500 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Инозин пранобекс
Шакли пешниҳод 20/50-то ҳаб
Категорияи табобат Маводхои зидиинфектсиони

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Ҳар як ҳаб дорои:

инозин пранобекс — 500 мг.

НИШОНДОДҲО 

Нишондодҳо:Тарзи истифода ва миқдор:
Кӯдакони аз 6 то 12 солаКалонсолон ва кӯдакони аз 12 сола боло
Зуком, парагрипп, сироятҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас (ОРВИ)50 мг/кг вазни бадан дар 3–4 қабул дар давоми 5–7 рӯз2 ҳаб 3–4 маротиба дар як рӯз дар давоми 5–7 рӯз
Муолиҷаро 1–2 рӯз баъд аз нест шудани нишонаҳо идома медиҳанд. Барои самаранокии бештар табобат бояд аз рӯзҳои аввали беморӣ оғоз карда шавад
Бронхити вирусӣ50 мг/кг дар 3–4 қабул дар давоми 2–4 ҳафта2 ҳаб 3 маротиба дар як рӯз
Паротити эпидемикӣ70 мг/кг дар 3–4 қабул дар давоми 7–10 рӯз
Сурхча (корь)100 мг/кг дар 3–4 қабул дар давоми 7–14 рӯз
Сирояти герпесӣ (Herpes simplex I ва II)Дар марҳилаи шадид: 70 мг/кг дар 3–4 қабул барои 6–8 рӯз; дар марҳилаи зершадид: 50 мг/кг дар як шабонарӯз дар 3–4 қабул, 2 маротиба дар як ҳафта барои 6 ҳафтаДар марҳилаи шадид: 2 ҳаб 4 маротиба дар як рӯз; дар марҳилаи зершадид: 2 ҳаб 3 маротиба дар як рӯз
Лишайи камарбандмонанд ва герпеси лабӣ50 мг/кг дар 3–4 қабул барои 10–14 рӯз (то аз байн рафтани нишонаҳо)2 ҳаб 3–4 маротиба дар як рӯз
Герпеси узвҳои таносул-Дар марҳилаи шадид: 2 ҳаб 3 маротиба дар як рӯз барои 5–6 рӯз; дар ремиссия: 2 ҳаб (1000 мг) 1 маротиба дар як рӯз барои 2–6 моҳ
Панэнсефалити склерозии зершадид50–100 мг/кг дар як шабонарӯз дар 6 қабул барои 8–10 рӯз. Баъд аз танаффуси 8-рӯза курсҳо такрор карда мешаванд.
Кондиломаҳои тезшакл (ВПЧ)2 ҳаб 3 маротиба дар як рӯз барои 14–28 рӯз. Ҳангоми якҷоя истифода бурдан бо криотерапия ё СО₂-лазер: 2 ҳаб 3 маротиба дар як рӯз барои 5 рӯз, 3 курс бо фосилаи 1 моҳ
Сироятҳои шадид ва музмини роҳҳои пешобу таносул (хламидиоз ва ғ.)2 ҳаб 3–4 маротиба дар як рӯз аз 2 ҳафта то 3 моҳ
Мононуклеози сироятӣ50 мг/кг дар як шабонарӯз дар 3–4 қабул барои 8 рӯз
Гепатити В2 ҳаб 3–4 маротиба дар як рӯз барои 15–30 рӯз; баъдан 2 ҳаб (1000 мг) 1 маротиба дар як рӯз барои 2–6 моҳ
Сирояти цитомегаловирусӣ50 мг/кг дар як шабонарӯз дар 3–4 қабул барои 25–30 рӯз
Сироятҳои музмини такроршавандаи роҳҳои нафас ва пешобу таносул дар беморони дорои масунияти сустшуда50 мг/кг дар 3–4 қабул барои 21 рӯз (ё 3 курс аз 7–10 рӯз)2 ҳаб 3–4 маротиба дар як рӯз, давомнокии табобат аз 2 ҳафта то 3 моҳ
Дар беморони дорои масунияти сустшудаДавомнокии табобат аз 3 то 9 ҳафта
Пешгирии ғайримахсус ҳангоми баландшавии бемориҳои ОРВИ50 мг/кг дар як шабонарӯз дар 3 қабул, 3 маротиба дар як ҳафта барои 4 ҳафта
Ҳангоми тамоси мустақим бо беморони ОРВИ50–100 мг/кг дар як шабонарӯз дар 3 қабул ҳар рӯз барои 5 рӯз

Истифода дар беморони солхӯрда: ислоҳи воя (доза) талаб карда намешавад.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору ба таври даҳонӣ, баъд аз хӯрок қабул карда мешавад.

Дар ҳолати зарурӣ ҳабро метавон хоид, майда кард ва/ё дар миқдори ками об ҳал намуд.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Ҳабҳо № 20 ё №50

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Дору таъсири мустақими зиддивирусӣ ва иммуномодуляторӣ дорад. Таъсири иммуномодуляторӣ бо таъсир ба Т-лимфоситҳо (фаъолшавии синтези ситокинҳо) ва баланд шудани фаъолияти фагоситии макрофагҳо вобаста аст. Зери таъсири дору дифференсиатсияи пре-Т-лимфоситҳо, афзоиши Т- ва В-лимфоситҳо, қобилияти Т-лимфоситҳо барои синтези лимфокинҳо тақвият меёбад ва таносуби байни зергуруҳҳои Т-хелперҳо ва Т-супрессорҳо ба эътидол меояд. Иноседа истеҳсоли интерлейкинҳои 1 ва 2-ро аз ҷониби лимфоситҳо зиёд намуда, ба экспрессияи ретсепторҳо дар ҳуҷайраҳои лимфоидӣ мусоидат мекунад. Фаъолияти ҳуҷайраҳои қотили табиӣ (NK-ҳуҷайраҳо), инчунин фаъолияти макрофагҳоро нисбат ба фагоситоз, коркард ва пешниҳоди антиген ҳавасманд месозад. Ин ба зиёд шудани шумораи ҳуҷайраҳои истеҳсолкунандаи антитело аз рӯзҳои аввали табобат мусоидат мекунад. Дору инчунин сустшавии баъдивирусии синтези РНК ва сафедаҳоро дар ҳуҷайраҳои сироятшуда пешгирӣ менамояд. Дар натиҷа сарбории вирусӣ кам шуда, фаъолияти системаи масуният ба эътидол меояд ва синтези интерферонҳои худии организм фаъол мегардад.

Фармакокинетика

Ҷаббиш: инозин пранобекс дорои биодастрасии баланд мебошад. Консентратсияи максималии инозин дар плазмаи хун пас аз 1 соати қабул ба даст меояд. Таъсири дору тақрибан пас аз 30 дақиқа оғоз шуда, то 6 соат нигоҳ дошта мешавад.

Ҷамъшавии дору дар организм мушоҳида намешавад. Хориҷшавии пурраи дору ва метаболитҳои он дар давоми 48 соат ба амал меояд.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору; 

·  подагра; 

·  ҳолатҳое, ки бо баланд шудани сатҳи кислотаи пешоб ҳамроҳ мебошанд; 

·  бемории санги пешоб (уролитиаз); 

·  норасоии гурда дараҷаи III; 

·кӯдакони то 6-сола..

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

·  дарди сар; 

·  дилбеҳузурӣ, қайкунӣ; 

·  дард дар минтақаи эпигастрий; 

·  аксуламалҳои аллергӣ; 

·  заифӣ; 

·  дарди буғумҳо; 

·  баланд шудани фаъолияти аминотрансферазаҳо, фосфатазаи ишқорӣ ё сатҳи нитроген дар хун; 

·  гиперурикемия; 

·  хоболудӣ ё бехобӣ; 

·  дарунравӣ; 

·  қабзият; 

·  полиурия (зиёд шудани ҳаҷми пешоб)

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Доруҳои иммуносупрессивӣ метавонанд таъсири Иноседаро суст намоянд.

Ҳангоми истифода дар бемороне, ки ингибиторҳои ксантиноксидаза, доруҳои зиёдкунандаи хориҷшавии кислотаи пешоб тавассути пешоб ё доруҳои пешоброн (диуретикҳо) қабул мекунанд, эҳтиёткорона истифода бурдан лозим аст.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Дору то кислотаи пешоб (мочевая кислота) мубодила мешавад ва метавонад боиси зиёдшавии назарраси консентратсияи он дар пешоб гардад.

Бо эҳтиёт истифода бурда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ ба беморон метавон доруҳое таъин кард, ки сатҳи кислотаи пешобро паст мекунанд.