200 мг/3 мг

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда "Консентрати хушки афшураи клюква / экстракти хушки меваи клюква"
Шакли пешниҳод 60-то капсула
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

1 капсула дар бар мегирад:

    • консентрати хушки шарбати клюкваи калонмева — 200 мг
    • экстракти хушки меваҳои клюкваи калонмева — 3 мг.

НИШОНДОДҲО 

Цунами барои табобати маҷмӯӣ ва пешгирии ҳолатҳои зерин тавсия дода мешавад:

    • сироятҳои системаи пешобу таносул дар калонсолон ва кӯдакон; 
    • сироятҳои системаи пешобу таносул дар занони ҳомиладор; 
    • сироятҳои системаи пешобу таносул дар беморони баъди трансплантатсияи гурда.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Доруи Цунами пас аз хӯрок бо миқдори кофии об қабул карда мешавад.

Барои кӯдакони то 3-сола ва бемороне, ки капсуларо пурра фурӯ бурда наметавонанд:

    • капсуларо кушоед; 
    • муҳтавояшро ба қошуқ резед; 
    • бо миқдори ками ғизо ё моеъ омехта кунед. 

Барои пешгирӣ:

    • кӯдакони 1–3 сола — 1 капсула дар як рӯз
    • кӯдакони аз 3-сола боло ва калонсолон — 2 капсула дар як рӯз

Дар таркиби табобати маҷмӯии сироятҳо:

    • 2–6 капсула дар як рӯз

Давомнокии табобат:

    • 3–4 ҳафта
    • пас аз 2 ҳафта танаффус, курсро метавон такрор кард.

шАКЛИ БАРОРИШ

Капсулаҳо  №60.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Цунами аз ду компоненти фаъол иборат аст:

    • консентрати хушки шарбати клюква (NutriCran®); 
    • экстракти хушки меваи клюква (CystiCran®). 

NutriCran® дорои миқдори зиёди кислотаҳои органикӣ (хининӣ ва бензойӣ) мебошад, ки таъсири зиддибактериявӣ доранд.

CystiCran® дорои проантоцианидинҳо мебошад, ки хусусиятҳои зерин доранд:

    • антиоксидантӣ; 
    • зиддиилтиҳобӣ; 
    • зиддиаллергӣ; 
    • мусоидаткунандаи шифои захм. 

Проантоцианидинҳо:

    • ҳосилшавии миёнаравҳои илтиҳобиро бозмедоранд; 
    • часпидани бактерияҳо, махсусан Escherichia coli, ба эпителияи роҳҳои пешобро пешгирӣ мекунанд ва рушди сироятҳоро кам мекунанд. 

Клюква инчунин манбаи бойи:

    • флавоноидҳо (рутин, кверцетин); 
    • пектинҳо; 
    • антоцианидинҳо; 
    • витамини C мебошад. 

Ин моддаҳо:

    • ҳуҷайраҳоро аз таъсири радикалҳои озод муҳофизат мекунанд; 
    • девораи капиллярҳоро мустаҳкам менамоянд; 
    • муқовимати организмро ба сироятҳо зиёд мекунанд; 
    • ноустуворӣ ва гузаронандагии капиллярҳоро кам мекунанд. 

Рутин таъсири витамини C-ро пурқувват мекунад.

Бо сабаби фаъолияти зиддимикробӣ, Цунами:

    • эҳтиёҷро ба антибиотикҳо кам мекунад; 
    • муқовимати организмро зиёд мекунад; 
    • хатари такроршавии бемориҳои илтиҳобии роҳҳои пешобро паст мекунад. 

Цунами антисептики табиӣ буда, метавонад ҳам мустақилона ва ҳам дар таркиби табобати маҷмӯии сироятҳои музмин истифода шавад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

    • таҳаммулнопазирии инфиродӣ ё ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору; 
    • бемориҳои шадиди илтиҳобии узвҳои меъдаю рӯда (захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта).

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Эҳтимоли пайдо шудани аксуламалҳои аллергӣ вуҷуд дорад.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Цунами метавонад ҳамзамон бо табобати доруҳои зиддибактериявӣ истифода шавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

    • Ҳангоми мавҷуд будани нишондодҳо истифода дар давраи ҳомиладорӣ мумкин аст. 
    • Имконияти истифода дар давраи ширмаконӣ аз ҷониби духтур ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад. 

Истифода дар педиатрия:

    • Дору метавонад дар кӯдакони аз 1-сола боло истифода шавад.