамоми вояи шабонарӯзӣ 30 дақиқа пеш аз наҳорӣ қабул карда шавад.
Ба калонсолон 600 мг кислотаи тиоктави 1 маротиба дар як шабонарӯз таъин карда мешавад.
Давомнокии табобат аз ҷониби духтур ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Хабхо №30.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Кислотаи тиоктӣ (алфа-липоат) антиоксиданти эндогении монанд ба витамин буда, хусусиятҳои коферментӣ дорад. Дар организм ҳангоми декарбоксилшавии оксидшавандаи алфа-кетокислотаҳо ҳосил мешавад.
Он ба паст шудани сатҳи глюкоза дар плазмаи хун ва зиёд шудани захираи гликоген дар ҷигар мусоидат намуда, муқовимат ба инсулинро кам мекунад, дар танзими мубодилаи карбогидратҳо ва липидҳо иштирок мекунад ва мубодилаи холестеринро фаъол мегардонад.
Бо шарофати хусусиятҳои антиоксидантӣ, кислотаи тиоктӣ ҳуҷайраҳоро аз таъсири маҳсулоти зараровари мубодила муҳофизат намуда, ташаккули маҳсулоти ниҳоии гликатсияи сафедаҳо дар ҳуҷайраҳои асабро ҳангоми диабети қанд коҳиш медиҳад, микроциркулятсия ва гардиши эндоневралиро беҳтар намуда, сатҳи физиологии глутатионро зиёд мекунад.
Бо паст кардани сатҳи глюкоза дар хун, ба роҳҳои алтернативии мубодилаи глюкоза таъсир расонида, ҷамъшавии метаболитҳои патологиро дар шакли полиолҳо кам мекунад ва ба ин васила варами бофтаҳои асабро коҳиш медиҳад.
Ҳангоми иштирок дар мубодилаи липидҳо биосинтези фосфолипидҳо, махсусан фосфоинозитидҳоро зиёд намуда, сохтори осебдидаи мембранаҳои ҳуҷайраҳоро барқарор мекунад ва мубодилаи энергия ва интиқоли импулсҳои асабро ба эътидол меорад.
Кислотаи тиоктӣ таъсири заҳролуди метаболитҳои машруботро коҳиш дода, ташаккули радикалҳои озоди оксигенро кам мекунад ва нишонаҳои полинейропатия, аз ҷумла карахтӣ, дард, сӯзиш ва парестезияро сабук мегардонад.
Ҳамин тавр, кислотаи тиоктӣ таъсири антиоксидантӣ, нейротрофӣ ва гипогликемикӣ дошта, мубодилаи липидҳоро беҳтар мекунад.
Фармакокинетика
Пас аз қабул аз роҳи даҳонӣ аз рӯдаи меъдаву рӯда зуд ва пурра ҷаббида мешавад. Қабули ҳамзамони ғизо метавонад ҷаббиши доруро коҳиш диҳад.
Консентратсияи максималӣ (Cmax) дар плазмаи хун пас аз қабули як ҳаб тақрибан 4 мкг/мл буда, дар давоми 25–30 дақиқа ба даст меояд.
Дору аз таъсири «гузариши аввал аз ҷигар» мегузарад. Биодастрасии нисбии Инсулипон зиёда аз 60%-ро ташкил медиҳад.
Давраи нимхориҷшавӣ (T½) тақрибан 25 дақиқаро ташкил медиҳад.
Метаболизм асосан тавассути оксидшавӣ ва конъюгатсия сурат мегирад.
Кислотаи тиоктӣ ва метаболитҳои он асосан тавассути гурдаҳо (80–90%) хориҷ мешаванд.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Басомади таъсирҳои номатлуб чунин муайян карда мешавад: зуд-зуд (≥ 1/100 то < 1/10); хеле кам (< 1/10000), аз ҷумла ҳолатҳои алоҳида.
Аз ҷониби узвҳои ҳозима:
- зуд-зуд: дилбеҳузурӣ;
- дар ҳолатҳои алоҳида: ихтилоли меъдаву рӯда, аз ҷумла қайкунӣ, дарди шикам, дарди меъдаву рӯда ва дарунравӣ.
Реаксияҳои аллергӣ:
- дар ҳолатҳои алоҳида: доначаҳои пӯст, крапивница, хориш ва экзема.
Аз ҷониби системаи марказии асаб:
- зуд-зуд: сарчархзанӣ;
- хеле кам: тағйир ё халалдоршавии ҳисси таъм.
Ихтилоли мубодилаи моддаҳо:
- дар ҳолатҳои алоҳида: паст шудани сатҳи глюкоза дар хун.
Дар баъзе беморон нишонаҳои гипогликемия ба монанди сарчархзанӣ, арақкунии зиёд, дарди сар ва халалдоршавии биноӣ мушоҳида шудаанд, ки бо беҳтар шудани истифодаи глюкоза вобастаанд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Кислотаи тиоктӣ бо комплексҳои ионии металлҳо (масалан, бо цисплатин) ба реаксия медарояд, бинобар ин ҳангоми истифодаи ҳамзамон самаранокии цисплатин метавонад коҳиш ёбад.
Кислотаи тиоктӣ хелатори металлҳо мебошад, аз ин рӯ онро набояд ҳамзамон бо доруҳои дорои оҳан, магний ва инчунин маҳсулоти ширӣ, ки калсий доранд, истифода бурд. Агар вояи шабонарӯзии дору 30 дақиқа пеш аз наҳорӣ қабул карда шавад, доруҳои дорои оҳан ё магний бояд нисфирӯзӣ ё шом қабул карда шаванд.
Дар беморони гирифтори диабети қанд Инсулипон метавонад таъсири пасткунандаи қанди хунро, ки аз ҷониби инсулин ва доруҳои зиддидиабетии даҳонӣ ба вуҷуд меояд, пурзӯр намояд. Аз ин рӯ, махсусан дар оғози табобат, назорати бодиққати сатҳи глюкоза дар хун тавсия дода мешавад. Барои пешгирии гипогликемия дар баъзе ҳолатҳо метавонад кам кардани вояи инсулин ё доруҳои зиддидиабетии даҳонӣ зарур бошад.
Истеъмоли мунтазами машрубот омили муҳими хавфи рушди ва пешрафти невропатия буда, метавонад ба раванди табобат бо Инсулипон таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, ба беморони гирифтори полинейропатияи диабетӣ тавсия дода мешавад, ки то ҳадди имкон аз истеъмоли машрубот, аз ҷумла дар фосилаи байни курсҳои табобат, худдорӣ намоянд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Истеъмоли машрубот метавонад самаранокии доруро коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, дар давраи табобат аз нӯшидани машрубот худдорӣ кардан тавсия дода мешавад.
Дар беморони гирифтори диабети қанд, махсусан дар оғози табобат, назорати мунтазами сатҳи глюкоза дар хун зарур аст, зеро бо сабаби беҳтар шудани истифодаи глюкоза эҳтимоли гипогликемия вуҷуд дорад.
Ҳангоми табобати полинейропатия дар натиҷаи барқароршавии нахҳои асаб мумкин аст ҳассосият муваққатан зиёд шуда, бо парестезия (эҳсоси «хазидани мурчаҳо») ҳамроҳӣ гардад.
Пас аз истифодаи Инсулипон мумкин аст бӯи ғайриоддии пешоб пайдо шавад.
Таъсир ба қобилияти рондани нақлиёт ва идора кардани механизмҳо
Ҳангоми табобат ҳангоми рондани нақлиёт ва кор бо механизмҳои эҳтимолан хатарнок эҳтиёт лозим аст, зеро мумкин аст сарчархзанӣ ва халалдоршавии биноӣ ба вуҷуд ояд.
Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
Истифодаи кислотаи тиоктӣ дар давраи ҳомиладорӣ тавсия дода намешавад, зеро маълумоти кофии клиникӣ мавҷуд нест.
Маълумот дар бораи гузаштани кислотаи тиоктӣ ба шири модар вуҷуд надорад, бинобар ин истифодаи он дар давраи ширдиҳӣ тавсия дода намешавад.
Истифода дар педиатрия
Аз сабаби набудани маълумот оид ба бехатарӣ ва самаранокии истифодаи кислотаи тиоктӣ дар кӯдакон, таъйини дору ба ин гурӯҳи синнусолӣ тавсия дода намешавад.