КОЛЕФЕР ҚАТРАҲО
Бозгашт ба маҳсулот20 000 ВБ / 10 000 ВБ
| Шакл | Қатраҳои даҳонӣ |
|---|---|
| Фаъол модда | "Витамини A (ретинол пальмитат) / Витамини Д₃ (холекальциферол)" |
| Шакли пешниҳод | Катрахои даҳони 10 мл |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 мл дору:
- витамини A (ретинол пальмитат) — 20 000 МЕ
- витамини D₃ (холекальциферол) — 10 000 МЕ.
НИШОНДОДҲО
· норасоии витамини A ва D₃;
·табобати дастгиркунанда дар бемориҳои пӯст ва луобпардаҳо (аз ҷумла псориаз, ихтиоз, дерматозҳое, ки дар натиҷаи пешравии раванди саратонӣ ба вуҷуд меоянд).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Колефер ба дохил, дар як қошуқи моеъ ҳал карда шуда, қабул карда мешавад.
- Навзодон аз 4-моҳагӣ то кӯдакони 12 моха — 2 қатра дар як рӯз
- Аз 1 сола то 18 сола — 3 қатра дар як рӯз
- Калонсолон - 3 қатра 2 бор дар як рӯз
- Ҳомиладорон ва занхои ширдеҳ - 3 қатра 2 бор дар як рӯз.
шАКЛИ БАРОРИШ
Қатраҳо барои қабули даҳонӣ, 10 мл дар шишача.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Витамини A (ретинол) витамини ҳалшаванда дар равған буда, барои афзоиши организм, ташаккул ва фаъолияти дурусти эпителий ва луобпардаҳо муҳим аст. Хусусияти антиоксидантӣ дошта, радикалҳои озодро безарар мекунад.
Ретинол иштирок мекунад дар:
- ташаккули родопсин (бинӣ дар торикӣ);
- мубодилаи сафеда, карбогидрат ва гормонҳо;
- фаъолияти ғадуди сипаршакл;
- кори ферментҳои ҷигар.
Витамини D₃ сатҳи калсий ва фосфатро дар хун нигоҳ медорад. Якҷоя бо паратгормон:
- ҷаббиши калсийро дар рӯда зиёд мекунад;
- хориҷшавии калсийро тавассути гурда танзим мекунад;
- ба устухонсозӣ таъсир мерасонад.
Ин барои:
- мустаҳкамии устухонҳо;
- кори асабу мушакҳо муҳим аст.
Витаминҳои A ва D₃ якҷоя тавассути ретсепторҳои RXR ва VDR таъсир карда, фаъолияти бисёр генҳоро танзим мекунанд. Аз ин сабаб дар бемориҳои пӯст (псориаз, кератоз ва ғ.) истифода мешаванд.
Фармакокинетика
Витамини A:
- дар рӯдаи борик ҷаббида мешавад (60–90%);
- дар ҷигар захира мешавад;
- бо сафедаҳо дар хун интиқол меёбад;
- ба метаболитҳо табдил меёбад;
- бо пешоб ва сафро хориҷ мешавад.
Витамини D₃:
- дар рӯдаи борик бо иштироки сафро ҷаббида мешавад (50–80%);
- ба ҷигар рафта, тағйир меёбад;
- дар ҷигар ва гурда ба шакли фаъол табдил меёбад;
- асосан бо сафро хориҷ мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба ретинол, холекальциферол ё ҳар кадоме аз ҷузъҳои ёрирасон;
· гипервитаминози витамини A ва/ё D₃;
· норасоии гурда;
· гиперкалсемия;
· синдроми мальабсорбсия;
· дар кӯдакони то 4 моха (хатари реаксияҳои ҳассосият);
·истифодаи якҷоя бо доруҳои дигар, ки витамини A ва/ё D₃ доранд манъ аст.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дар беморони ҳассос ба витамини A ва/ё D₃ (кам ба назар мерасад) ё ҳангоми истифодаи дарозмуддати вояҳои баланд мумкин аст гипервитаминози A ва D₃ инкишоф ёбад.
Инчунин мумкин аст:
- хушк шудани даҳон
- зиёд шудани калсий дар хун ва/ё пешоб
- калсификатсияи бофтаҳо
- сарчархзанӣ
- асабоният
- захмҳои кунҷи лаб (заеда)
- рехтани мӯй
- хушкшавии пӯст
- дарди шикам
- камхунӣ
- варами бофтаи зери пӯст
- дарди устухон ва буғумҳо
Одатан ин нишонаҳо баъди қатъ кардани дору пурра нест мешаванд.
Истифодаи дарозмуддати витамини A метавонад ба ҷигар зарар расонад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҷаббиши витамини A метавонад кам шавад ҳангоми истифодаи якҷоя бо:
- холестирамин, холестипол
- неомицин (даҳонӣ)
- равғани минералӣ
Дар чунин ҳолатҳо мумкин аст зиёд кардани вояи витамини A лозим шавад.
Контрасептивҳои даҳонӣ консентратсияи витамини A-ро дар плазма зиёд мекунанд.
Истифодаи якҷояи витамини A бо ретиноидҳои дигар метавонад заҳролудии онро зиёд кунад.
Вояҳои баланди витамини A (>50 000 МЕ) бо тетрациклинҳо метавонанд гипертензияи дохили косахонаи сар ба вуҷуд оранд.
Истеъмоли якҷоя бо алкогол метавонад таъсири заҳрнок ба ҷигарро зиёд кунад.
Истифодаи дарозмуддати антацидҳои дорои алюминий бо витамини D₃ метавонад сатҳи алюминийро дар хун зиёд карда, ба устухон таъсири заҳрнок расонад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
- Аз зиёд истеъмол кардан (передозировка) худдорӣ кардан лозим аст.
- Ҳангоми табобат истеъмоли маҳсулоти бой аз витамини A (масалан, ҷигар) тавсия дода намешавад.
- Дар занони ҳомила бо эҳтиёт истифода бурда шавад.
- Бо эҳтиёт ба беморон таъин карда шавад:
- беморони бистарӣ (беҳаракат)
- истифодабарандагони диуретикҳои тиазидӣ ва дигар диуретикҳо
- беморони санги гурда
- бемориҳои дил
- истифодабарандагони гликозидҳои дил
- Дар навзодоне, ки аз таваллуд фонтанели калон хурд доранд, Колефер бо эҳтиёти махсус истифода шавад.
Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
Аз вояҳои баланди витаминҳои A ва D₃ бояд худдорӣ кард, зеро онҳо метавонанд ба ҷанин таъсири заҳрнок расонанд.
Ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ вояи витамини A набояд аз 4000 МЕ дар як шабонарӯз зиёд бошад.