СИМЕСПАСМИЛ
Бозгашт ба маҳсулот60 мг / 300 мг
| Шакл | Капсулаҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Алверин цитрат / Симетикон |
| Шакли пешниҳод | 40-то капсула |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 капсула:
- Алверин цитрат — 60 мг
- Симетикон — 300 мг.
НИШОНДОДҲО
· табобати симптоматикии ихтилолҳои функсионалии рӯда, ки бо варами шикам ва метеоризм ҳамроҳ мешаванд (махсусан синдроми рӯдаи ғафси асабонӣ);
·омодасозии комплексӣ барои ташхисҳои рентгенологӣ, УЗИ ё инструменталии узвҳои холигоҳи шикам.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Капсулаҳо пурра, бидуни хоидан, бо миқдори кофии об қабул карда мешаванд.
Доруро ба андозаи 1 капсула 2–3 маротиба дар як рӯз пеш аз хӯрок дар давоми 3–4 ҳафта қабул мекунанд.
шАКЛИ БАРОРИШ
Капсулаҳо №40
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Симеспасмил доруи омехта мебошад, ки таъсири он аз компонентҳои таркибиаш вобаста аст. Таъсири спазмолитикӣ дошта, истеҳсоли газро дар рӯда кам мекунад.
Алверин доруи спазмолитикӣ мебошад, ки мустақиман ба мушакҳои ҳамвори рӯдаи ҳозима таъсир мерасонад. Механизми таъсир бо боздоштани фосфодиэстераза ва ҷамъшавии цикликии аденозинмонофосфат дар дохили ҳуҷайра алоқаманд аст, ки баъдан боиси басташавии каналҳои калтсий дар ҳуҷайраҳои мушакҳои ҳамвор мегардад.
Симетикон кашиши сатҳии ҳубобчаҳои газро кам карда, боиси вайроншавии онҳо мегардад. Газҳои озодшуда қисман дар рӯда ҷаббида шуда, инчунин тавассути перисталтика хориҷ мешаванд.
Фармакокинетика
Цитрати алверин аз рӯдаи ҳозима хеле суст ҷаббида мешавад ва пас аз истеъмоли даҳонӣ биодастрасии паст дорад. Консентратсияи максималӣ дар плазма ба тақрибан 0,15% вояи қабулшуда баробар аст. Сатҳи он дар плазма дар давоми 6 соат устувор мемонад.
Симетикон бинобар инертии физиологӣ ва химиявӣ дар организм ҷаббида намешавад ва бетағйир тавассути рӯдаи ҳозима хориҷ мегардад.
Пас аз қабул таъсир дар давоми 30–60 дақиқа оғоз шуда, 3–4 соат давом мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба ягон ҷузъи дору;
- басташавии рӯда (кишечная непроходимость);
- ҳомиладорӣ ва давраи ширдиҳӣ;
- кӯдакон ва наврасони то 18-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· донача (сыпь);
· хориш;
· варами рӯй, забон ва ҳалқ;
· ихтилоли нафаскашӣ;
· аксуламалҳои аллергӣ;
· дарди сар;
· сарчархзанӣ;
· дилбеҳузурӣ;
·қабзият.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳолатҳои таъсири мутақобилаи доруи Симеспасмил бо дигар доруҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳангоми пайдо шудани аломатҳое, ки пеш аз басташавии рӯда (кишечная непроходимость) ба вуҷуд меоянд, бояд эҳтиёткорӣ риоя карда шавад.