ХОЛУДЕКСАН
Бозгашт ба маҳсулот250 мг/5 мл
| Шакл | Суспензия |
|---|---|
| Фаъол модда | Кислотаи урсодезоксихолӣ |
| Шакли пешниҳод | Флакон 100 мл |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 5 мл суспензия:
Кислотаи урсодезоксихолӣ — 250 мг.
НИШОНДОДҲО
· ҳал кардани сангҳои холестеринии талхадон;
· табобати гастрит бо рефлюкси талха;
·табобати сиррози ибтидоии билиарии ҷигар.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Ба дохил 1 маротиба дар як шабонарӯз пеш аз хоб, бо миқдори каме моеъ.
Ҳал кардани сангҳои холестеринии талхадон:
Миқдор: 10 мг кислотаи урсодезоксихолӣ ба 1 кг вазни бадан дар як рӯз, ки ба чунин мувофиқат мекунад:
| Вазни бадан (кг) | Мутобиқ (мл) |
| 5–7 | 1,25 |
| 8–12 | 2,5 |
| 13–18 | 3,75 |
| 19–25 | 5 |
| 26–35 | 7,5 |
| 36–50 | 10 |
| 51–65 | 12,5 |
| 66–80 | 15 |
| 81–100 | 20 |
Давомнокӣ: то пурра ҳал шудани сангҳо ва 3 моҳ боз барои пешгирии такроршавӣ.
Пас аз холецистэктомия — на камтар аз 3 моҳ ва бештар.
Табобати гастрити бо рефлюкси талха:
- 5 мл пеш аз хоб
- курс: аз 10–14 рӯз то 6 моҳ (дар ҳолати зарурат то 2 сол)
Дар ҳолатҳои дигар:
- миқдор: 10–15 мг/кг (то 20 мг/кг) дар як рӯз
- қабул: дар 2–3 қабул
- давомнокӣ: аз 6 моҳ то якчанд сол.
шАКЛИ БАРОРИШ
Суспензия барои истеъмоли дохилӣ дар шиша (флакон) 100 мл.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Дар гепатоцитҳо, холангиоцитҳо ва эпителиоситҳои рӯдаи ҳозима таъсири мустақими цитопротекторӣ ва мембраностабилизаторӣ дорад. Ба мембранаҳои ҳуҷайра дохил шуда, онҳоро устувор мекунад ва аз таъсири омилҳои зараровар муҳофизат менамояд.
Фаъолияти иммуномодуляторӣ дорад: экспрессияи HLA-1 дар гепатоцитҳо ва HLA-2 дар ҳуҷайраҳои роҳҳои талхадонро коҳиш медиҳад, ташаккули Т-лимфоцитҳои ситотоксикиро кам мекунад.
Консентратсияи кислотаҳои заҳрноки талхаро кам карда, ҷараёни талхаро беҳтар мекунад.
Литогенияи талхаро паст мекунад, индекси холато-холестеринро кам менамояд, ба ҳал шудани сангҳои холестеринии талхадон мусоидат мекунад ва пайдоиши сангҳои навро пешгирӣ менамояд.
Кислотаи урсодезоксихолӣ пешрафти фиброзро дар беморони сиррози ибтидоии билиарӣ, муковиссидоз ва стеатогепатити алкоголӣ суст мекунад. Хатари варикозшавии рагҳои сурхрӯдаро коҳиш медиҳад.
Равандҳои апоптоз (пиршавӣ ва марги ҳуҷайраҳо)-ро танзим мекунад. Рушди ҳуҷайраҳои саратони рӯдаи ғафсро суст мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба компонентҳои дору;
· сангҳои рентгенпозитивӣ (бо миқдори зиёди калсий) дар талхадон;
· талхадони ғайрифаъол;
· бемориҳои шадиди илтиҳобии талхадон, роҳҳои талха ва рӯда;
· сиррози ҷигар дар марҳилаи декомпенсация;
· норасоии шадиди ҷигар ва/ё гурда;
· панкреатит;
·семоҳаи I ҳомиладорӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аз ҷониби рӯдаи ҳозима: наҷоси мулоим, дарунравӣ; хеле кам — дард дар қисми рости шикам ҳангоми табобати сиррози ибтидоии билиарӣ.
Аз ҷониби ҷигар ва роҳҳои талха: хеле кам — калсийшавии сангҳои талха, декомпенсацияи сиррози ҷигар ҳангоми табобати марҳилаҳои пешрафтаи сиррози ибтидоии билиарӣ.
Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст: хеле кам — крапивница.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Антацидҳо ва қатронҳои ион-ивазкунанда (холестирамин) ҷаббшавии доруро кам мекунанд; онҳоро бояд 2 соат пеш ё баъд аз қабули Холудексан истифода бурд.
Метавонад ҷаббшавии циклоспоринро зиёд кунад, бинобар ин миқдори циклоспорин бояд танзим карда шавад.
Холудексан метавонад ҷаббшавии ципрофлоксацинро коҳиш диҳад.
Доруҳои гиполипидемикӣ, эстрогенҳо, неомицин ё прогестинҳо сершавии талхаро бо холестерин зиёд мекунанд ва метавонанд қобилияти доруро барои ҳал кардани сангҳои холестеринии талхадон кам намоянд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Истифода дар семоҳаи II ва III-и ҳомиладорӣ мумкин аст, агар фоидаи интизоршаванда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёд бошад.
Истифода дар кӯдакон:
Барои истифодаи дору дар кӯдакон маҳдудияти синнӣ вуҷуд надорад.