КЛОДИЗОН
Бозгашт ба маҳсулот10 мг / 75 мг / 2,63 мг
| Шакл | Хокаи лиоф. б/тазрик бо халкунанда |
|---|---|
| Фаъол модда | "Гидроксокобаламин / Диклофенаки калий / Бетаметазон натрий фосфат" |
| Шакли пешниҳод | Флакон №1+1 |
| Категорияи табобат | Системаи асаб |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
1 флакон дар бар мегирад:
гидроксокобаламин — 10 мг.
1 ампула бо ҳалкунанда дорои:
диклофенак-калий 75 мг, бетаметазон-натрий фосфат 2,63 мг;
НИШОНДОДҲО
· авҷгирии ревматизм;
·моно- ва полинейропатияҳои илтиҳобӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору барои калонсолон ба дохили мушак истифода мешавад.
Мундариҷаи флакон бо хокаи лиофилизатшуда бояд бо истифода аз маҳлули дар ампула мавҷудбуда ҳал карда шавад.
Сӯзандору ба таври амиқи дохилимушакӣ бо фосилаи чандсоата 1 ё 2 маротиба дар як рӯз гузаронида мешавад (як сӯзандору ба ҳар як мушаки сурин).
Доруи Клодизон набояд зиёда аз 2 рӯз истифода шавад.
Дору бояд бо вояи ҳадди самаранок ва дар муддати кӯтоҳтарин, вобаста ба талаботи табобати бемори мушаххас истифода карда шавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
1 флакони хокаи лиофилизатсияшуда ва 1 ампула бо 3 мл ҳалкунанда
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Клодизон — доруи якҷояшуда буда, дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ, бедардкунанда, зиддиварам ва нейротрофӣ мебошад.
Диклофенаки калий (ДЗИҒС)
- таъсири зиддиилтиҳобӣ, бедардкунанда ва пасткунандаи ҳарорат дорад;
- ферментҳои СОГ-1 ва СОГ-2-ро бозмедорад;
- ҳосилшавии миёнаравҳои дард ва илтиҳобро кам мекунад.
Бетаметазон натрий фосфат (глюкокортикостероиди босуръаттаъсир)
- таъсири қавии зиддиилтиҳобӣ ва зиддиварам дорад;
- фаъолияти фосфолипазаи A₂-ро бозмедорад;
- гузаронандагии рагҳо ва фаъолияти иммунӣ дар маҳалли илтиҳобро коҳиш медиҳад.
Гидроксокобаламин (витамини B₁₂)
- нисбат ба цианокобаламин зудтар ба шакли фаъоли коферментӣ мубаддал мешавад;
- дар хун муддати дарозтар нигоҳ дошта шуда, сусттар бо пешоб хориҷ мешавад;
- мубодилаи моддаҳо ва барқароршавии бофтаҳоро беҳтар мекунад;
- дар синтези ДНК, ташаккули миелин ва хунҳосилшавӣ иштирок мекунад;
- таъсири зиддиневритӣ дорад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои таркибии дору ва дигар ДЗИҒС;
- захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта дар марҳилаи фаъол;
- хунравии меъдаю рӯда ё сӯрохшавии девораи меъдаю рӯда;
- норасоии шадиди фаъолияти ҷигар ва гурдаҳо;
- норасоии декомпенсатсияшудаи дил;
- шакли вазнини бемории гипертония;
- микози системавӣ;
- сил дар марҳилаи фаъол;
- остеопороз;
- синдроми Иценко–Кушинг;
- диабети қанд;
- гепатитҳои вирусии A, B, гепатитҳои ғайри A ва ғайри B ва дигар сироятҳои вирусӣ;
- давраи эмгузаронӣ;
- давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ;
- воридкунии дохилимушакӣ ба беморони гирифтори пурпураи идиопатикии тромбоцитопенӣ;
- подагра;
- табобат бо антикоагулянтҳои системавӣ;
- синни кӯдакӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Ҳангоми истифодаи дору метавонанд таъсирҳои номатлуби зерин ба вуҷуд оянд:
- аксуламалҳои аллергӣ (доғ, хориш, уртикария, варами Квинке, анафилаксия);
- дард, сурхшавӣ ё сахтшавӣ дар ҷои тазриқ;
- дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам, диспепсия;
- осебҳои захмии меъдаю рӯда ва хунравии меъдаю рӯда;
- дарди сар, чарх задани сар;
- баландшавии фишори артериявӣ;
- нигоҳдории моеъ ва варамҳои канорӣ;
- баландшавии фаъолияти ферментҳои ҷигар;
- вайроншавии фаъолияти гурда;
- тағйироти нишондиҳандаҳои хун (лейкопения, тромбоцитопения, камхунӣ);
- ҳангоми истифодаи тӯлонии қисми глюкокортикостероидӣ метавонанд гипергликемия, синдроми Иценко–Кушинг, остеопороз, пастшавии масуният ва зиёдшавии хатари сироятҳо ба вуҷуд оянд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Дигар ДЗИҒС ва глюкокортикостероидҳо — хатари захм ва хунравии меъдаю рӯдаро зиёд мекунанд.
· Антикоагулянтҳо ва антиагрегантҳо — хатари хунравиро зиёд мекунанд.
· Доруҳои зиддифишорхун ва диуретикҳо — метавонанд таъсири онҳоро кам намуда, хатари осеби гурдаҳоро зиёд кунанд.
· Метотрексат — эҳтимоли зиёд шудани таъсири заҳролуди он вуҷуд дорад.
· Препаратҳои литий — метавонанд консентратсияи литийро дар хун зиёд кунанд.
· Циклоспорин ва такролимус — хатари нефротоксикӣ зиёд мешавад.
· Доруҳои пасткунандаи қанд — қисми глюкокортикостероидии дору метавонад таъсири онҳоро суст намуда, сатҳи глюкозаи хунро баланд кунад.
· Ваксинаҳои зинда — истифодаи ҳамзамон тавсия дода намешавад, зеро хатари сироят зиёд мегардад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
· Дору бояд бо вояи ҳадди ақали самаранок ва дар кӯтоҳтарин муддати имконпазир истифода шавад.
· Ҳангоми табобат назорати беморони гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда, ҷигар, гурда ва дилу рагҳо зарур аст.
· Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои хунравии меъдаю рӯда табобат бояд фавран қатъ карда шавад.
· Ҳангоми истифодаи дарозмуддат назорати фишори хун, фаъолияти ҷигар, гурда ва нишондиҳандаҳои хун тавсия дода мешавад.
· Ҳангоми пайдо шудани чархзании сар ё хоболудӣ ҳангоми идора кардани нақлиёт ва механизмҳо эҳтиёт лозим аст.
·Ҳангоми табобат аз истеъмоли машруботи спиртӣ худдорӣ кардан тавсия дода мешавад.