КЛАВОМЕД ҲАБ
Бозгашт ба маҳсулот875 мг / 125 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Амоксициллин / Кислотаи клавуланӣ |
| Шакли пешниҳод | 10-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ҳаби, руйпушшуда:
Моддаҳои фаъол:
- амоксициллин (дар шакли амоксициллин тригидрат) — 875 мг
- кислотаи клавуланӣ (дар шакли клавуланати калий) — 125 мг
НИШОНДОДҲО
Бемориҳои сироятӣ-илтиҳобӣ, ки аз ҷониби микроорганизмҳои ҳассос ба дору ба вуҷуд меоянд:
- Сироятҳои роҳҳои болоии нафас ва узвҳои ЛОР (синусити шадид ва музмин, тонзиллити шадид ва музмин, отити миёна, абссеси ҳалқ);
- Сироятҳои роҳҳои поёнии нафас (аз ҷумла обострении бронхити музмин, пневмонияи лобарӣ ва бронхопневмония, эмпиемаи плевра);
- Сироятҳои роҳҳои пешоб (цистит, уретрит, пиелонефрит);
- Сироятҳои узвҳои таносул (салпингит, салпингоофорит, эндометрит, исқоти септикӣ, пельвиоперитонит);
- Бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда (гонорея, шанкроид);
- Сироятҳои пӯст ва бофтаҳои нарм (фурункулёз, абсцесс, целлюлит, сирояти захм, флегмона);
- Сироятҳои устухон ва буғумҳо (аз ҷумла остеомиелити музмин);
- Сироятҳои роҳҳои талхагузар (холецистит, холангит);
- Сироятҳои омехта (масалан, сепсиси акушерӣ, сироятҳои дохили шикам);
- Сироятҳои одонтогенӣ (аз ҷумла абссеси дандон);
- Пешгирии сироят ҳангоми ҷарроҳӣ;
- Газидани ҳайвонот ва инсон.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Тарзи истифода ва воя
Барои беҳтар ҷаббида шудан ва кам кардани таъсирҳои номатлуби эҳтимолӣ аз ҷониби системаи ҳозима, Клавомед тавсия дода мешавад дар оғози хӯрок истеъмол карда шавад, бе хоидан ва бо миқдори ками об.
Режими воягузорӣ вобаста ба синну сол, вазни бадан, фаъолияти гурда ва дараҷаи вазнинии сироят ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад.
Табобат набояд бе баррасии ҳолати клиникӣ зиёда аз 14 рӯз идома ёбад.
Калонсолон ва кӯдакони аз 12 сола боло ё вазни зиёда аз 40 кг:
- 1 ҳаб 2 маротиба дар як рӯз.
Беморони дорои норасоии шадиди гурда (клиренси креатинин 10–30 мл/дақ):
- коҳиш додани воя ё зиёд кардани фосилаи қабули дору лозим аст.
| Клиренси креатинин | > 30 | 30–10 | < 10 |
| Фосилаи қабул | 8 соат | 12 соат | 24 соат |
Беморони дорои вайроншавии фаъолияти ҷигар:
Табобат бо эҳтиёт гузаронида мешавад; назорати мунтазами фаъолияти ҷигар тавсия дода мешавад. Маълумоти кофӣ барои муайян кардани зарурати ислоҳи воя дар ин гурӯҳи беморон мавҷуд нест.
Беморони солхӯрда:
Ислоҳи воя лозим нест.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №10
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Амоксициллин — антибиотики нимсинтетикӣ бо доираи васеи таъсир, ки бар зидди бисёр микроорганизмҳои грамм-мусбат ва грамм-манфӣ фаъол аст. Амоксициллин зери таъсири β-лактамазаҳо вайрон мешавад.
Кислотаи клавуланӣ — пайвастагии β-лактамӣ мебошад, ки қобилияти ғайрифаъол кардани доираи васеи β-лактамазаҳоро дорад, ки аз ҷониби микроорганизмҳои ба пенициллинҳо ва цефалоспоринҳо устувор ҳосил мешаванд.
Ҳузури кислотаи клавуланӣ амоксициллинро аз вайроншавии β-лактамазаҳо муҳофизат мекунад ва доираи таъсири зиддибактериявии онро васеъ менамояд, аз ҷумла ба микроорганизмҳои устувор.
Клавомед бар зидди:
- Микроорганизмҳои грамм-мусбати аэробӣ: Bacillus anthracis, Corynebacterium spp., Enterococcus faecalis, Enterococcus faecium, Listeria monocytogenes, Nocardia asteroides, Staphylococcus aureus, стафилококкҳои коагулазонегативӣ, Streptococcus spp. ва ғайра;
- Анаэробҳои грамм-мусбат: Clostridium spp., Peptococcus spp., Peptostreptococcus spp.;
- Микроорганизмҳои грамм-манфии аэробӣ: Escherichia coli, Haemophilus influenzae ва ғайра;
- Анаэробҳои грамм-манфӣ: Bacteroides spp. (аз ҷумла Bacteroides fragilis), Fusobacterium spp.;
- Дигар микроорганизмҳо: Borrelia burgdorferi, Chlamydiae, Leptospira icterohaemorrhagiae, Treponema pallidum.
Фармакокинетика
Амоксициллин ва кислотаи клавуланӣ пас аз истеъмоли даҳонӣ хуб ҷаббида мешаванд. Консентратсияи максималӣ дар плазма тақрибан баъди 1 соат ба даст меояд. Ҳар ду компонент дар моеъҳо ва бофтаҳои организм хуб паҳн мешаванд (шуш, гӯши миёна, моеъҳои плевра ва перитонеум ва ғайра).
Амоксициллин ба ҷигар, простата, бодомакҳо, мушакҳо, талхадон ва дигар бофтаҳо мегузарад. Дар ҳолати набудани илтиҳоб ба майна ворид намешавад.
Пайвастшавӣ бо сафедаҳои плазма паст аст.
Амоксициллин асосан бо пешоб хориҷ мешавад. Давраи нимхориҷшавӣ 1–1,5 соат мебошад; ҳангоми норасоии шадиди гурда ин вақт зиёд мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- Зардпарвин ё вайроншавии фаъолияти ҷигар, ки бо истифодаи қаблии дору вобаста аст;
- Ҳассосияти баланд ба антибиотикҳои β-лактам (аз ҷумла пенициллинҳо ва цефалоспоринҳо);
- Кӯдакони то 12 сола
- Мононуклеози сироятӣ.
Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
Истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ мумкин аст, агар фоидаи пешбинишуда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин ё кӯдак зиёд бошад. Дар тадқиқотҳои таҷрибавӣ таъсири тератогенӣ муайян нашудааст.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дар аксари ҳолатҳо таъсирҳои номатлуб сабук буда ва баргардонидашаванда мебошанд.
Аз ҷониби системаи хунсозӣ:
Баъзан тағйироти кӯтоҳмуддати нишондиҳандаҳои таҳлили хун мушоҳида мешаванд.
Реаксияҳои аллергӣ:
Хориш, доначаҳои пӯст; дар беморони ҳассос реаксияҳои фаврии ҳассосият метавонанд ба вуҷуд оянд. Дар ҳолати пайдо шудани дерматити аллергӣ табобат бо Клавомед бояд қатъ карда шавад.
Аз ҷониби системаи асаби марказӣ:
Баъзан — чарх задани сар, дарди сар; камтар — гиперактивияти баргардондашаванда.
Аз ҷониби системаи ҳозима:
Диарея, дилбеҳузурӣ (махсусан ҳангоми вояҳои баланд), қайкунӣ; баъзан диспепсия.
Аз ҷониби системаи пешоббарор:
Кристаллурия.
Таъсирҳои вобаста ба амали микробиологӣ:
Баъзан — кандидози луобпардаҳо; хеле кам — колити псевдомембранозӣ ва геморрагикӣ.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Истифодаи ҳамзамони Клавомед бо пробенецид тавсия дода намешавад. Пробенецид ихроҷи қубурии амоксициллинро коҳиш медиҳад, ки боиси баландшавӣ ва дарозмуддат нигоҳ доштани сатҳи он дар хун мегардад, дар ҳоле ки сатҳи кислотаи клавуланӣ тағйир намеёбад.
Ҳангоми истифодаи ҳамзамони аллопуринол ва амоксициллин хатари пайдоиши реаксияҳои аллергӣ зиёд мешавад.
Мисли дигар антибиотикҳои спектри васеъ, Клавомед метавонад самаранокии контрасептивҳои даҳонӣ (ҳабҳои зиддиҳомиладорӣ)-ро коҳиш диҳад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Бо эҳтиёт ба бемороне таъин карда мешавад, ки ба реаксияҳои аллергӣ майл доранд, инчунин ба онҳое, ки ба антибиотикҳои гурӯҳи цефалоспорин ҳассосияти маълум доранд, зеро хатари аллергияи кроссӣ вуҷуд дорад.
Ҳангоми гумони мононуклеози сироятӣ истифодаи Клавомед бояд пешгирӣ карда шавад, зеро амоксициллин метавонад доначаҳои пӯст ба вуҷуд оварад ва ташхисро душвор созад.
Ҳангоми истифодаи дору мумкин аст ранги дандонҳо тағйир ёбад. Барои пешгирӣ риояи гигиенаи даҳон (шустани мунтазами дандонҳо) кофӣ мебошад.
Ҳангоми истифодаи ҳамзамони Клавомед ва антикоагулянтҳо назорат зарур аст, зеро мумкин аст вақти протромбин зиёд шавад.
Дар беморони дорои вайроншавии фаъолияти ҷигар дору бо эҳтиёт истифода мешавад.
Дар беморони дорои камшавии диурез хеле кам кристаллурия ба вуҷуд меояд, асосан ҳангоми терапияи парентералӣ. Ҳангоми истифодаи вояҳои баланд тавсия дода мешавад, ки миқдори кофии моеъ нӯшида шавад ва диурези мувофиқ нигоҳ дошта шавад.
Табобати дарозмуддат метавонад бо афзоиши микроорганизмҳои ҳассоснабуда ҳамроҳ шавад. Ҳангоми табобати тӯлонӣ назорати даврии фаъолияти гурда, ҷигар ва системаи хунсозӣ тавсия дода мешавад.
Таъсир ба қобилияти идоракунии нақлиёт
Клавомед ба қобилияти идоракунии нақлиёт таъсир намерасонад.
Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
Клавомед дар давраи ҳомиладорӣ метавонад истифода шавад; таъсири тератогенӣ муайян нашудааст.
Миқдори ками амоксициллин ва кислотаи клавуланӣ ба шири модар мегузарад, бинобар ин ҳангоми ширдиҳӣ эҳтиёт лозим аст.