КСИЛАЗОЛ СПРЕЙ
Бозгашт ба маҳсулот1 мг/50 мг - 1 мл
| Шакл | Спрей |
|---|---|
| Фаъол модда | Ксилометазолин гидрохлорид / Декспантенол |
| Шакли пешниҳод | Спрейи бинӣ 10 мл |
| Категорияи табобат | Системаи узвхои нафаскаши |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 мл дору:
Моддаҳои фаъол:
- ксилометазолин гидрохлорид —1,0 мг;
- декспантенол — 50 мг.
НИШОНДОДҲО
. ·бартараф намудани баста шудани бинӣ ҳангоми бемориҳои шамолхӯрӣ;
· табобати ёрирасон барои барқароршавии луобпардаи осебдидаи бинӣ ҳангоми зуком (ринити вазомоторӣ);
· барқарор кардани нафаскашии бинӣ баъд аз ҷарроҳӣ дар ковокии бинӣ;
·кам намудани варами луобпардаи бинӣ ҳангоми бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, ки бо илтиҳоби ҷавфҳои наздибинӣ (риносинусит) ҳамроҳ мебошанд
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору барои калонсолон ва кӯдакони аз 6-сола боло таъин карда мешавад: 1 пошиш ба ҳар як роҳи бинӣ на бештар аз 3 маротиба дар як шабонарӯз.
Воя аз ҳассосияти инфиродии бемор ва таъсири клиникӣ вобаста аст.
Тарзи истифода
- Барои истифодаи дохилибинӣ.
- Ҳангоми пошидан шишачаро дар ҳолати амудӣ нигоҳ доред.
Басомади истифода
- 1 пошиш ба ҳар як роҳи бинӣ то 3 маротиба дар як рӯз.
Давомнокии табобат
- Доруро зиёда аз 7 рӯз бе тавсияи духтур истифода набаред.
- Барои кӯдакон машварати духтур зарур аст.
- Истифодаи такрорӣ танҳо баъд аз чанд рӯзи танаффус иҷозат дода мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Спрей барои бинӣ 10 мл, 1 флакон
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакокинетика
Ксилометазолин
Ҳангоми истифодаи маҳаллӣ қариб ҷаббида намешавад. Консентратсияи он дар плазмаи хун хеле паст буда, бо усулҳои муосири таҳлилӣ муайян карда намешавад.
Декспантенол
Ҳангоми истифодаи маҳаллӣ зуд ҷаббида шуда, ба кислотаи пантотенӣ табдил меёбад. Кислотаи пантотенӣ бо сафедаҳои плазмаи хун (асосан β-глобулин ва альбумин) пайваст мешавад. Консентратсияи он дар хун 0,5–1 мг/л ва дар зардоби хун тақрибан 100 мкг/л мебошад. Дар организм ба тағйироти мубодилавӣ дучор намешавад (ғайр аз дохил шудан ба коэнзими А) ва бетағйир хориҷ мешавад.
Фармакодинамика
Ксилометазолин
Ба гурӯҳи доруҳои маҳаллии тангкунандаи рагҳо (деконгестантҳо) тааллуқ дорад ва таъсири α-адреномиметикӣ дорад. Рагҳои хунгузари луобпардаи бинӣро танг карда, варам ва сурхшавиро кам менамояд, гузариши роҳҳои биниро барқарор карда, нафаскаширо осон мекунад. Таъсир баъди чанд дақиқа оғоз ёфта, то 10 соат давом мекунад.
Декспантенол
Ҳосилаи кислотаи пантотенӣ (витамини гурӯҳи B) мебошад. Барқароршавии луобпардаҳоро метезонад, мубодилаи моддаҳоро дар ҳуҷайраҳо ба эътидол меорад, тақсимшавии ҳуҷайраҳоро фаъол намуда, мустаҳкамии нахҳои коллагенро зиёд мекунад. Таъсири барқароркунанда, метаболикӣ ва зиддиилтиҳобии сабук дорад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба моддаҳои фаъол ё ягон ҷузъи ёридиҳандаи дору;
- илтиҳоби хушки луобпардаи бинӣ (ринити хушк);
- баланд шудани фишори дохили чашм, махсусан ҳангоми глаукомаи кунҷи пӯшида (танҳо барои Ксилазол, спрейи бинӣ 1 мг/50 мг);
- ҳолат баъд аз гипофизэктомияи транссфеноидалӣ ё дигар амалиётҳои ҷарроҳӣ бо кушода шудани пардаи мағзи сар дар гузашта;
- кӯдакони то 6-сола.
Бо сабаби мавҷуд будани бензалконий хлорид ҳамчун консервант, дору ба бемороне, ки ба ин модда ҳассосияти баланд доранд, таъин карда намешавад.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Гоҳ-гоҳ:
- хунравии бинӣ;
- реаксияҳои ҳассосияти баланд (варами ангионевротикӣ, доначаҳои пӯст, хориш).
Кам:
- таппиши дил;
- тахикардия;
- баландшавии фишори хун.
Хеле кам:
- аритмия;
- зиёд шудани варами луобпардаи бинӣ баъди паст шудани таъсири дору;
- хастагӣ (хоболудӣ, таъсири оромбахш);
- дарди сар;
- ташаннуҷ (махсусан дар кӯдакон);
- изтироб;
- бехобӣ;
- галлюцинатсияҳо (асосан дар кӯдакон).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ксилометазолин гидрохлорид
- Ҳангоми истифодаи якҷоя бо ингибиторҳои моноаминоксидаза (МАО), аз ҷумла транилципромин, инчунин антидепрессантҳои трицикликӣ ва доруҳои баландкунандаи фишори хун, мумкин аст фишори артериявӣ баланд шавад, зеро ин доруҳо ба системаи дилу рагҳо таъсир мерасонанд.
Декспантенол
- Дар бораи таъсири байниҳамдигарии декспантенол бо дигар доруҳо маълумот мавҷуд нест.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳангоми ринити музмин дору бояд танҳо таҳти назорати духтур истифода шавад, зеро хатари атрофияи луобпардаи бинӣ вуҷуд дорад.
Ҳангоми истифодаи симпатомиметикҳо, ки варами луобпардаро кам мекунанд, махсусан дар ҳолати истифодаи дарозмуддат ё зиёд аз меъёр, метавонад гиперемияи реактивии луобпардаи бинӣ ба вуҷуд ояд.
Ин таъсири баръакс боиси танг шудани роҳҳои бинӣ мегардад ва бемор маҷбур мешавад доруро такроран ва бештар истифода барад.
Дар натиҷа мумкин аст инкишоф ёбад:
- варами музмини луобпардаи бинӣ (ринити доругӣ);
- атрофияи луобпардаи бинӣ;
- ринити атрофии бадбӯй.
Дар ҳолатҳои сабук кофист истифодаи дору аввал дар як роҳи бинӣ қатъ карда шавад ва баъд аз нест шудани нишонаҳо — дар роҳи дигари бинӣ, то ки нафаскашии қисман нигоҳ дошта шавад.