ВИНЕБРАЛ КАПС.
Бозгашт ба маҳсулот30 мг
| Шакл | Капсулаҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Винкамин |
| Шакли пешниҳод | 20-то капсула |
| Категорияи табобат | Системаи асаб |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 капсула:
винкамин — 30 мг.
НИШОНДОДҲО
Барои мутобиқсозӣ ва танзими гардиши хун дар майнаи сар мувофиқи эҳтиёҷоти метаболикии он, инчунин барои беҳтар ва нигоҳ доштани фаъолияти он истифода мешавад.
Дар ҳолатҳои зерин тавсия дода мешавад:
- пастшавии хотира;
- вайроншавии диққат;
- ангиопатияи диабетикӣ;
- осеби атеросклеротикии рагҳои майнаи сар;
- ҳолат пас аз осеби косахонаи сар ва ихтилоли шадиди гардиши хун дар майна;
- ихтилолҳои майна пас аз ишемия;
- энсефалопатияи гипертоникӣ;
- ихтилолҳои шунавоӣ ва биноӣ бо пайдоиши рагӣ;
- вайроншавии ориентация дар фазо ва вақт.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Капсулаҳои Винебрал ба дарун қабул карда мешаванд, бо миқдори кофии об фурӯ бурда мешаванд.
Ба калонсолон: 1 капсула 2 маротиба дар як шабонарӯз таъин карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Капсулаҳо №20
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Винебрал таъсири интихобии вазорегуляторӣ ба рагҳои майнаи сар дорад ва ба мутобиқшавии гардиши хун дар майна ба эҳтиёҷоти метаболикии он мусоидат мекунад.
Метаболизми майнаро тавассути афзоиши оксидшавии глюкоза беҳтар намуда, тавлиди энергияро зиёд мекунад ва фаъолияти умумии организмро баланд мебардорад.
Таъминоти оксигени нейронҳоро дар ҳолати гипоксия зиёд карда, гардиши хун дар майнаро муътадил месозад. Қобилияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад.
Дору хуб таҳаммул мешавад, токсикологии биологӣ ва гематологӣ надорад ва ба гурдаҳо ва ҷигар таъсири номатлуб намерасонад.
Фармакокинетика
Пас аз қабул зуд аз роҳи меъдаю рӯда ҷаббида мешавад. Давраи нимҳаёт 60–90 дақиқа мебошад. Бо сафедаҳои плазмаи хун ~64% пайваст мешавад.
Дар ҷигар пурра метаболизм мешавад, танҳо 4–6% дар шакли тағйирнаёфта бо пешоб хориҷ мегардад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· омоси майнаи сар;
· ҳомиладорӣ ва давраи ширмаконӣ;
·ҳассосияти баланд ба винкамин ва дигар ҷузъҳои дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аз ҷониби системаи ҳозима: дилбеҳузурӣ, сӯзиши дил, дарунравӣ, қабзият, хушкшавии даҳон.
Аз ҷониби системаи дилу рагҳо: пастшавии фишори хун, тахикардия.
Реаксияҳои аллергӣ: доғи пӯст, хориш.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳангоми истифодаи ҳамзамони Винебрал бо итраконазол ва винкристин эҳтимоли зиёд шудани нейротоксикӣ дар беморони гирифтори лейкемияи шадиди лимфобластӣ вуҷуд дорад.
Винебрал таъсири доруҳои пасткунандаи фишори хун ва антиагрегантҳоро зиёд мекунад.
Комбинатсияи хинупристин/далфопристин ҳамчун ингибитори изоферменти CYP3A4 амал карда, ҳангоми истифодаи ҳамзамон метавонад консентратсияи винкаминро дар плазмаи хун зиёд намояд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Миқдорҳои тавсияшуда набояд зиёд карда шаванд. Дар беморони гирифтори фишори баланди хун ва вайроншавии фаъолияти дил бо эҳтиёт истифода бурда шавад. Ҳангоми дарозшавии интервали Q-T ва гипокалиемия истифода бурдан манъ аст.
Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ
Ҳангоми ҳомиладорӣ ва давраи ширмаконӣ истифода бурдан манъ аст.
Таъсир ба қобилияти идора кардани воситаҳои нақлиёт ва механизмҳо
Винебрал ба қобилияти идора кардани автомобил ва иҷрои корҳое, ки суръати баланди реаксияҳои психомоториро талаб мекунанд, таъсир намерасонад.
Доруро дар ҷои дастнорас барои кӯдакон нигоҳ доред ва пас аз гузаштани муҳлати истифода онро истифода набаред.