СЕРТОЗИН
Бозгашт ба маҳсулот100 мг / мл
| Шакл | Маҳлул барои истеъмоли даҳонӣ |
|---|---|
| Фаъол модда | Цитиколин |
| Шакли пешниҳод | Флакон 30 мл |
| Категорияи табобат | Системаи асаб |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
1 мл дору дар бар мегирад:
ситиколин 100 мг.
НИШОНДОДҲО
· давраи шадиди инсулти ишемикӣ (дар таркиби терапияи комплексӣ)
· давраи барқароршавӣ пас аз инсулти ишемикӣ ва геморрагӣ
· осеби мағзи сар (ЧМТ), давраи шадид (дар таркиби терапияи комплексӣ) ва барқароршавӣ
·ихтилолҳои когнитивӣ ва рафторӣ ҳангоми бемориҳои дегенеративӣ ва рагҳои мағзи сар.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Сертозин маҳлули барои қабул дар дохил (даҳонӣ) таъин карда мешавад. Пеш аз истифода дору метавонад дар миқдори ками об (120 мл ё ½ стакан) ҳал карда шавад. Дору ҳангоми хӯрок ё байни хӯрокҳо қабул карда мешавад.
Реҷаи тавсияшудаи истеъмол:
Давраи шадиди инсулти ишемикӣ ва ЧМТ: 1000 мг (10 мл) ҳар 12 соат. Давомнокии табобат на камтар аз 6 ҳафта мебошад.
Давраи барқароршавӣ пас аз инсулти ишемикӣ ва геморрагӣ, давраи барқароршавии ЧМТ, ихтилолҳои когнитивӣ ва рафторӣ ҳангоми бемориҳои дегенеративӣ ва рагҳои мағзи сар: 500–2000 мг дар як рӯз (5–10 мл 1–2 маротиба дар як рӯз). Воя ва давомнокии табобат вобаста ба вазнинии нишонаҳо муайян карда мешавад.
Кӯдакон: 100 мг (1 мл дору) 2–3 маротиба дар як рӯз. Дар кӯдакон шакли барориш — флаконҳои 30 мл бо сӯзандоруи дозакунӣ, бо тақсимоти 1 мл, 2 мл ва 3 мл истифода мешавад.
Дар амалияи педиатрӣ дору танҳо зери назорати қатъии духтур истифода мешавад.
Барои беморони солхӯрда ислоҳи воя лозим нест.
шАКЛИ БАРОРИШ
Маҳлул барои истифодаи даруни 100 мг\мл дар шишаи 30 мл
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Ситиколин ҳамчун пешгузаштаи ҷузъҳои муҳими ультраструктурии мембранаи ҳуҷайра (асосан фосфолипидҳо) дорои доираи васеи таъсир мебошад: ба барқароршавии мембранаҳои осебдидаи ҳуҷайра мусоидат мекунад, фаъолияти фосфолипазҳоро бозмедорад, ташаккули зиёди радикалҳои озодро пешгирӣ мекунад ва инчунин марги ҳуҷайраҳоро тавассути таъсир ба механизмҳои апоптоз пешгирӣ менамояд. Дар давраи шадиди инсулт ситиколин ҳаҷми осеби бофтаи мағзи сарро кам карда, интиқоли холинергикиро беҳтар мекунад. Ҳангоми осеби мағзи сар (ЧМТ) давомнокии комаи баъдиосебиро кам мекунад ва шиддати нишонаҳои неврологиро паст менамояд, инчунин давраи барқароршавиро кӯтоҳ мекунад.
Ҳангоми гипоксияи музмини мағзи сар ситиколин дар табобати ихтилолҳои когнитивӣ самаранок мебошад, аз ҷумла бадшавии хотира, беинисиятӣ, душвориҳо дар иҷрои корҳои рӯзмарра ва худхизматрасонӣ. Сатҳи диққат ва шуурро баланд мекунад ва зуҳуроти амнезияро кам менамояд.
Ситиколин дар табобати ихтилолҳои ҳассосӣ ва ҳаракатии неврологӣ, ки пайдоиши дегенеративӣ ва рагӣ доранд, самаранок мебошад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору
· беморони гирифтори ваготонияи шадид (бартарии тонуси қисми парасимпатикии системаи асаби вегетативӣ)
·норасоии шикасти ферментативии фруктоза (синдроми малабсорбсия) бо сабаби мавҷудияти сорбитол дар таркиб.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Хеле кам (<1/10000), аз ҷумла ҳолатҳои алоҳида:
- реаксияҳои аллергӣ (доғ, хориши пӯст, шоки анафилактикӣ)
- дарди сар, чарх задани сар, ҳисси гармӣ, ларзиш
- дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ
- галлюцинацияҳо, варам, нафастангӣ, бехобӣ, ҳаяҷон
- камшавии иштиҳо, карахтшавӣ дар дасту поҳои фалаҷшуда
- тағйирёбии фаъолияти ферментҳои ҷигар.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳамкории клиникии муҳим байни ситиколин ва дигар доруҳо тавсиф нашудааст.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дар шароити хунук метавонад миқдори ками кристаллҳо ба вуҷуд ояд, ки дар натиҷаи кристаллизатсияи муваққатии қисман консерванти дору мебошад. Ҳангоми нигоҳдории минбаъда дар шароити тавсияшуда кристаллҳо дар давоми чанд моҳ ҳал мешаванд. Мавҷудияти кристаллҳо ба сифати дору таъсир намерасонад.