ФОСФОМЕД
Бозгашт ба маҳсулот3,0 г
| Шакл | Хокаи гранулӣ |
|---|---|
| Фаъол модда | Фосфомицин |
| Шакли пешниҳод | 1-то пакетча |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 саше-пакетик:
фосфомицин (дар шакли фосфомисино трометамол) 3,0 г.
НИШОНДОДҲО
· цистити шадиди бактериалӣ, эпизодҳои шадиди цистити такроршавандаи бактериалӣ;
· уретрити ғайриспесифики бактериалӣ;
· бактериурияи беаломатии миқдори зиёд дар занони ҳомила;
· сироятҳои пас аз ҷарроҳии роҳҳои пешоб;
·пешгирии сирояти роҳҳои пешоб ҳангоми дахолатҳои ҷарроҳӣ ва таҳқиқоти ташхисии трансуретралӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Фосфомед ба таври даҳонӣ қабул карда мешавад. Гранулаҳоро дар 1/3 стакан об ҳал мекунанд. Доруро 1 маротиба дар як шабонарӯз дар ҳолати холӣ будани меъда, 2 соат пеш ё 2 соат баъд аз хӯрок, беҳтараш пеш аз хоб ва баъди холӣ кардани масона қабул мекунанд.
Ба калонсолон 1 пакетик (3 г) 1 маротиба дар як рӯз таъин карда мешавад.
Барои пешгирии сироятҳои роҳҳои пешоб ҳангоми ҷарроҳӣ ва амалиётҳои ташхисии трансуретралӣ: 1 пакетик Фосфомед 3 соат пеш аз амалиёт ва 1 пакетик 24 соат баъд аз амалиёт қабул карда мешавад.
Ба кӯдакони аз 5 то 18 сола 2 г 1 маротиба дар як рӯз таъин карда мешавад.
Давраи табобат 1 рӯз аст.
Дар ҳолатҳои вазнинтар (беморони калонсол, сироятҳои такроршаванда) мумкин аст 1 пакетики иловагӣ баъд аз 24 соат истифода шавад.
Ҳангоми норасоии гурда миқдор кам карда шуда, фосилаи байни қабули дору дароз карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Хокаи гурушадор дар пакетикҳо №1.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фосфомицин трометамол — антибиотики васеи спектр, ҳосилаи кислотаи фосфонӣ мебошад. Препарати Фосфомед таъсири бактерисидӣ дорад. Механизми таъсир ба боздоштани марҳилаи якуми синтези девори ҳуҷайравии бактерияҳо вобаста аст.
Фосфомицин ҳамчун аналоги сохтории фосфоэнолпируват бо ферменти N-ацетилглюкозамин-3-о-энолпирувил-трансфераза рақобат мекунад, ки дар натиҷа ин фермент ба таври махсус, интихобӣ ва баргардоннашаванда боздошта мешавад. Ин боиси набудани резистентнокии салибӣ бо дигар гурӯҳҳои антибиотикҳо ва имкони синергизм бо дигар антибиотикҳо мегардад (in vitro синергизм бо амоксициллин, цефалексин ва кислотаи пипемидӣ мушоҳида шудааст).
Спектри зиддимикробии фосфомицин трометамол in vitro аксари микроорганизмҳои грамм-мусбат (Enterococcus spp., Enterococcus faecalis, Staphylococcus aureus, Staphylococcus saprophyticus, Staphylococcus spp.) ва грамм-манфӣ (Escherichia coli, Citrobacter spp., Enterobacter spp., Klebsiella spp., Klebsiella pneumoniae, Morganella morganii, Proteus mirabilis, Pseudomonas spp., Serratia spp.)-ро дар бар мегирад.
In vitro фосфомицин часпиши (адгезияи) бактерияҳоро ба эпителияи роҳҳои пешоб кам мекунад.
Фармакокинетика
Ҳангоми қабул ба даҳон дору зуд аз рӯдаи ҳозима ҷаббида мешавад. Дар организм ба фосфомицин ва трометамол ҷудо мешавад (трометамол таъсири зиддимикробӣ надорад). Биодастрасӣ ҳангоми яккаратаи 3 г 34–65% мебошад.
Консентратсияи максималӣ дар плазма баъд аз 2–2,5 соат ба 22–32 мг/л мерасад. Нимҳайёт тақрибан 4 соат аст.
Фосфомицин бо сафедаҳои плазма пайваст намешавад, метаболизм намегирад ва асосан дар пешоб ҷамъ мешавад. Пас аз 3 г истеъмол консентратсияи баланд дар пешоб (1053–4415 мг/л) ба вуҷуд меояд, ки 24–48 соат таъсири бактерисидиро нигоҳ медорад.
Тақрибан 90% тавассути гурдаҳо бетағйир хориҷ мешавад, 10% — тавассути рӯда. Ҳангоми коҳиши сабуки функсияи гурда нимҳайёт каме дароз мешавад, вале консентратсия дар пешоб сатҳи табобатиро нигоҳ медорад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба фосфомицин трометамол ё дигар компонентҳои дору;
· норасоии шадиди гурда (клиренси креатинин камтар аз 10 мл/дақ);
·кӯдакони то 5-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Эҳтимол дорад ихтилолҳои рӯдаи ҳозима (дилбеҳузурӣ, сӯзиши дил, дарунравӣ), доначаҳои пӯст ва аксуламалҳои аллергӣ ба вуҷуд оянд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Эҳтимол дорад ихтилолҳои рӯдаи ҳозима (дилбеҳузурӣ, сӯзиши дил, дарунравӣ), доначаҳои пӯст ва аксуламалҳои аллергӣ ба вуҷуд оянд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Истеъмоли ҳамзамони ғизо ҷаббиши Фосфомедро суст мекунад, бинобар ин доруро бояд 2 соат пеш аз хӯрок ё 2 соат баъд аз хӯрок қабул кард.
Беморони гирифтори диабети қанд бояд ба назар гиранд, ки 1 пакетики дору бо миқдори 3 г фосфомицин дорои 2,173 г сахароза мебошад.
Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ
Ҳангоми ҳомиладорӣ дору танҳо дар ҳолате таъин карда мешавад, ки манфиати эҳтимолӣ барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёдтар бошад.
Дар сурати зарурати истифодаи дору ҳангоми ширмаконӣ, синамаконӣ бояд дар давраи табобат қатъ карда шавад.
Истифода дар педиатрия
Дору барои кӯдакони то 5-сола манъ аст.
Таъсир ба қобилияти рондани нақлиёт ва идора кардани механизмҳо
Маълумоте вуҷуд надорад, ки фосфомицин ба қобилияти рондани воситаҳои нақлиёт ё идора кардани механизмҳо таъсир расонад.