ВЕНОДИОЛ ҲАБ
Бозгашт ба маҳсулот450 мг / 50 мг / 100 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Диосмин / Гесперидин / Кислотаи аскорбинат |
| Шакли пешниҳод | 30-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар як ҳаб аст:
- диосмин — 450 мг
- гесперидин — 50 мг
- кислотаи аскорбин (витамини C) — 100 мг.
НИШОНДОДҲО
· норасоии музмини венозии андомҳои поёнӣ (табияти функсионалӣ ва органикӣ): эҳсоси вазнинӣ дар пойҳо, дард, ташаннуҷ (судорга), ихтилолҳои трофикӣ;
·табобати симптоматии геморрои шадид.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Ҳабҳоро ба дохил қабул намуда, бе ҷоғидан бо миқдори кофии об фурӯ мебаранд.
Вояи шабонарӯзии стандартӣ истифодаи доруро осон мегардонад.
Ду тарзи қабул имконпазир аст:
- 1 ҳаб 2 маротиба дар як шабонарӯз ҳангоми ғизо дар тамоми давраи табобат;
- ё 1 ҳаб 2 маротиба дар як шабонарӯз дар давоми 2 ҳафтаи аввал, сипас 2 ҳаб 1 маротиба дар як шабонарӯз ҳангоми ғизо.
Давомнокии табобат ба вазнинӣ ва ҷараёни беморӣ вобаста аст:
- шаклҳои ибтидоӣ: одатан курси 2-моҳа (2–3 маротиба дар як сол);
- ҳолатҳои вазнин: 3–4 моҳ;
- захмҳои трофикии венозӣ: 6 моҳ ё бештар.
Ҳангоми геморрои шадид:
- 6 ҳаб дар як шабонарӯз (4 рӯзи аввал),
- сипас 4 ҳаб дар як шабонарӯз (3 рӯзи баъдӣ).
Ба дору одат пайдо намешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №30
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Венодиол таъсири ангиопротекторӣ ва венотоникӣ дорад. Кашишпазирии рагҳоро кам намуда, тонуси онҳоро баланд мебардорад ва рукуди венозиро коҳиш медиҳад; гузарандагӣ ва нозукии капиллярҳоро паст карда, устувории онҳоро зиёд менамояд; микроциркулятсия ва ҷараёни лимфаро беҳтар мекунад.
Кислотаи аскорбин (витамини C), ки ба таркиби дору дохил аст, чандирии рагҳоро беҳтар намуда, гузарандагии капиллярҳоро танзим мекунад, ба хунсозии муътадил мусоидат намуда, қобилияти муҳофизатии организмро баланд мебардорад.
Ҳангоми истифодаи мунтазам, нишонаҳои клиникии норасоии музмини венозии андомҳои поёнӣ коҳиш меёбанд.
Фармакокинетика
Таъсири терапевтии дору ба таъсири маҷмӯии ҷузъҳои он вобаста мебошад, бинобар ин омӯзиши фармакокинетикӣ имконнопазир аст.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба ҳар яке аз ҷузъҳои дору;
·синни кӯдакон то 18 сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Таъсирҳои номусоиде, ки боиси қатъ намудани истифодаи дору шаванд, ба қайд гирифта нашудаанд.
Танҳо дар баъзе беморон дар рӯзҳои аввали қабул реаксияҳои вегетативӣ мушоҳида мешаванд (заъфи умумӣ, сарчархзанӣ, эҳсоси гармӣ ва хориш ё карахтӣ дар пӯсти андомҳои поёнӣ).
Пайдо шудани чунин аломатҳо сабаб барои қатъ намудани дору нест, зеро онҳо одатан дар давоми 2–3 ҳафта худ аз худ аз байн мераванд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳеҷ гуна таъсири клиникии муҳим дар робита бо дигар доруворӣ тавсиф нашудааст.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳангоми шиддатёбии геморрой истифодаи Венодиол табобати махсуси бемориҳои минтақаи аноректалиро иваз намекунад. Дору бо курси кӯтоҳ таъин карда мешавад. Дар сурати самаранок набудани табобат, гузаронидани ташхиси иловагӣ ва ислоҳи терапия зарур аст.
Ба беморони гирифтори ихтилоли гардиши венозӣ тавсия дода мешавад, ки аз дароз истодан дар офтоб худдорӣ намоянд, вазни баданро кам кунанд ва ҷӯробҳои махсуси компрессиониро истифода баранд.
Бо эҳтиёт ба беморони гирифтори осебҳои эрозивӣ-язвии рӯдаи меъда дар марҳилаи шиддатёбӣ таъин карда мешавад.
Ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ
То ҳол дар бораи таъсири номатлуб ҳангоми истифода дар ҳомиладорӣ маълумот дода нашудааст. Ширмаконӣ дар давраи табобат бо Венодиол тавсия дода намешавад, зеро маълумот дар бораи гузариши моддаҳои фаъол ба шири модар вуҷуд надорад. Дар таҳқиқоти таҷрибавӣ таъсири тератогенӣ муайян нашудааст.
Истифода дар педиатрия
Маълумот оид ба бехатарӣ ва самаранокӣ дар кӯдакон вуҷуд надорад.
Таъсир ба қобилияти ронандагӣ
Венодиол ба қобилияти идоракунии воситаҳои нақлиёт ва механизмҳо таъсир намерасонад.
Доруро бояд дар ҷои барои кӯдакон дастнорас нигоҳ дошт ва пас аз ба охир расидани муҳлат истифода набурд.