1000 ВБ, 2000 ВБ, 10 000 ВБ

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда Витамини Д₃ (холекальциферол)
Шакли пешниҳод 30-то капсула
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар як капсулаи мулоим:

Моддаи фаъол:

    • витамини D₃ (холекалсиферол) - 1000 МЕ (ВБ) (25 мкг) ё 2000 МЕ (ВБ) (50мкг) ё 10 000 МЕ (ВБ) (250 мкг)

 

НИШОНДОДҲО 

Ҳамчун иловаи ғизоӣ ба парҳези ҳаррӯза, ҳамчун манбаи иловагии витамини D ҳангоми ҳолатҳои норасоии витамин D истифода бурда мешавад.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Капсуларо бояд пурра фурӯ бурда, бо миқдори кофии оби нӯшокӣ истеъмол намуд.

Тавсия дода мешавад, ки ҳангоми хӯроки асосӣ қабул карда шавад.

Кӯдакон:

- Барои пешгирии норасоӣ, баъзе кӯдакон метавонанд вояи то 1000 ВБ дар як рӯзро талаб кунанд;

- Барои табобати норасоии витамини Д3 дар кудакони 10-18 сола: 2000 ВБ дар як рӯз дар давоми 6 ҳафта, пас аз он табобати профилактики бо  вояи 1000 ВБ дар як рӯз (1 капсула  1000 ВБ дар як рӯз).

Ҳомиладорлик ва давраи ширмакони:

- Барои пешгирии норасоӣ, баъзе занон метавонанд дар як рӯз вояи 1,000-2,000 ВБ талаб кунанд;

- Ҳангоми синамаконӣ, агар зан тасмим гирад, ки ба фарзандаш иловаҳои витамини D надиҳад, вояи зиёдтар талаб карда мешавад.

Калонсолон:

- Пешгирии норасоии витамини D - 1000 ВБ дар як рӯз.

- Ҳамчун илова ба табобати остеопороз: 1000 ВБ дар як рӯз.

- Табобати норасоии шадиди витамини D (дараҷаи 25(OH)D ≤ 20 нг/мл) дар калонсолон: 10 000 ВБ як маротиба дар як рӯз барои 4 ҳафта.

- Муолиҷаи норасоии сабуки витамини D: 4000 ВБ дар як рӯз то 12 ҳафта, пас аз терапияи нигоҳдорӣ дар вояи 1000 ВБ - 2000 ВБ дар як рӯз.

 Давомнокии курси истеъмол на камтар аз 3 моҳро ташкил медиҳад.

Шумораи курсҳо ва давомнокии онҳо ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад.

Пеш аз истифода машварати духтур тавсия дода мешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Капсулаҳо №30.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Витамини D ҷаббиши калсий ва фосфатҳоро дар рӯда зиёд мекунад. Истифодаи витамини D₃ рушди рахитро дар кӯдакон ва остеомалясияро дар калонсолон пешгирӣ мекунад. Ҳамчунин витамини D зиёдшавии секресияи гормони паратиреоидӣ (ПТГ)-ро, ки дар натиҷаи норасоии калсий ба вуҷуд меояд ва боиси зиёдшавии резорбсияи устухон мегардад, бозмедорад.

Ғайр аз устухонҳо ва луобпардаи рӯда, дар бисёр бофтаҳои дигар низ ретсепторҳои витамини D мавҷуданд. Шакли фаъоли гормонии витамини D — калситриол — ба ин ретсепторҳо пайваст мешавад.

Фармакокинетика

Таъсири нури офтоб: таҳти таъсири нурҳои ултрабунафш 7-дегидрохолестерин, ки дар пӯст мавҷуд аст, ба холекалсиферол табдил меёбад.

Ҷаббиш: витамини D дар рӯдаи борик хуб ҷаббида мешавад. Истеъмоли ғизо метавонад ҷаббиши онро беҳтар намояд.

Тақсимшавӣ ва биотрансформатсия: холекалсиферол ва метаболитҳои он дар хун бо сафедаи махсуси интиқолдиҳанда пайваст гардида, гардиш мекунанд. Дар ҷигар витамини D ба 25-гидроксихолекалсиферол табдил меёбад ва баъдан дар гурдаҳо ба метаболити фаъоли 1,25-дигидроксихолекалсиферол (калситриол) мубаддал мешавад, ки барои зиёд намудани ҷаббиши калсий масъул аст.

Витамини D-и метаболизмнашуда дар бофтаҳои равғанӣ ва мушакҳо захира мешавад.

Пас аз як маротиба қабул намудани дору аз роҳи даҳонӣ, консентратсияи максималии 25-гидроксихолекалсиферол дар хун тақрибан баъди 7 рӯз ба даст меояд. Давраи нимхориҷшавии тахминии он тақрибан 50 рӯзро ташкил медиҳад.

Хориҷшавӣ: витамини D ва метаболитҳои он асосан тавассути сафро ва наҷосат хориҷ мешаванд, қисми ками он бошад тавассути пешоб хориҷ мегардад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

    • ҳассосияти инфиродӣ ба ҳар кадоме аз компонентҳои маҳсулот; 
    • бемориҳои гурда дар марҳилаи декомпенсатсия. 

Огоҳӣ ҳангоми истифода:

    • аз вояи тавсияшудаи шабонарӯзӣ зиёд истифода набаред; 
    • иловаи ғизоӣ набояд ҳамчун ҷойгузини ғизои пурра ва мутавозин истифода шавад; 
    • азбаски илова равғани арахис дорад, онро шахсони гирифтори аллергия ба арахис ё лубиё (соя) истифода накунанд.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Басомади таъсирҳои номатлуб чунин муайян карда мешавад:

    • Хеле зуд-зуд (≥1/10) 
    • Зуд-зуд (≥1/100, вале <1/10) 
    • Гоҳ-гоҳ (≥1/1000, вале <1/100) 
    • Кам (≥1/10000, вале <1/1000) 
    • Хеле кам (<1/10000) 
    • Басомад номаълум (аз рӯи маълумоти мавҷуда муайян карда намешавад) 

Аз ҷониби системаи иммунӣ

    • Басомад номаълум: реаксияҳои ҳассосияти баланд, аз ҷумла варами ангионевротикӣ ва варами ҳалқ. 

Аз ҷониби мубодилаи моддаҳо ва ғизогирӣ

    • Гоҳ-гоҳ: гиперкалсемия (баланд шудани сатҳи калсий дар хун), гиперкалсиурия (зиёд шудани хориҷшавии калсий бо пешоб). 

Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст

    • Кам: хориш, доначаҳои пӯст, занбӯруғак (крапивница). 

Хабар додан дар бораи таъсирҳои номатлуб

Хабар додан дар бораи таъсирҳои номатлуби эҳтимолӣ баъд аз ба қайд гирифтани дору хеле муҳим аст. Дар ҳолати пайдо шудани таъсири ҷиддии номатлуб ё таъсири наве, ки дар ин дастур зикр нашудааст, лозим аст мутобиқи низоми миллии назорати бехатарии доруҳо (фармаконадзор) хабар дода шавад. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Диуретикҳои тиазидӣ хориҷшавии калсийро бо пешоб кам мекунанд, бинобар ин хатари гиперкалсемия зиёд мешавад. Назорати мунтазами сатҳи калсий дар хун тавсия дода мешавад.

Фенитоин ва барбитуратҳо метавонанд самаранокии витамини D-ро кам кунанд, зеро метаболизмро зиёд мекунанд.

Миқдори зиёди витамини D метавонад гиперкалсемия ба вуҷуд орад ва хатари заҳролудшавии гликозидҳои дил ва аритмияҳоро зиёд кунад. Назорати ЭКГ ва калсий зарур аст.

Глюкокортикоидҳо метаболизм ва хориҷшавии витамини D-ро зиёд мекунанд, мумкин аст зиёд кардани воя лозим шавад.

Колестирамин ва доруҳои исҳоловари парафинӣ ҷаббиши витамини D-ро кам мекунанд.

Орлистат ҷаббиши холекальциферолро паст карда метавонад.

Актиномитсин ва доруҳои зиддимикробии имидазолӣ фаъолшавии витамини D-ро дар гурда кам мекунанд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳамзамон бо маҷмуаҳои поливитаминӣ, ки витамини D доранд, истифода бурдан тавсия дода намешавад.

Огоҳӣ ҳангоми истифода:

    • аз вояи тавсияшудаи шабонарӯзӣ зиёд истифода набаред; 
    • таъини вояи шабонарӯзии зиёда аз 4000 МЕ (IU) танҳо пас аз муайян намудани сатҳи 25(OH)D дар зардоби хун тавсия дода мешавад; 
    • иловаи ғизоӣ набояд ҳамчун ҷойгузини ғизои пурра ва мутавозин истифода шавад. 

Ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ

Дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ иловаи ғизоии Коледан бояд танҳо бо тавсияи духтур, ҳангоми зарурат ва бо риояи вояи тавсияшуда истифода карда шавад.