0,05 г/г

Шакл Гел
Фаъол модда Диклофенаки натрий
Шакли пешниҳод Гели 5 % - 45 г.
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 г гел:

Диклофенаки натрий  0,05 г.

НИШОНДОДҲО 

Гели Клодифен барои сабук кардани дард ва кам намудани илтиҳоб ва варам истифода мешавад:

    • ҳангоми бемориҳои дегенеративии буғумҳо (артрози буғуми зону ва дигар буғумҳо); 
    • ҳангоми бемориҳои ревматикии бофтаҳои нарм (тендинит, тендовагинит, капсулити буғуми китф, илтиҳоби мушакҳо ва пардаҳои фассиалӣ); 
    • ҳангоми ҷароҳатҳо ва осебҳо, аз ҷумла осебҳои варзишӣ (кашишхӯрии бандҳо, латхӯрӣ, баромадани буғум); 
    • ҳангоми илтиҳоби венаҳои сатҳӣ (ҳамчун табобати иловагӣ). 

Агар дар давоми 3 рӯзи пас аз оғози табобат ҳолати бемор беҳтар нашавад, бояд ба духтур муроҷиат намояд.

Истифодаи гели Клодифен барои кӯдакон ва наврасон тавсия дода намешавад.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Гели Клодифен бояд ба пӯсти болои минтақаи илтиҳобшуда бо қабати тунук 2–3 маротиба дар як шабонарӯз молида шавад.

Гели Клодифенро ҳангоми гузаронидани тартиби ионофорез низ истифода бурдан мумкин аст; дар ин ҳолат онро ба қутби манфӣ (катод) молидан лозим аст.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Гел - 5%, дар як туба 45г

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Диклофенак доруи зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВС) буда, дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ ва бедардкунанда мебошад. Механизми таъсири он ба боздоштани синтези простагландинҳо вобаста аст, ки дар натиҷа дард, варам ва баландшавии ҳарорат дар мавзеи илтиҳоб кам мегардад. Диклофенак инчунин агрегатсияи тромбоцитҳоро, ки аз ҷониби АДФ ва коллаген ба вуҷуд меояд, ба таври баргардонидашаванда бозмедорад.

Фармакокинетика

Диклофенак қисман тавассути пӯст ҷаббида мешавад ва раванди ҷаббиш суст мегузарад.

Пас аз молидан ба пӯст, консентратсияи максималии дору дар плазмаи хун баъди 6–9 соат ба даст меояд (пас аз истеъмоли даҳонӣ — баъди 1–2 соат). Равандҳои мубодила ва хориҷшавии диклофенак ҳангоми истифодаи берунӣ ва даҳонӣ ба ҳам монанд мебошанд.

Ҳангоми истеъмоли даҳонӣ диклофенак пурра аз рӯдаи меъдаю рӯда ҷаббида мешавад. Консентратсияи максималӣ дар плазмаи хун баъди 1–2 соат мушоҳида мегардад. Дараҷаи пайвастшавӣ бо сафедаҳои плазма тақрибан 99%-ро ташкил медиҳад.

Диклофенак дар ҷигар ба таври фаъол метаболизм мешавад (гидроксилизатсия ва конъюгатсия бо кислотаи глюкурон). Тақрибан 2/3 қисми воя бо пешоб ва 1/3 қисми он бо сафро хориҷ мешавад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  Ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол ё ҳар кадоме аз ҷузъҳои ёрирасони дору. 

·  Мавҷудияти аксуламалҳои ҳассосиятӣ дар анамнез ба кислотаи ацетилсалицилӣ ва дигар доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВС), аз ҷумла астмаи бронхиалӣ, занбӯруғак (крапивница) ё ринити шадид. 

·  Семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ. 

·  Осебҳои кушодаи пӯст, бемориҳои илтиҳобӣ ё сироятии пӯст, экзема.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аксуламалҳои номатлуб аз рӯи басомади пайдоиш чунин гурӯҳбандӣ мешаванд:

Зуд-зуд (≥1/100, <1/10):

    • дерматит (аз ҷумла дерматити тамосӣ); 
    • доначаҳои пӯст; 
    • эритема (сурхшавии пӯст); 
    • экзема; 
    • хориш. 

Кам (≥1/10000, <1/1000):

    • дерматити буллёзӣ. 

Хеле кам (<1/10000):

    • аксуламалҳои ҳассосиятӣ (аз ҷумла крапивница); 
    • варами ангионевротикӣ; 
    • доначаҳои пустулёзӣ; 
    • астмаи бронхиалӣ; 
    • аксуламалҳои ҳассосият ба нури офтоб (фотосенсибилизатсия). 

Басомад номаълум:

    • эҳсоси сӯзиш дар ҷои молидан; 
    • хушкшавии пӯст. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ҳангоми истифодаи маҳаллӣ диклофенак танҳо ба миқдори хеле кам ба гардиши умумии хун мегузарад, бинобар ин ҳангоми истифодаи дору ба вуҷуд омадани таъсирҳои мутақобилаи клиникӣ аҳамиятнок интизор намеравад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳангоми молидани дору ба минтақаҳои калони пӯст дар муддати тӯлонӣ хатари пайдо шудани таъсирҳои номатлуби умумӣ, ки ба диклофенак хос мебошанд, пурра истисно карда намешавад.

Гели Клодифен бояд танҳо ба пӯсти солим молида шавад. Молидани дору ба захмҳои кушода ё ҷойҳои осебдидаи пӯст манъ аст.

Бояд аз расидани гел ба чашмҳо ва луобпардаҳо пешгирӣ кард. Агар пас аз истифода донача ё сурхшавии пӯст пайдо шавад, истифодаи дору бояд қатъ карда шавад.

Гели Клодифенро метавон зери бандинаҳои ғайригерметикӣ истифода бурд, вале истифодаи он зери бандинаҳои герметикии ҳавоногузар тавсия дода намешавад.

Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ

Ҳомиладорӣ

Ҳангоми истифодаи маҳаллӣ консентратсияи диклофенак дар плазмаи хун нисбат ба истифодаи системавӣ хеле пасттар мебошад.

Боздоштани синтези простагландинҳо метавонад ба ҷараёни ҳомиладорӣ ва рушди ҷанин таъсири манфӣ расонад. Маълумоти эпидемиологӣ нишон медиҳанд, ки истифодаи ингибиторҳои синтези простагландинҳо дар марҳилаҳои аввали ҳомиладорӣ бо зиёд шудани хатари исқоти ҳамл, нуқсонҳои модарзодии дил ва гастрошизис алоқаманд аст. Эҳтимол меравад, ки хатари мазкур бо зиёд шудани воя ва давомнокии табобат бештар гардад.

Ширмаконӣ

Монанди дигар доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ, диклофенак ба миқдори кам ба шири модар мегузарад. Ҳангоми истифодаи маҳаллӣ дар вояҳои табобатӣ таъсири манфӣ ба кӯдаки ширмак интизор намеравад.

Азбаски таҳқиқоти клиникӣ дар занони ширдеҳ гузаронида нашудаанд, истифодаи гели Клодифен дар давраи ширмаконӣ танҳо баъд аз машварати духтур иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат доруро ба минтақаи сина, ба сатҳи васеи пӯст ё барои муддати дароз истифода бурдан лозим нест.