"1500 МЕ / 1,0 мг / 1,2 мг / 1,5 мг / 60,0 мг / 400 МЕ / 12,0 мг / 7 МЕ / 1,5 мкг / 0,1 мг / 2,0 мг"

Шакл Шарбат
Фаъол модда Витамини A / Витамини B₁ / Витамини B₂ / Витамини B₆ / Витамини C / Витамини Д₃ / Витамини PP / Витамини E / Витамини B₁₂ / Витамини B₉ / Витамини B₅
Шакли пешниҳод Флакон 100 мл
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 10 мл шарбат:

    • Витамини A — 1500 МЕ 
    • Витамини B1 — 1,0 мг 
    • Витамини B2 — 1,2 мг 
    • Витамини B6 — 1,5 мг 
    • Витамини C — 60,0 мг 
    • Витамини D3 — 400 МЕ 
    • Витамини PP — 12,0 мг 
    • Витамини E — 7 МЕ 
    • Витамини B12 — 1,5 мкг 
    • Витамини B9 — 0,1 мг 
    • Витамини B5 — 2,0 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  Пешгирии гипо- ва авитаминозҳо; 

·  бори зиёди ҷисмонӣ ва зеҳнӣ; 

·  ба танзим даровардани равандҳои мубодилавӣ; 

·  давраи барқароршавӣ пас аз бемориҳо; 

·баланд бардоштани муқовимати организм ба бемориҳои сироятӣ ва шамолхӯрӣ.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дар кӯдакони то 1-сола дору бо вояи аз ҷониби духтур муайяншуда истифода мешавад.

Кӯдакони аз 1 то 3 сола: 5 мл дар як рӯз.

 Кӯдакони аз 4 то 10 сола: 10 мл дар як рӯз.

 Калонсолон ва кӯдакони аз 10-сола боло: 10–20 мл дар як рӯз.

Давраи табобат 10–20 рузро ташкил медиҳад. Курси такрорӣ танҳо баъд аз машварати духтур гузаронида мешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Шарбат дар флакон 100 мл.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Сановит — доруи комбинатсионии поливитаминӣ мебошад, ки таъсири он ба хусусиятҳои компонентҳои дар таркиб буда вобаста аст. Витаминҳо дар мубодилаи моддаҳо ҳамчун катализатор ва танзимгари равандҳои биохимиявӣ ва физиологӣ иштирок мекунанд.

Витамини A ба афзоиши муқаррарӣ мусоидат карда, дар ташаккул ва нигоҳдории сохтор ва фаъолияти устухонҳо, дандонҳо, пӯст ва инчунин дар синтези пигменти биноӣ иштирок мекунад.

Витамини B1 ба фаъолияти муқаррарии системаи асаб мусоидат мекунад.

Витамини B2 дар нафаскашии бофтаҳо ва мубодилаи сафедаҳо, карбогидратҳо ва чарбҳо иштирок мекунад.

Витамини B5 ба таркиби коферменти А дохил мешавад (пайвастагии органикии ғайрисафедавӣ, ки барои фаъолияти ферментҳо зарур аст) ва дар равандҳои барқароршавии пӯст ва луобпардаҳо нақши муҳим дорад.

Витамини B6 ба нигоҳдории сохтор ва фаъолияти устухонҳо, дандонҳо ва милкҳо мусоидат мекунад ва ба эритропоэз таъсир мерасонад.

Витамини B9 барои афзоиш, рушд ва афзоиши бофтаҳо, махсусан барои хунсозӣ ва эмбриогенез муҳим аст; қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмониро зиёд мекунад ва ихроҷи кислотаи хлорид дар меъдаро таҳрик медиҳад.

Витамини B12 дар эритропоэз иштирок мекунад ва ба фаъолияти муқаррарии системаи асаб мусоидат менамояд.

Витамини C дорои хосиятҳои қавии барқароркунанда буда, дар безараргардонии моддаҳои заҳрнок иштирок мекунад, барои синтези коллаген (ҷузъи сохтории рагҳо, пайҳо, пайвандҳо ва устухонҳо) ва табдили холестерин ба кислотаҳои талх зарур аст. Он сохтор ва фаъолияти устухонҳо, дандонҳо ва милкҳоро дастгирӣ мекунад ва деворҳои капиллярҳоро мустаҳкам менамояд.

Витамини D3 ҷаббиши калсийро дар рӯдаи борик зиёд мекунад, синтези сафедаҳои пайвандкунандаи калсийро таҳрик медиҳад ва реабсорбсияи калсийро дар найчаҳои гурда зиёд мекунад. Дар таҷдиди бофтаи устухон иштирок карда, ба ғадудҳои сипаршакл, парасипаршакл ва ҷинсӣ таъсир мерасонад ва минерализатсияи устухонҳоро таъмин мекунад.

Витамини E антиоксидант мебошад, ки ҳуҷайраҳоро аз осеб ва пиршавӣ муҳофизат мекунад, пайдоиши радикалҳои озодро пешгирӣ мекунад ва фаъолияти мушакҳо ва ғадудҳои ҷинсиро дастгирӣ мекунад.

Витамини PP ба таркиби ферментҳо дохил мешавад, ки дар нафаскашии ҳуҷайравӣ ва мубодилаи сафедаҳо иштирок мекунанд ва фаъолияти системаи асаб ва узвҳои ҳозимаро танзим менамоянд.

Таъсири Сановит ба маҷмӯи хосиятҳои компонентҳои он вобаста аст, бинобар ин гузаронидани тадқиқоти фармакокинетикӣ имконнопазир мебошад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Реаксияҳои аллергӣ имконпазиранд. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ҳамзамон бо дигар комплексҳои поливитаминӣ гирифтани Сановит тавсия дода намешавад, махсусан бо доруҳое, ки витаминҳои A ва D доранд, барои пешгирии аз меъёр зиёд истеъмол кардан.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Аз меъёрҳои тавсияшуда зиёд қабул накунед. Имкон дорад пешоб ранги зардии шадид гирад, ки ба мавҷудияти рибофлавин дар таркиби дору вобаста аст.