СПЕНТЕН
Бозгашт ба маҳсулот50 мг/г
| Шакл | Малӽам |
|---|---|
| Фаъол модда | Декспантенол |
| Шакли пешниҳод | Малӽами 5% - 30 г. |
| Категорияи табобат | Беморихои пуст |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 г малхам:
- Декспантенол — 50 мг.
НИШОНДОДҲО
· пешгирӣ ва табобати хушкшавии пӯст ҳангоми вайрон шудани якпорчагии он;
· пешгирӣ ва табобати дерматити памперсӣ дар навзодон;
· пешгирӣ ва табобати шикофҳои пистон дар занони ширдеҳ;
·фаъолсозии раванди шифоёбӣ ҳангоми осебҳои хурди пӯст, сӯхтани сабук, харошидагӣ, ангезиши пӯст, захмҳои музмин, пролежни, шикофҳо ва пас аз пайвандсозии пӯст.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Крем барои истифодаи беруна пешбинӣ шудааст. Кремро ба қабати тунук 1–3 маротиба дар як рӯз ба сатҳи осебдида мемоланд ва сабук молиш медиҳанд.
Ҳангоми нигоҳубини ғадуди ширӣ кремро ба минтақаи пистонҳо пас аз ҳар як ширдиҳӣ мемоланд. Пеш аз ширдиҳии навбатӣ пистонҳоро бояд шуста тоза кард.
Ҳангоми нигоҳубини кӯдакони ширмак крем ҳангоми ҳар як иваз кардани памперс (пелёнка) истифода бурда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Крем барои истифодаи беруна, 30 г.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Декспантенол дар ҳуҷайраҳои пӯст зуд ба кислотаи пантотенӣ табдил меёбад, ки он ҷузъи коэнзими А мебошад ва ҳам дар ташаккул ва ҳам дар шифоёбии пӯсти осебдида нақши муҳим дорад. Он барқароршавии пӯстро таҳрик дода, мубодилаи ҳуҷайравиро ба ҳолати муътадил меорад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
- аксуламалҳои аллергӣ;
- дерматити тамосӣ ва аллергӣ;
- хориш;
- экзема;
- эритема;
- донача (сыпь);
- крапивница;
- ангезиши пӯст;
- доначаи обиладор (пузырчакӣ).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Дар бораи таъсири мутақобила бо дигар доруҳо маълумот мавҷуд нест.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
- бояд аз расидани крем ба чашм худдорӣ кард.
Истифода дар ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ:
- кремро ҳангоми ҳомиладорӣ ва давраи ширдиҳӣ истифода бурдан мумкин аст.
Истифода дар педиатрия:
- дору дар навзодон ва кӯдакони ширмак истифода мешавад.