СЕРТОХОЛ
Бозгашт ба маҳсулот250 мг
| Шакл | Капсулаҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Кислотаи урсодезоксихолӣ |
| Шакли пешниҳод | 20-то капсула |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 капсула мавҷуд аст:
Кислотаи урсодезоксихолӣ — 250 мг.
НИШОНДОДҲО
· ҳал намудани сангҳои холестеринии халтаи сафро. Сангҳо набояд дар рентген намоён бошанд, андозаи онҳо набояд аз 15 мм зиёд бошад ва фаъолияти халтаи сафро бояд нигоҳ дошта шуда бошад;
· табобати ихтилолҳои гепатобилиарӣ, ки бо муковисцидоз алоқаманданд, дар кӯдакони аз 6 то 18-сола;
·сиррози ибтидоии билиарии ҷигар дар ҳолате, ки нишонаҳои декомпенсатсия вуҷуд надоранд.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Барои ҳал намудани сангҳои холестеринии сафро
Вояи дору ба таври инфиродӣ интихоб карда мешавад. Одатан вояи шабонарӯзии тавсияшаванда 10–15 мг/кг вазни бадан мебошад.
Капсулаҳоро тавсия дода мешавад як маротиба дар як шабонарӯз пеш аз хоб, бо миқдори ками об қабул намоянд.
Давомнокии табобат аз 6 то 12 моҳ аст.
Самаранокии табобат бояд ҳар 6 моҳ бо ёрии ташхиси ултрасадоӣ ё рентгенологӣ назорат карда шавад.
Агар пас аз 6 моҳи табобат андозаи сангҳои сафро кам нашавад, идома додани табобат мувофиқи мақсад нест.
Барои пешгирии такроршавии бемории сангҳои сафро тавсия дода мешавад, ки қабули дору 3–4 моҳи дигар пас аз пурра ҳал шудани сангҳо идома дода шавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Капсулахо №20
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Кислотаи урсодезоксихолӣ кислотаи сафровӣ мебошад, ки миқдори холестеринро дар сафро асосан тавассути ҳал намудани холестерин ва ташаккули фазаи моеи кристаллӣ кам мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол, кислотаҳои сафро ё ягон ҷузъи ёрирасони дору;
· бемориҳои шадиди илтиҳобии халтаи сафро ва роҳҳои сафровӣ;
· баста шудани роҳҳои сафровӣ (окклюзияи роҳи умумии сафро ё роҳи сафровии халтаи сафро);
· ҳамлаҳои зуд-зуди коликаи ҷигарӣ (сафровӣ);
· вайроншавии фаъолияти кашишхӯрии халтаи сафро;
·ҳассосияти баланд ба кислотаи урсодезоксихолӣ ё дигар ҷузъҳои ёрирасони дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· Аз ҷониби узвҳои ҳозима: наҷосати мулоим ё дарунравӣ.
· Аз ҷониби ҷигар ва роҳҳои сафровӣ: калтсийшавии сангҳои сафро (хеле кам); декомпенсатсияи сиррози ҷигар ҳангоми табобати сиррози ибтидоии билиарӣ (хеле кам, одатан баъд аз қатъи табобат қисман барқарор мешавад).
·Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст: крапивница (хеле кам).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Колестирамин, колестипол, ангишти фаъол, инчунин антацидҳое, ки гидроксиди алюминий ё смектит (оксиди алюминий) доранд, ҷабби кислотаи урсодезоксихолиро дар рӯда кам карда, самаранокии онро паст мекунанд. Агар истифодаи якҷоя зарур бошад, онҳо бояд на камтар аз 2 соат пеш аз қабули Сертохол қабул карда шаванд.
· Кислотаи урсодезоксихолӣ метавонад ҷабби циклоспоринро аз рӯда зиёд намояд. Ҳангоми истифодаи якҷоя сатҳи циклоспорин дар хун бояд назорат шуда, дар ҳолати зарурӣ вояи он ислоҳ карда шавад.
· Дар баъзе ҳолатҳо Сертохол метавонад ҷабби ципрофлоксацинро кам кунад.
· Тадқиқотҳои клиникӣ нишон додаанд, ки кислотаи урсодезоксихолӣ (500 мг дар як шабонарӯз) метавонад консентратсияи розувастатинро дар плазмаи хун каме зиёд намояд. Аҳамияти клиникии ин таъсир барои дигар статинҳо маълум нест.
·Кислотаи урсодезоксихолӣ метавонад ферменти CYP3A-и системаи цитохроми P450-ро фаъол созад, ки метавонад таъсири баъзе доруҳо (масалан, дапсон)-ро коҳиш диҳад.
·Доруҳои пасткунандаи липидҳо (махсусан клофибрат), эстрогенҳо ва контрасептивҳои даҳонии дорои эстроген миқдори холестеринро дар сафро зиёд намуда, қобилияти доруро барои ҳал намудани сангҳои холестеринии сафро коҳиш медиҳанд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳангоми табобат фаъолияти ҷигар (АЛТ, АСТ, γ-ГТ, фосфатазаи ишқорӣ ва билирубин) бояд мунтазам назорат карда шавад: ҳар 4 ҳафта дар давоми 3 моҳи аввал ва баъдан ҳар 3 моҳ.
Ҳангоми табобати сиррози ибтидоии билиарӣ дар ҳолатҳои нодир мумкин аст нишонаҳои беморӣ (масалан, хориш) муваққатан шиддат ёбанд. Дар чунин ҳолатҳо тавсия дода мешавад, ки воя муваққатан кам карда шуда, баъдан тадриҷан зиёд карда шавад.
Ҳангоми истифода барои ҳал намудани сангҳои холестеринии сафро бояд ҳар 6 моҳ бо УЗИ ё ташхиси рентгенологӣ назорат гузаронида шавад. Агар пас аз 6 моҳ андозаи сангҳо кам нашавад, идомаи табобат мувофиқи мақсад нест.
Доруро танҳо ҳангоми нигоҳ доштани фаъолияти халтаи сафро ва дар мавриди сангҳои холестеринии ғайрикалтсийшуда истифода бурдан лозим аст.
Занони қобили таваллуд ҳангоми табобат бояд аз усулҳои боэътимоди пешгирии ҳомиладорӣ истифода баранд. Истифодаи усулҳои ғайригормонӣ ё контрасептивҳои даҳонии дорои миқдори ками эстроген афзалият дорад.