10 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Домперидон
Шакли пешниҳод 20-то ҳаб
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

 Дар 1 хаб:

Домперидон — 10 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  Маҷмӯи нишонаҳои диспепсӣ, ки аксаран бо суст шудани холишавии меъда, рефлюкси гастроэзофагеалӣ ва эзофагит алоқаманд мебошанд (эҳсоси пуршавӣ дар минтақаи эпигастрӣ, дамиши шикам, дард дар қисми болоии шикам, оруғзанӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва сӯзиши дил). 

·  Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ бо пайдоиши функсионалӣ, органикӣ ё сироятӣ, ки аз радиотерапия, терапияи доруӣ ё риоя накардани парҳез ба вуҷуд омадаанд. Нишондоди махсус дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мебошад, ки аз ҷониби агонистҳои допамин ҳангоми истифода дар бемории Паркинсон (ба монанди L-допа ва бромокриптин) ба вуҷуд омадаанд. 

·Дар амалияи педиатрӣ: синдроми қайти ғизо (срыгивание), қайкунии даврӣ, рефлюкси гастроэзофагеалӣ ва дигар ихтилолҳои моторикаи меъда.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Диспепсияи музмин:

    • Калонсолон: 10 мг 3 маротиба дар як шабонарӯз ва дар ҳолати зарурӣ пеш аз хоб. 
    • Кӯдакон: 2,5 мг ба ҳар 10 кг вазни бадан 3 маротиба дар як шабонарӯз ва дар ҳолати зарурӣ пеш аз хоб. 

Ҳолатҳои шадид ва зершадид:

    • Калонсолон: 20 мг 3–4 маротиба дар як шабонарӯз ва пеш аз хоб. 
    • Кӯдакон: 5 мг ба ҳар 10 кг вазни бадан 3–4 маротиба дар як шабонарӯз ва пеш аз хоб. 

Тавсия дода мешавад, ки Допрокин 15–30 дақиқа пеш аз хӯрок қабул карда шавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Ҳабҳо №20

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Допрокин доруи зиддиқайкунӣ ва ангезандаи моторикаи роҳҳои меъдаю рӯда барои истифодаи даҳонӣ мебошад. Допрокин антагонисти допамин буда, дорои таъсири зиддиқайкунӣ мебошад.

Дору аз монеаи гематоэнсефалӣ намегузарад. Таъсири зиддиқайкунии он бо якҷояшавии таъсири периферӣ (гастрокинетикӣ) ва антагонизм нисбат ба ретсепторҳои допамин дар минтақаи триггерии хеморетсепторҳо вобаста аст.

Допрокин давомнокии кашишхӯрии қисми антралӣ ва дувоздаҳангуштаро зиёд намуда, холишавии меъдаро метезонад ва фишори сфинктери қисми поёнии сурхрӯдаро баланд мебардорад, бе он ки ба секресияи меъда таъсир расонад.

Ҳангоми қабули даҳонӣ дар ҳолати меъдаи холӣ дору зуд ҷаббида мешавад. Консентратсияи максималӣ дар плазмаи хун (Cmax) тақрибан пас аз 1 соат ба даст меояд. Биодастрасӣ 15%-ро ташкил медиҳад. Пайвастшавӣ бо сафедаҳои плазма 91–93% мебошад.

Допрокин дар ҷигар тавассути гидроксилшавӣ ва N-дезалкилизатсия метаболизм мешавад. Бо пешоб ва наҷосат мутаносибан 31% ва 66% хориҷ мегардад. Нимҳаёти хориҷшавӣ (T1/2) 7–9 соатро ташкил медиҳад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба домперидон ё дигар ҷузъҳои дору; хунравии роҳҳои меъдаю рӯда; монеаи механикӣ ё перфоратсияи роҳҳои меъдаю рӯда; омоси гипофиз, ки пролактин ҳосил мекунад (пролактинома).

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Дар ҳолатҳои алоҳида спазмҳои гузарандаи рӯда метавонанд ба вуҷуд оянд; дар ҳолатҳои кам — донача (сыпь) ва занбӯруғак (крапивница) мушоҳида мешаванд.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Доруҳои антихолинергӣ метавонанд таъсири зиддидиспепсии Допрокинро безарар гардонанд. Антацидҳо ва доруҳои антисекреторӣ биодастрасии Допрокинро коҳиш медиҳанд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Допрокин бояд бо эҳтиёт ба беморони гирифтори норасоии ҷигар таъин карда шавад.

Истифода дар давраи ҳомиладорӣ:

 Ҳангоми ба ҳайвонот ворид намудани домперидон дар вояҳои то 160 мг/кг/шабонарӯз таъсири тератогенӣ мушоҳида нашудааст. Допрокин дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ танҳо дар ҳолатҳое таъин карда мешавад, ки фоидаи интизоршавандаи табобат барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёдтар бошад.