ГЛОРТЕЛ
Бозгашт ба маҳсулот60 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Локсопрофен |
| Шакли пешниҳод | 20-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Системаи такягоху харакат |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
1 хаб дорои:
Локсопрофен — 60 мг.
НИШОНДОДҲО
Дору барои истифода дар беморони калонсол аз 18-сола боло пешбинӣ шудааст.
Ҳамчун воситаи зиддиилтиҳобӣ ва рафъи дард ҳангоми бемориҳои зерин истифода мешавад:
- артрити ревматоидӣ;
- остеоартроз;
- люмбаго (дард дар қисми поёнии пушт);
- периартрити китфу теғи китф (синдроми китф);
- синдроми гардану китф;
- дарди дандон (аз ҷумла баъди гирифтани дандон);
- синдроми дардии баъди осеб ва баъди ҷарроҳӣ.
Ҳамчун воситаи пасткунандаи ҳарорат ва рафъи дард ҳангоми:
- сироятҳои шадиди роҳҳои болоии нафаскашӣ (аз ҷумла сироятҳои шадиди роҳҳои болоии нафаскашӣ бо бронхити шадид).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Артрити ревматоидӣ, остеоартроз, люмбаго (дард дар қисми поёнии пушт), периартрити китфу теғи китф (синдроми китф), синдроми гардану китф, дарди дандон (аз ҷумла баъди гирифтани дандон), синдроми дардии баъди осеб ва баъди ҷарроҳӣ — ҳамчун воситаи зиддиилтиҳобӣ ва рафъи дард
Вояи тавсияшаванда 60 мг (1 ҳаб) 3 маротиба дар як рӯз мебошад.
Вобаста ба шиддати нишонаҳо ба беморони то 65-сола метавонад 120 мг (2 ҳаб) локсопрофен барои як қабул таъин карда шавад.
Дар ин ҳолат дору 2 маротиба дар як рӯз қабул карда мешавад.
Вояи максималии шабонарӯзии локсопрофен набояд аз 180 мг (3 ҳаб) зиёд бошад.
Сироятҳои шадиди роҳҳои болоии нафаскашӣ (аз ҷумла сироятҳои шадиди роҳҳои болоии нафаскашӣ бо бронхити шадид) — ҳамчун воситаи пасткунандаи ҳарорат ва рафъи дард
Вояи тавсияшаванда 60 мг (1 ҳаб) мебошад.
Одатан дору 1–2 маротиба дар як рӯз қабул карда мешавад.
Ҳангоми интихоби воя синну соли бемор ва шиддати нишонаҳои беморӣ бояд ба назар гирифта шавад.
Вояи максималии шабонарӯзии локсопрофен набояд аз 180 мг (3 ҳаб) зиёд бошад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №20
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Локсопрофен — доруи зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (ДЗИҒС) буда, дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ, бедардкунанда ва пасткунандаи ҳарорат мебошад.
Механизми таъсири он бо боздоштани ферментҳои циклооксигеназа (СОГ-1 ва СОГ-2) вобаста аст, ки дар натиҷа синтези простагландинҳо — миёнаравҳои асосии илтиҳоб, дард ва баландшавии ҳарорат кам мешавад.
Пас аз қабули локсопрофен он ба метаболити фаъол табдил меёбад, ки фаъолияти ферменти СОГ-ро боздошта, аксуламали илтиҳобӣ ва синдроми дардро коҳиш медиҳад.
Таъсирҳои асосии дору:
- кам кардани илтиҳоб;
- паст кардани дард;
- паст кардани ҳарорати баланд.
Локсопрофен таъсири хуби бедардкунанда дорад ва дар бемориҳои илтиҳобии системаи такяву ҳаракат ва намудҳои гуногуни дарди шадид истифода мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба локсопрофен ё ягон моддаи ёрирасони таркиби дору;
· захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта дар марҳилаи авҷгирӣ;
· бемориҳои илтиҳобии рӯда (бемории Крон, колити захмдор);
· осебҳои эрозивӣ-захмии меъдаю рӯда дар марҳилаи авҷгирӣ;
· хунравӣ ё сӯрохшавии меъдаю рӯда дар анамнез, аз ҷумла ҳолатҳои вобаста ба истифодаи қаблии ДЗИҒС;
· хунравии фаъоли меъдаю рӯда;
· дигар намудҳои хунравии фаъол (аз ҷумла гумони хунравии дохили косахонаи сар);
· бемориҳои шадиди гематологӣ;
· вайроншавии шадиди фаъолияти ҷигар;
· вайроншавии шадиди фаъолияти гурда, бемориҳои пешравандаи гурда, гиперкалиемияи тасдиқшуда;
· норасоии шадиди дил (синфи IV аз рӯи NYHA — таснифоти Ассотсиатсияи кардиологии Ню-Йорк);
· давраи баъди гузаронидани ҷарроҳии шунткунии аортакоронарӣ;
· омезиши пурра ё нопурраи астмаи бронхӣ, полипози такрории бинӣ ва ҷавфҳои атрофи бинӣ ва таҳаммулнопазирӣ ба кислотаи ацетилсалицилӣ ё дигар ДЗИҒС (аз ҷумла дар анамнез);
· ҳомиладорӣ (пас аз ҳафтаи 20-ум);
·давраи ширмаконӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дигар таъсирҳои номатлубе, ки ҳангоми истифодаи доруи Скоролокс метавонанд ба вуҷуд оянд, мувофиқи таснифи системаи узвҳои MedDRA ва басомади пайдоиш тибқи таснифи ТУТ гурӯҳбандӣ шудаанд:
- Хеле зуд-зуд: ≥ 1/10
- Зуд-зуд: ≥ 1/100, < 1/10
- Баъзан: ≥ 1/1000, < 1/100
- Кам: ≥ 1/10 000, < 1/1000
- Хеле кам: < 1/10 000
- Басомад номаълум: аз рӯи маълумоти мавҷуда муайян кардан имконнопазир аст.
Ихтилоли хун ва системаи лимфа
- Кам: эозинофилия.
- Басомад номаълум: камхунӣ, лейкопения, тромбоцитопения.
Ихтилоли системаи асаб
- Баъзан: хоболудӣ.
- Кам: дарди сар, чарх задани сар, карахтӣ.
Ихтилоли дил
- Кам: эҳсоси тапиши дил.
Ихтилоли рагҳои хун
- Кам: баландшавии фишори артериявӣ.
Ихтилоли меъдаю рӯда
- Баъзан: дарди шикам, нороҳатӣ дар меъда, камшавии иштиҳо, дилбеҳузурӣ, дарунравӣ, қабзият, зардаҷӯшӣ, стоматит, дамиши шикам, хушкшавии даҳон.
- Кам: қайкунӣ.
- Басомад номаълум: захмҳои пептикӣ*, захмҳои рӯдаи борик ва/ё ғафс*, диспепсия.
Ихтилоли ҷигар ва роҳҳои сафровӣ
- Баъзан: баландшавии фаъолияти АСТ ва АЛТ.
- Кам: баландшавии фаъолияти фосфатазаи ишқорӣ.
Ихтилоли пӯст ва бофтаҳои зери пӯст
- Баъзан: доначаҳои пӯст*, хориш*.
- Басомад номаълум: табларза*, уртикария*.
Ихтилоли гурда ва роҳҳои пешоб
- Баъзан: протеинурия.
- Басомад номаълум: хун дар пешоб, дизурия, камшавии хориҷшавии пешоб.
Ихтилоли умумӣ
- Баъзан: варамҳо, гармшавӣ ва сурхшавии рӯй.
- Басомад номаълум: дарди қафаси сина, беҳолии умумӣ, арақкунӣ.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Локсопрофен, мисли дигар ДЗИҒС, метавонад бо доруҳои зерин ҳамкорӣ кунад:
- Антикоагулянтҳо (масалан, варфарин) — метавонад таъсири онҳоро зиёд намуда, хатари хунравиро баланд кунад.
- Доруҳои зиддиагрегантӣ (масалан, кислотаи ацетилсалицилӣ, клопидогрел) — хатари хунравии меъдаю рӯда зиёд мешавад.
- Дигар ДЗИҒС ва глюкокортикостероидҳо — хатари захм ва хунравии меъдаю рӯда зиёд мешавад.
- Ингибиторҳои интихобии бозпасгирии серотонин (SSRI) — метавонад хатари хунравии меъдаю рӯдаро зиёд кунад.
- Диуретикҳо (доруҳои пешоброн) — метавонад таъсири онҳоро суст карда, хатари вайроншавии фаъолияти гурдаҳоро зиёд намояд.
- Ингибиторҳои АПФ ва антагонистҳои ретсепторҳои ангиотензин II — метавонад таъсири пасткунандаи фишори хунро кам карда, фаъолияти гурдаро бадтар кунад.
- Метотрексат — метавонад сатҳи метотрексатро дар хун зиёд намуда, заҳролудшавиро баланд кунад.
- Литий — метавонад консентратсияи литийро дар плазма зиёд карда, хатари таъсири заҳролудро афзоиш диҳад.
- Циклоспорин ва такролимус — хатари таъсири нефротоксикӣ зиёд мешавад.
- Доруҳои калийдор — метавонад боиси зиёд шудани сатҳи калий дар хун (гиперкалиемия) гардад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Истифодаи ДЗИҒС, аз ҷумла локсопрофен, аз ҳафтаи 20-уми ҳомиладорӣ манъ аст, зеро эҳтимоли пайдоиши камобии ҷанин (олигогидрамниоз) ва/ё вайроншавии фаъолияти гурдаҳои навзодон (норасоии гурдаи навзодӣ) вуҷуд дорад.
Таъини локсопрофен дар давраи аввали ҳомиладорӣ (то ҳафтаи 20-ум) танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки фоидаи интизоршаванда аз истифодаи дору аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёдтар бошад.
Дар ҳолати зарурат бояд вояи ҳадди ақали самаранок истифода шуда, ҳаҷми моеъи амниотикӣ бодиққат назорат карда шавад.
Ширмаконӣ
Локсопрофен ба шири ҳайвоноти лабораторӣ мегузарад. Қарор бояд қабул карда шавад: ё қатъ намудани ширмаконӣ, ё қатъ намудани истифодаи дору.
Қобилияти бордоршавӣ
Маълумот оид ба таъсири локсопрофен ба қобилияти бордоршавӣ дар одамон вуҷуд надорад.
Маълум аст, ки истифодаи дарозмуддати ДЗИҒС метавонад боиси вайроншавии баргаштпазири қобилияти бордоршавӣ дар занон гардад.