ВЕНОДИОЛ-УЛТРА ГЕЛ
Бозгашт ба маҳсулот1000 ВБ / 20 мг / 10 мг- 1г
| Шакл | Гел |
|---|---|
| Фаъол модда | Гепарини натрий / Троксерутин / Эсцин |
| Шакли пешниҳод | Гели - 50 г. |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 г. гел:
гепарини натрий — 1000 МЕ;
троксерутин — 20 мг;
эссин — 10 мг.
НИШОНДОДҲО
· бемориҳои рагҳои рӯякӣ, аз ҷумла синдроми варикозӣ ва мушкилиҳои он, флеботромбоз, тромбофлебит, перифлебитҳои рӯякӣ ва захмҳои венозӣ;
· давраи баъди амалиёти ҷарроҳӣ дар рагҳои рӯякӣ;
·норасоии гардиши венозӣ (дисциркуляторӣ), аз ҷумла пас аз осебҳо, ки бо пайдоиши кӯфтагӣ, инфилтратҳо, варам, эҳсоси вазнинӣ дар пойҳо ва синдроми дард зоҳир мегардад.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
- Танҳо барои истифодаи беруна. Пас аз истифодаи гел дастҳоро бодиққат шустан лозим аст.
- Гелро бо қабати тунук ба қисми осебдидаи пӯсти осебнадида 2–3 маротиба дар як шабонарӯз мемоланд.
- Давомнокии истифодаи доруворӣ аз ҷониби духтур бо дарназардошти вазнинӣ ва ҷараёни беморӣ муайян карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Гел, 50 г дар туба
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Венодиол-Ультра таъсири ангиопротекторӣ дорад, варамро коҳиш медиҳад, деворҳои капиллярҳоро муҳофизат мекунад, шиддатнокии гематомаҳоро кам мекунад ва эҳсоси вазнинӣ дар пойҳоро бартараф менамояд.
Гепарин синтези тромбинро бозмедорад, таъсири антикоагулянтӣ, зиддиилтиҳобӣ ва зиддиэкссудативӣ дорад.
Эсцин (аз тухми Aesculus hippocastanum) таъсири зиддиворамӣ, зиддиилтиҳобӣ ва венотоникӣ мерасонад.
Троксерутин таъсири антиоксидантӣ дорад, гузарандагии капиллярҳоро кам мекунад ва девори рагҳоро муҳофизат менамояд.
Фармакокинетика
Гепарин ҳангоми истифодаи маҳаллӣ ба гардиши умумӣ кам ҷаббида мешавад ва ба параметрҳои лахташавии хун таъсир намерасонад.
Фармакокинетикаи эсцин ҳангоми истифодаи маҳаллӣ омӯхта нашудааст. Троксерутин пас аз истифода зуд ба пӯст ворид шуда, дар дерма тақрибан баъди 30 дақиқа ва дар бофтаи равғанӣ баъди 2–5 соат муайян мегардад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба моддаҳои фаъол ё ба ҳар яке аз моддаҳои ёрирасоне, ки ба таркиби дору дохил мешаванд;
·осебҳои пӯст (сӯхтагӣ, экзема, захмҳои кушода).
Кӯдакон ва наврасон
- Бехатарӣ ва самаранокии истифодаи ин комбинатсия дар кӯдакон ва наврасони то 12-сола муайян карда нашудааст.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст: кам — дерматити аллергӣ (хориш, сурхшавӣ, донача), эҳсоси сӯзиш дар пӯст.
Одатан, ин аломатҳо пас аз қатъ намудани истифодаи дору зуд аз байн мераванд.
Ҳангоми пайдо шудани чунин ҳолатҳо, истифодаи доруро қатъ намуда, ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Истифодаи гел дар як қисми пӯст ҳамзамон бо дигар воситаҳои барои истифодаи маҳаллӣ тавсия дода намешавад.
·Истифодаи гепарин метавонад боиси дароз шудани вақти протромбинӣ дар бемороне гардад, ки антикоагулянтҳои даҳонӣ қабул мекунанд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Истифода дар беморони гирифтори хунравӣ бояд бодиққат арзёбӣ карда шавад.
Доруро ҳангоми хунравӣ истифода бурдан, инчунин ба захмҳои кушода, луобпардаҳо, минтақаҳои экзематозӣ, илтиҳобӣ ё осебдидаи пӯст, аз ҷумла сӯхтагӣ, молидан мумкин нест.
Дар ҳолати илтиҳоби пӯст, тромбофлебит ё сахтшавии зери пӯст, дарди шадид, захмҳо ё варами ногаҳонии як ё ҳар ду пой, инчунин ҳангоми норасоии дил ё гурда, бемор бояд ба духтур муроҷиат кунад, зеро ин метавонад нишонаи бемории ҷиддӣ бошад.
Истифодаи гел табобатҳои иловагии пешгирикунанда ё терапевтиро иваз намекунад (масалан, компрессҳои хунук ё ҷӯробҳои компрессионии тиббӣ).
Бояд аз ворид шудани гел ба чашм ва луобпардаҳо пешгирӣ кард. Пас аз ҳар истифода дастҳоро бодиққат шустан лозим аст.
Бехатарӣ ва самаранокии ин комбинатсия дар кӯдакон то 12-сола муайян нашудааст, бинобар ин истифодаи он дар ин гурӯҳ манъ аст.
Доруворӣ дорои метилпарагидроксибензоат ва пропилпарагидроксибензоат мебошад, ки метавонанд реаксияҳои аллергӣ (аз ҷумла дер) ба вуҷуд оранд.
Ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ
Маълумоти кофӣ оид ба истифода дар ҳомиладорӣ вуҷуд надорад. Барои эҳтиёт, истифода дар семоҳаи якум ва давраи ширмаконӣ тавсия дода намешавад. Дар семоҳаи дуюм ва сеюм танҳо бо таъиноти духтур мумкин аст.
Таъсир ба қобилияти ронандагӣ
Венодиол-Ултра ба қобилияти рондани нақлиёт ва идоракунии механизмҳо таъсир намерасонад.