75мг/15,2 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда "Кислотаи ацетилсалицили / Гидроксиди магний"
Шакли пешниҳод 100-то ҳаб
Категорияи табобат Системаи дилу рагҳо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 хаб:

Кислотаи ацетилсалицилӣ 75 мг

Гидроксиди магний 15,2мг.

НИШОНДОДҲО 

  • Пешгирии аввалияи бемориҳои дилу рагҳо, аз ҷумла тромбоз ва синдроми шадиди коронарӣ ҳангоми мавҷудияти омилҳои хавф: гипертонияи артериявӣ, гиперхолестеринемия, диабети қанд, фарбеҳӣ (индекси массаи бадан> 30), тамокукашӣ, синни калонсолӣ ва таърихи оилавии инфаркти миокард то синни 55-солагӣ;
  • Пешгирии инфаркти такрории миокард ва тромбози рагҳо;
  • Пешгирии тромбоэмболия пас аз дахолатҳои ҷарроҳии рагҳо (шунтгузории аортокоронарӣ, ангиопластикаи коронарии транслюминалии перкутанӣ);
  • Стенокардияи ноустувор.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Ҳабҳоро даҳонӣ пурра фурӯ бурда, бо об менӯшанд. Дар ҳолати зарурӣ метавонед онҳоро тақсим, хоида ё дар об ҳал кунед.

Давомнокии табобат ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад.

    • Пешгирии аввалияи бемориҳои дилу рагҳо: 150 мг дар рӯзи аввал, баъдан 75 мг 1 маротиба дар як рӯз. 
    • Пешгирии инфаркти такрорӣ ва тромбоз: 75–150 мг/рӯз. 
    • Пешгирии тромбоэмболия пас аз ҷарроҳӣ: 75–150 мг/рӯз. 
    • Стенокардияи ноустувор: 75–150 мг/рӯз.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Ҳабҳо №100

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Кислотаи ацетилсалицилӣ (АСК) дорои таъсири бедардсозӣ, зиддиилтиҳобӣ, пасткунандаи ҳарорат ва зиддитромботикӣ мебошад. Механизми асосӣ бо боздошти баргардоннашавандаи ЦОГ-1 вобаста аст, ки синтези тромбоксани А₂ ва агрегацияи тромбоцитҳоро коҳиш медиҳад. Таъсир дар давоми ҳаёти тромбоцит боқӣ мемонад.

Гидроксиди магний таъсири антацидӣ дошта, луобпардаи меъдаю рӯдаро аз таъсири таҳрикдиҳандаи АСК муҳофизат мекунад.

Пас аз истеъмол АСК зуд ҷаббида мешавад, биодастрасӣ тақрибан 70% мебошад. Консентратсияи максималӣ дар 10–20 дақиқа (АСК) ва 0,3–2 соат (кислотаи салисилӣ) ба даст меояд. Пайвастшавӣ бо сафедаҳои плазма 66–90% аст.

АСК дар ҷигар ба кислотаи салисилӣ табдил ёфта, бо гурдаҳо хориҷ мегардад. Нисфи ҳаёт вобаста ба воя тағйир меёбад: 2–3 соат дар вояҳои паст ва то 15–30 соат дар вояҳои баланд.

Магний дар миқдори кам ҷаббида шуда, қисман бо пешоб ва асосан бо наҷосат хориҷ мешавад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

  • Ҳассосияти баланд ба кислотаи ацетилсалицилӣ (АСК), дигар компонентҳои дору ё НПВС;
  • Хунравӣ дар мағзи сар;
  • Тамоюл ба хунравӣ (норасоии витамини K, тромбоцитопения, гемофилия);
  • Астмаи бронхиалӣ ва варами Квинке, ки бо салицилатҳо ё НПВС дар таърих вобаста аст;
  • Осебҳои эрозивӣ-язвии меъдаю рӯда (дар марҳилаи шадидшавӣ);
  • Хунравии меъдаю рӯда;
  • Норасоии шадиди фаъолияти гурда (клиренси креатинин < 10 мл/дақ);
  • Норасоии шадиди ҷигар (класси B ва боло аз рӯи Child-Pugh);
  • Норасоии шадиди дил;
  • Триместрҳои I ва III ҳомиладорӣ;
  • Норасоии глюкоза-6-фосфатдегидрогеназа;
  • Истифодаи ҳамзамон бо метотрексат (> 15 мг дар ҳафта);
  • Кӯдакон ва наврасони то 18-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Асмада (кислотаи ацетилсалицилӣ + гидроксиди магний) доруи зиддитромбоцитӣ буда, таъсирҳои номатлуби он бештар бо осеби луобпардаи меъдаю рӯда вобастаанд.

Хавфҳои асосӣ: хунравии меъдаю рӯда, захмҳо, бронхоспазм, чархзании сар, садо дар гӯш, халалёбии фаъолияти ҷигар ва гурда, инчунин аксуламалҳои аллергӣ (донаҳои пӯст, варами Квинке).

Таъсирҳои номатлуби асосӣ:

    • Меъдаю рӯда: дилбеҳузурӣ, сӯзиши дил, дарди қисми болоии шикам, дарунравӣ; мумкин аст осебҳои эрозивӣ ва захмӣ; хавфи баланди хунравӣ, аз ҷумла пинҳонӣ. 
    • Системаи нафаскашӣ: метавонад бронхоспазм ва ҳамлаҳои астмаро ба вуҷуд орад. 
    • Системаи асаб: дарди сар, бехобӣ, чархзании сар, садо дар гӯш, хоболудӣ. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ҳангоми истифодаи якҷоя, Асмада таъсири доруҳои гипогликемикӣ, гепарин ва антикоагулянтҳои ғайримустақим, доруҳои тромболитикӣ ва зиддитромбоцитӣ, метотрексат, дигоксин ва кислотаи вальпроатро зиёд мекунад.

АСК таъсири диуретикҳо, ингибиторҳои ферменти табдилдиҳандаи ангиотензин (ACE), инчунин доруҳои урикозурӣ (бензбромарон, пробенецид)-ро коҳиш медиҳад. Глюкокортикостероидҳои системавӣ бо зиёд кардани хориҷшавии салицилатҳо таъсири онҳоро паст мекунанд.

Истифодаи якҷояи Асмада ва ибупрофен таъсири кардиопротективии АСК-ро кам мекунад.

Антацидҳо ва колестирамин ҷаббиши доруро кам мекунанд. Аҳамияти клиникии таъсири мутақобилаи АСК ва гидроксиди магний, ки дар таркиби дору мавҷуд аст, аз сабаби миқдори ками гидроксиди магний ночиз мебошад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Истифодаи дарозмуддати якҷояи Асмада бо НПВС бояд пешгирӣ карда шавад, зеро хавфи пайдоиши таъсирҳои номатлуб зиёд мегардад.

АСК метавонад бронхоспазм ва ҳамлаҳои астмаро ба вуҷуд орад. Инчунин метавонад ҳангоми ва баъд аз амалиётҳои ҷарроҳӣ хунравии дараҷаҳои гуногунро ба вуҷуд орад, бинобар ин пеш аз ҷарроҳии банақшагирифташуда тавсия дода мешавад, ки чанд рӯз пеш аз он қабули дору қатъ карда шавад.

Вояҳои пасти АСК метавонанд дар шахсони майлдошта подаграро ба вуҷуд оранд. Вояҳои баланд таъсири гипогликемикӣ доранд, ки онро ҳангоми таъин ба беморони гирифтори диабети қанд бояд ба назар гирифт. Аз ҳад зиёд қабул кардани АСК бо хавфи хунравии меъдаю рӯда алоқаманд аст.

Истифодаи ҳамзамон бо метотрексат хавфи таъсирҳои номатлуб аз ҷониби системаи хунсозиро зиёд мекунад. Ҳангоми истифода бо глюкокортикостероидҳои системавӣ сатҳи салицилатҳо дар хун паст мешавад, аммо пас аз қатъи онҳо хавфи зиёдатии салицилатҳо ба вуҷуд меояд.

Истифодаи якҷоя бо ибупрофен тавсия дода намешавад, зеро таъсири зиддитромбоцитии АСК (дар вояҳои то 300 мг) коҳиш ёфта, таъсири кардиопротективӣ паст мегардад.

Истифодаи якҷоя бо машрубот хавфи осеби луобпардаи меъдаю рӯда ва дароз шудани вақти хунравиро зиёд мекунад.