1000 мг/ 4 мл

Шакл Маҳлул барои тазриқ
Фаъол модда Цитиколин
Шакли пешниҳод 5-то ампула 4 мл
Категорияи табобат Системаи асаб

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 ампула (4 мл) :

ситиколин 1000 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  давраи шадиди инсулт 

·  давраи барқароршавии инсулти ишемикӣ ва геморрагӣ 

·  осеби мағзи сар (ЧМТ), давраи шадид ва барқароршавӣ 

·ихтилолҳои неврологӣ (когнитивӣ, ҳиссӣ ва ҳаракатӣ), ки аз тағйироти дегенеративӣ ва ихтилоли рагҳои мағзи сар ба вуҷуд омадаанд.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Барои воридкунии дохили вена ё дохили мушак.

Ба дохили вена дар шакли сусти тазриқ (дар давоми 5 дақиқа) ё инфузияи қатрагӣ (40–60 қатра дар як дақиқа) истифода мешавад.

Дар давраи шадиди инсулт ва осеби мағзи сар (ЧМТ) табобат бо воридкунии дохили вена бо вояи 1000–2000 мг дар як рӯз, вобаста ба вазнинии беморӣ, дар давоми ду ҳафта оғоз мешавад, баъд ба воридкунии дохили мушак 1–2 тазриқ (500–2000 мг) дар як рӯз ё истеъмоли даҳонӣ то 45–90 рӯз гузаронида мешавад.

Воя ва давомнокии табобат метавонанд аз рӯи тавсияи духтур тағйир дода шаванд.

шАКЛИ БАРОРИШ

Маҳлули тазриқӣ дар ампулаҳо 4 мл №5.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Ситиколин биосинтези фосфолипидҳои сохториро дар мембранаи нейронҳо ҳавасманд мекунад, ки ба беҳтар шудани вазифаи мембранаҳо, аз ҷумла кори насосҳои ионотабадул ва нейрорецепторҳо мусоидат мекунад. Бо таъсири устуворкунанда ба мембрана ситиколин дорои хосияти зиддиварамӣ мебошад, бинобар ин варами мағзи сарро кам мекунад. Ситиколин фаъолияти баъзе фосфолипазҳоро бозмедорад, хориҷшавии радикалҳои озодро маҳдуд мекунад, осеби системаҳои мембранавиро пешгирӣ мекунад ва нигоҳдории системаи муҳофизатии антиоксидантиро таъмин менамояд.

Ситиколин ҳаҷми бофтаи осебдидаро кам мекунад, марги ҳуҷайраҳоро тавассути таъсир ба механизмҳои апоптоз пешгирӣ мекунад ва интиқоли холинергикиро беҳтар мекунад. Ҳамчунин ситиколин таъсири нейропротектории пешгирикунанда ҳангоми инсултҳои очагии майна дорад.

Ситиколин ба барқароршавии босуръати функсионалии беморон ҳангоми вайроншавии шадиди гардиши хуни мағзи сар мусоидат мекунад ва осеби ишемиявии бофтаи мағзро кам мекунад, ки бо натиҷаҳои тадқиқоти рентгенологӣ тасдиқ мешавад.

Ҳангоми осеби мағзи сар (ЧМТ) ситиколин давраи барқароршавиро кӯтоҳ мекунад ва шиддати синдроми баъдиосебиро кам мекунад.

Ситиколин фаъолияти майнаро беҳтар мекунад, сатҳи амнезияро кам мекунад ва ҳолати вайроншавиҳои когнитивӣ, сенситивӣ ва моториро, ки дар ишемияи мағз дида мешаванд, беҳтар месозад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору 

·баланд шудани тонуси системаи асаби парасимпатикӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Реаксияҳои номатлуб хеле кам ба амал меоянд (<1/10000), аз ҷумла ҳолатҳои алоҳида:

    • реаксияҳои аллергӣ, крапивница, экзантема, сурхшавии пӯст то ранги бунафш, хориши пӯст, варам, эҳтимоли инкишофи шоки анафилактикӣ 
    • дарди сар, чарх задани сар, галлюцинацияҳо, ҳаяҷон, бехобӣ, баландшавии ҳарорат, ҳисси гармӣ, ларзиш 
    • диспноэ 
    • дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ 
    • баландшавӣ ё пастшавии кӯтоҳмуддати фишори хун.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ситиколин таъсири леводопаро зиёд мекунад.

 Дору набояд ҳамзамон бо доруҳое, ки меклофеноксат доранд, таъин карда шавад.

 Сертозин метавонад ҳамзамон бо воситаҳои қатъкунандаи хунравӣ, доруҳои зиддигипертензии дохили косахонаи сар ва маҳлулҳои стандартии перфузия истифода шавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳангоми хунравии устувори дохили косахонаи сар, вояи дору набояд аз 1000 мг дар як рӯз зиёд бошад ва суръати воридкунии дохили вена 30 қатра дар як дақиқа.

Дору бояд фавран пас аз кушодани ампула истифода шавад. Ампула танҳо барои як маротиба истифода пешбинӣ шудааст. Боқимондаи дору бояд нобуд карда шавад.