405 мг / 100 мг / 125 мг- 5 мл

Шакл Суспензия
Фаъол модда "Алюминий гидроксид / Магний гидроксид / Симетикон"
Шакли пешниҳод Флакон 250 мл
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 5 мл суспензия мавҷуд аст:

    • Гидроксиди алюминий — 405 мг; 
    • Гидроксиди магний — 100 мг; 
    • Симетикон — 125 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  табобати симптоматикии диспепсия; 

·  табобати симптоматикии сӯзиши дил (зардаҷӯш); 

·табобати симптоматикии метеоризм (дамиши шикам).   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Калонсолон ва кӯдакони аз 5-сола боло:

    • 5–10 мл 20–60 дақиқа баъд аз хӯрок ва пеш аз хоб, ё ҳангоми зарурат қабул карда мешавад. 

Кӯдакони то 5-сола:

    • на бештар аз 5 мл 3 маротиба дар як шабонарӯз

Беморони синни калонсол:

    • вояе, ки барои калонсолон тавсия дода мешавад, истифода мегардад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Суспензия барои қабул аз роҳи даҳон, 250 мл дар флакон.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Сималгел маҷмӯи ду антацид — гидроксиди алюминий ва гидроксиди магний, инчунин воситаи зидди метеоризм (симетикон) мебошад.

Гидроксиди магний антациди зудтаъсир буда, гидроксиди алюминий антациди сусттаъсир мебошад. Омезиши онҳо оғози босуръати таъсир ва давомнокии тӯлонии таъсири доруро таъмин мекунад.

Гидроксиди алюминий таъсири қабзкунанда дорад ва метавонад ҳаракати рӯдаро суст намояд, аммо ин таъсир бо таъсири гидроксиди магний, ки хусусияти сабуки исҳоловар дорад, ҷуброн карда мешавад.

Симетикон пайдоиши ҳубобчаҳои газро пешгирӣ намуда, ба вайроншавии онҳо мусоидат мекунад. Газҳои озодшуда тавассути девори рӯда ҷаббида шуда, бо шарофати перисталтика аз организм хориҷ мешаванд.

Фармакокинетика

Дору амалан ҷаббида намешавад ва мувозинати электролитҳои организмро вайрон намекунад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои таркибии дору; 

·  вайроншавии фаъолияти гурдаҳо; 

·кӯдакони то 10-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

·  хориш; 

·  крапивница; 

·  ангиоэдема; 

·  аксуламалҳои анафилактикӣ; 

·  дарунравӣ ё қабзият; 

·  гипермагниемия; 

·  гипералюминемия; 

·гипофосфатемия.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Фосилаи байни қабули Сималгел ва дигар доруҳо бояд на камтар аз 1 соат бошад, зеро ҳангоми истифодаи ҳамзамон ҷабби дигар доруҳо метавонад коҳиш ёбад. 

·  Истифодаи ҳамзамони гидроксиди алюминий ва доруҳои дорои ситрат метавонад сатҳи алюминийро дар организм зиёд намояд, махсусан дар беморони гирифтори вайроншавии фаъолияти гурдаҳо.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Гидроксиди алюминий метавонад қабзият ба вуҷуд орад, дар ҳоле ки зиёд истеъмол кардани намакҳои магний метавонад боиси паст шудани ҳаракати рӯда (гипокинезияи рӯда) гардад. Истифодаи вояҳои баланд метавонад дар беморони дорои хатари баланд (беморони гирифтори вайроншавии кори гурдаҳо ва одамони синни калонсол) баста шудани рӯдаро ба вуҷуд орад ё онро бадтар кунад.

Гидроксиди алюминий аз рӯдаи ҳозима кам ҷаббида мешавад, бинобар ин таъсирҳои системавӣ дар беморони дорои фаъолияти муътадили гурдаҳо хеле кам ба назар мерасанд.