3500 ВБ / 220ВБ / 11,2 ВБ / 125 мг/3,51 мг/ 4,14 мг /4,53 мг / 0,006 мг / 0,414 мг/ 17,25 мг/ 0,069 мг/ 46 мг

Шакл Хокаи лиоф. б/тазр.
Фаъол модда "Ретинол пальмитат / Холекалсиферол / DL-α-токоферол / Кислотаи аскорбинат / Кокарбоксилаза / Рибофлавин / Пиридоксин гидрохлорид / Сианокобаламин / Кислотаи фолатӣ / Декспантенол / D-биотин / Никотинамид"
Шакли пешниҳод Флакон №10
Категорияи табобат Мубодилаи моддахо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

1 флакон дорои:

Моддаҳои фаъол:

    • ретинол палмитат — 1,925 мг (баробар ба 3500 ВМ витамини A); 
    • холекалсиферол — 220 ВМ (баробар ба 0,0055 мг витамини D₃); 
    • DL-α-токоферол — 10,2 мг (баробар ба 11,2 ВМ витамини E); 
    • кислотаи аскорбин (витамини C) — 125 мг; 
    • кокарбоксилаза тетрагидрат — 5,80 мг (баробар ба 3,51 мг тиамин (витамини B₁)); 
    • рибофлавин натрий фосфат — 5,67 мг (баробар ба 4,14 мг рибофлавин (витамини B₂)); 
    • пиридоксин гидрохлорид — 5,50 мг (баробар ба 4,53 мг пиридоксин (витамини B₆)); 
    • цианокобаламин (витамини B₁₂) — 0,006 мг; 
    • кислотаи фолий — 0,414 мг; 
    • декспантенол — 16,15 мг (баробар ба 17,25 мг кислотаи пантотенӣ); 
    • D-биотин — 0,069 мг; 
    • никотинамид — 46 мг.

НИШОНДОДҲО 

Барои пур кардани эҳтиёҷоти шабонарӯзии витаминҳо дар калонсолон ва кӯдакони аз 11-сола боло, ки ба воридкунии парентералии поливитаминҳо ниёз доранд, дар ҳолатҳое, ки ғизогирии энтералӣ (даҳонӣ) манъ аст, имконнопазир мебошад ё нокифоя аст (масалан, ҳангоми камғизоӣ, ихтилоли ҷаббиш дар рӯдаи меъдаву рӯда, ғизодиҳии парентералӣ ва дигар ҳолатҳои монанд).   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Тарзи ҳалкунӣ ва воридкунӣ:  Бо истифода аз сӯзандору, ба флакон 5 мл об барои тазриқ ё маҳлули 0,9% хлориди натрий ворид кунед. Маҳлули ҳосилшуда ранги зарди норинҷӣ дорад. То пурра ҳал шудани хокаи лиофилизатсияшуда омехта кунед. Пеш аз гирифтани маҳлул аз флакон, маҳсулот бояд пурра ҳал карда шавад. Маҳсулотро бо тазриқи сусти дохиливаридӣ (ҳадди аққал 10 дақиқа) ё бо инфузияи дохиливаридӣ дар 100 мл маҳлули 0,9% хлориди натрий дар давоми ҳадди аққал 30 дақиқа ворид кунед

Вояи тавсияшаванда:

    • калонсолон ва кӯдакони аз 11-сола боло — 1 флакон дар як шабонарӯз.

Барои пур кардани эҳтиёҷоти моддаҳои ғизоӣ ва пешгирии норасоии онҳо, Беградо метавонад ба таркиби омехтаҳои ғизодиҳии парентералӣ, ки карбогидратҳо, липидҳо, аминокислотаҳо ва электролитҳоро дар бар мегиранд, танҳо дар сурати тасдиқ шудани мувофиқат ва устувории ҳар як омехта дохил карда шавад.

Ҳангоми истифода бояд миқдори умумии витаминҳо аз ҳамаи манбаъҳо, аз ҷумла иловаҳои ғизоӣ, дигар доруҳои витаминӣ ва доруҳое, ки витаминҳоро ҳамчун моддаҳои ёрирасон доранд, ба назар гирифта шавад.

Дар давраи табобат назорати ҳолати клиникии бемор ва сатҳи витаминҳо дар хун барои нигоҳ доштани миқдори физиологии онҳо тавсия дода мешавад.

Бояд дар назар дошт, ки витаминҳои A, B₁ ва B₂ ба таъсири нурҳои ултрабунафш (нури мустақим ё ғайримустақими офтоб) ҳассос мебошанд.

Илова бар ин, ҳангоми зиёд будани оксиген дар маҳлул талафи витаминҳои A, B₁, C ва E метавонад зиёд шавад. Агар сатҳи кофии витаминҳо ба даст наояд, ин омилҳоро бояд ба назар гирифт.

шАКЛИ БАРОРИШ

Лиофилизат барои тайёр кардани маҳлул барои тазриқ ё инфузияи дохиливаридӣ, дар флаконҳо (бастаи 10-донагӣ).

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Беградо доруи мутавозини якҷояшуда мебошад, ки витаминҳои дар об ҳалшаванда ва дар равған ҳалшавандаро дар бар гирифта, эҳтиёҷоти шабонарӯзии организмро ба витаминҳо ҳангоми ғизодиҳии парентералӣ таъмин мекунад.

Хусусиятҳои фармакодинамикии дору бо таъсири 12 витамини таркиби он вобаста мебошанд:

    • Витамини A — дар равандҳои афзоиш ва дифференсиатсияи ҳуҷайраҳо, инчунин дар механизми физиологии биноӣ иштирок мекунад. 
    • Витамини D — мубодилаи калсий ва фосфорро дар устухонҳо ва гурдаҳо танзим менамояд. 
    • Витамини E — хусусияти антиоксидантӣ дошта, ҳуҷайраҳоро аз маҳсулоти зараровари оксидшавӣ муҳофизат мекунад. 
    • Витамини B₁ (тиамин) — ҳамчун кофермент дар мубодилаи карбогидратҳо иштирок мекунад. 
    • Витамини B₂ (рибофлавин) — дар мубодилаи энергетикии ҳуҷайраҳо, нафаскашии бофтаҳо ва мубодилаи макронутриентҳо иштирок мекунад. 
    • Витамини B₃ (никотинамид, витамини PP) — ҷузъи коферментҳои NAD ва NADP буда, дар реаксияҳои оксидшавию барқароршавӣ, нафаскашии бофтаҳо ва мубодилаи моддаҳои ғизоӣ иштирок мекунад. 
    • Витамини B₅ (кислотаи пантотенӣ) — пешгузаштаи коферменти A буда, дар мубодилаи карбогидратҳо, глюконеогенез ва синтези кислотаҳои равғанӣ, стеролҳо, гормонҳои стероидӣ ва порфиринҳо иштирок мекунад. 
    • Витамини B₆ (пиридоксин) — коферменти мубодилаи сафедаҳо, карбогидратҳо ва равғанҳо мебошад. 
    • Витамини B₁₂ (цианокобаламин) — барои синтези нуклеопротеинҳо ва миелин, афзоиши ҳуҷайраҳо, рушд ва эритропоэзи муқаррарӣ зарур аст. 
    • Витамини C (кислотаи аскорбин) — дорои таъсири антиоксидантӣ буда, барои ташаккули коллаген ва моддаи байниҳуҷайравӣ, инчунин барои синтези катехоламинҳо, карнитин, стероидҳо ва мубодилаи кислотаи фолий ва тирозин муҳим аст. 
    • Кислотаи фолий — барои синтези нуклеопротеинҳо ва нигоҳ доштани эритропоэзи муқаррарӣ зарур мебошад. 
    • Биотин — дар мубодилаи энергия, аз ҷумла дар равандҳои глюконеогенез иштирок мекунад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба моддаҳои фаъол, махсусан ба витамини B₁, ё ба ҳар кадоме аз моддаҳои ёрирасони дору, аз ҷумла сафедаи лубиё (ҳамчунин маҳсулоти дорои лубиё, зеро лецитини мицеллаи омехта аз лубиё гирифта шудааст), инчунин арахис ва маҳсулоти дорои арахис; 

  • Кудакони то 11 сола

·гипервитаминози ҳар кадоме аз витаминҳое, ки ба таркиби доруи Беградо дохил мешаванд.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Таъсирҳои номатлуб аз рӯи басомад чунин гурӯҳбандӣ мешаванд: хеле зиёд, зиёд, кам, нодир, хеле нодир ва басомади номаълум.

Аз ҷониби системаи иммунӣ:

    • басомад номаълум — реаксияҳои умумии ҳассосияти баланд (душвории нафаскашӣ, нороҳатӣ дар қафаси сина, фишор дар гулӯ, уртикария, донача, эритема, нороҳатӣ дар минтақаи эпигастрӣ); дар ҳолатҳои хеле нодир — бозистии дил бо натиҷаи марговар. 

Аз ҷониби мубодилаи моддаҳо:

    • басомад номаълум — баланд шудани сатҳи витамини A ва сафедаи пайвасткунандаи ретинол. 

Аз ҷониби системаи асаб:

    • басомад номаълум — дисгевзия (маззаи филизӣ дар даҳон). 

Аз ҷониби дил:

    • басомад номаълум — тахикардия. 

Аз ҷониби узвҳои нафас:

    • басомад номаълум — тахипноэ. 

Аз ҷониби меъдаву рӯда:

    • кам — дилбеҳузурӣ, қайкунӣ; 
    • басомад номаълум — дарунравӣ. 

Аз ҷониби ҷигар ва роҳҳои сафровӣ:

    • басомад номаълум — баланд шудани ферментҳои ҷигар (АЛТ, трансаминазаҳо, глутаматдегидрогеназа, фосфатазаи ишқорӣ, кислотаҳои сафровӣ ва гамма-глутамилтрансфераза). 

Аз ҷониби пӯст:

    • басомад номаълум — хориш. 

Ихтилолҳои умумӣ ва дар ҷои воридкунӣ:

    • зиёд — дард дар ҷои тазриқ ё инфузия; 
    • басомад номаълум — табларза, дарди умумӣ, реаксияҳо дар ҷои инфузия (аз ҷумла ҳисси сӯзиш ва донача). 

Дар бораи нишонаҳои гипервитаминози витамини A хабар дода нашудааст, аммо ҳангоми истифодаи дарозмуддат мумкин аст сатҳи витамини A ва сафедаи пайвасткунандаи ретинол дар плазма баланд шавад.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ҳангоми истифодаи Беградо бояд таъсири мутақобилаи витаминҳои таркиби он бо дигар доруҳо ба назар гирифта шавад.

Муҳимтарин таъсирҳои мутақобила:

    • Тетрациклинҳо ва дигар доруҳое, ки метавонанд псевдотумори майнаро ба вуҷуд оранд — зиёд шудани хатари ин ҳолат ҳангоми ҳамзамон истифода бурдан бо витамини A. 
    • Истеъмоли музмини машрубот — зиёд шудани хатари осеби ҷигар аз витамини A. 
    • Доруҳои зиддиташаннуҷ (фенитоин, фосфенитоин, фенобарбитал, примидон) — кислотаи фолий метавонад таъсири онҳоро коҳиш диҳад. 
    • Аспирин ва дигар доруҳои зиддиагрегантӣ — витамини E метавонад хатари хунравиро зиёд намояд. 
    • Карбамазепин, валпроат, фенитоин — метавонанд боиси норасоии кислотаи фолий ва витаминҳои B₆ ва D шаванд. 
    • Доруҳои зиддиретровирусӣ — метавонанд сатҳи витамини D-ро паст кунанд. 
    • Хлорамфеникол — таъсири витамини B₁₂-ро коҳиш медиҳад. 
    • Дефероксамин — витамини C метавонад хатари норасоии фаъолияти дилро зиёд кунад. 
    • Этионамид, теофиллин ва антагонистҳои витамини B₆ — метавонанд норасоии витамини B₆-ро ба вуҷуд оранд. 
    • Фторпиримидинҳо — кислотаи фолий метавонад таъсири заҳролудии онҳоро зиёд намояд. 
    • Антагонистҳои кислотаи фолий — самаранокии кислотаи фолийро паст мекунанд. 
    • Леводопа — пиридоксин метавонад таъсири онро кам кунад. 
    • Ретиноидҳо — хатари заҳролудшавии витамини A-ро зиёд мекунанд. 
    • Антагонистҳои витамини K (масалан, варфарин) — витамини E метавонад таъсири зиддилахташавии онҳоро пурзӯр намояд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ

Пеш аз таъйин намудани Беградо, духтур бояд барои ҳар як бемор таносуби фоидаи интизоршаванда ва хатари эҳтимолиро ба таври инфиродӣ арзёбӣ намояд.

Ҳомиладорӣ

Маълумот оид ба бехатарии истифодаи Беградо дар давраи ҳомиладорӣ маҳдуд аст. Дар ҳолати зарурӣ доруро ҳангоми ҳомиладорӣ метавон истифода бурд, ба шарте ки нишондодҳо ва вояи тавсияшуда қатъиян риоя карда шаванд, то аз зиёдшавии миқдори витаминҳо пешгирӣ гардад.

Давраи ширмаконӣ

Истифодаи Беградо ҳангоми ширмаконӣ тавсия дода намешавад, зеро хатари зиёд шудани витамини A дар навзод вуҷуд дорад.

Ҳосилхезӣ (Фертилӣ)

Маълумоти кофӣ оид ба таъсири Беградо ба ҳосилхезии мардон ва занон мавҷуд нест.