ВИРОМИКС
Бозгашт ба маҳсулот50 мг/г + 10 мг/г
| Шакл | Малӽам |
|---|---|
| Фаъол модда | Ацикловир / Гидрокортизон |
| Шакли пешниҳод | Малӽами 5%+1% - 2 г. |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 г крем:
цикловир 50 мг, гидрокортизон 10 мг.
НИШОНДОДҲО
Сирояти такроршавандаи пӯсти лабҳо, ки аз вируси герпеси оддӣ (Herpes simplex) ба вуҷуд меояд, дар калонсолон ва кӯдакони аз 12 сола боло.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Танҳо барои истифодаи берунӣ. Калонсолон ва кӯдакони аз 12 сола боло: дору бояд 2 маротиба дар як рӯз истифода шавад. Дору бо қабати тунук ба минтақаҳои осебдида ва атрофи онҳо молида мешавад. Давомнокии табобат на камтар аз 5 рӯз мебошад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Крем барои истифодаи берунӣ 2 г.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Доруи комбинишуда, ки ацикловир ва гидрокортизонро дар бар мегирад. Ацикловир бар зидди вирусҳои Herpes simplex намудҳои 1 ва 2, Varicella zoster, вируси Эпштейн–Барр ва цитомегаловирусҳо фаъол аст. Гидрокортизон ба гурӯҳи глюкокортикостероидҳо тааллуқ дорад. Ҳангоми истифодаи берунӣ ва маҳаллӣ таъсири табобатӣ аз таъсири зиддиилтиҳобӣ, зиддихориш, зиддиаллергӣ ва зиддиэкссудативӣ вобаста мебошад.
Фармакокинетика:
Ҳангоми истифодаи маҳаллӣ ҷаббиши системавии ацикловир минималӣ мебошад; гидрокортизон метавонад аз қабати шохии эпидермис гузашта, ба қабатҳои поёнии он расад ва танҳо ба миқдори кам ҷаббида мешавад. Ҳангоми истифода дар дозаи тавсияшуда фишор ба системаи гипоталамус–гипофиз–адренал ба вуҷуд намеорад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору; осебҳои пӯст, ки аз вирусҳои дигар, сироятҳои замбӯруғӣ, бактериявӣ ва паразитарии пӯст ба вуҷуд омадаанд; омосҳои пӯст, розацеа, акнеи вулгарӣ, дерматити периоралӣ; кӯдакони то 12-сола.
Ҳомиладорӣ ва давраи ширдиҳӣ: танҳо бо тавсияи духтури табобаткунанда.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Бештар реаксияҳои маҳаллӣ дар ҷойи истифода мушоҳида мешаванд:
- сӯзиш ё хориш
- хушкшавии пӯст
- сурхшавӣ
- хориши пӯст
- таҳрик ё пӯстпартоӣ
- зиёдшавии муваққатии ҳассосияти пӯст
Камтар метавонанд ба вуҷуд оянд:
- дерматити аллергии тамосӣ
- шиддат ёфтани илтиҳоб ҳангоми истифодаи дарозмуддат ё нодуруст (бо сабаби гидрокортизон)
- тунук шудани пӯст ҳангоми истифодаи дарозмуддат дар як ҷой
- пайдо шудани рагҳои майда (телеангиэктазия) ҳангоми истифодаи дарозмуддати стероидҳо
Муҳим:
Ин дору одатан барои курси кӯтоҳ истифода мешавад, бинобар ин таъсирҳои ҷиддии номатлуб кам ба назар мерасанд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳангоми истифодаи маҳаллӣ ягон таъсири мутақобилаи муҳими доруворӣ муайян нашудааст.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Танҳо барои истифодаи кӯтоҳмуддати берунӣ пешбинӣ шудааст.
* Ба луобпардаҳо, чашмҳо ва минтақаҳои васеи пӯст истифода набаред.
* Ҳангоми дигар сироятҳои пӯст (бактериявӣ, замбӯруғӣ, паразитарӣ) бе тавсияи духтур истифода накунед.
* Агар дар давоми чанд рӯз беҳбудӣ ба назар нарасад, ташхис бояд бозбинӣ карда шавад.
* Истифодаи дарозмуддат тавсия дода намешавад, зеро гидрокортизон метавонад пӯстро тунук кунад.
* Дар минтақаи рӯй бо эҳтиёт истифода бурда шавад.
* Дар кӯдакон ва ҳангоми ҳомиладорӣ танҳо бо тавсияи духтур.