СЕМАДОР НС
Бозгашт ба маҳсулот55 мкг / воя
| Шакл | Спрей |
|---|---|
| Фаъол модда | Триамцинолон |
| Шакли пешниҳод | Спрейи бинӣ 120 воя |
| Категорияи табобат | Системаи узвхои нафаскаши |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
1 воя дорои:
- Триамсинолон ацетонид — 55 мкг.
НИШОНДОДҲО
- Пешгирӣ ва табобати ринити аллергии мавсимӣ ва доимӣ.
- Бартараф намудани нишонаҳои ринити аллергӣ, аз ҷумла:
- бандшавии бинӣ;
- хориши бинӣ;
- атса;
- ҷорӣ шудани об аз бинӣ.
Дору танҳо ҳангоми истифодаи курсии табобатӣ самаранок аст ва барои бартараф намудани фаврии нишонаҳо пешбинӣ нашудааст.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору ба дохили бинӣ истифода бурда мешавад.
Барои калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло:
- вояи тавсияшаванда — 220 мкг дар як шабонарӯз (2 пошиш ба ҳар як роҳи бинӣ) 1 маротиба дар як рӯз;
- ҳангоми зарурат вояро то 440 мкг дар як шабонарӯз зиёд кардан мумкин аст, якбора ё ба 2–4 қабул тақсим карда мешавад.
Кӯдакони 6–12 сола:
- вояи тавсияшаванда — 110 мкг дар як шабонарӯз (1 пошиш ба ҳар як роҳи бинӣ) 1 маротиба дар як рӯз;
- ҳадди аксари вояи шабонарӯзӣ — 220 мкг.
Пас аз ба даст овардани таъсири табобатӣ, воя бояд тадриҷан то 110 мкг дар як шабонарӯз кам карда шавад, ҳар 4–7 рӯз ба андозаи 55 мкг (1 пошиш) коҳиш дода мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Спрейи бинӣ, флакон 120 воя.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Триамсинолон ацетонид таъсири зиддиилтиҳобӣ, зиддиаллергӣ ва зиддиварамӣ дорад.
Ҳассосияти баланди роҳҳои нафасро коҳиш медиҳад. Дар вояҳои табобатӣ амалан таъсири системавӣ надорад, фаъолияти қишри ғадуди болои гурдаро пахш намекунад, инчунин боиси нигоҳдории натрий ва пайдоиши варам намегардад.
Таъсири дору тақрибан баъд аз 12 соат оғоз шуда, таъсири максималии табобатӣ дар рӯзҳои 4–7-уми истифодаи мунтазам ба даст меояд.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- Ҳассосияти баланд ба триамсинолон ацетонид ё дигар ҷузъҳои дору.
- Кӯдакони то 2-сола.
- Ҳомиладорӣ.
- Давраи ширмаконӣ.
Бо эҳтиёт истифода бурда шавад
- Сил.
- Сироятҳои шадиди замбӯруғӣ.
- Сироятҳои шадиди бактериявӣ.
- Сироятҳои шадиди вирусӣ.
- Осеби герпетикии чашм.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· Дарди сар.
· Атса.
· Сулфа.
· Хушкшавии луобпардаи бинӣ.
· Хашмгиншавии луобпардаи бинӣ.
· Фарингит.
· Хунравии бинӣ.
· Ринит.
·Сирояти замбӯруғии бинӣ ва ҳалқ.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳангоми истифодаи дохилибинӣ ҷабби системавии триамсинолон ацетонид хеле кам аст, бинобар ин эҳтимоли таъсири мутақобилаи аз ҷиҳати клиникӣ муҳим бо дигар доруҳо ночиз мебошад.
Ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо дигар кортикостероидҳо эҳтиёт лозим аст, зеро метавонад таъсири системавии глюкокортикостероидҳо зиёд гардад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
· Дору танҳо барои истифодаи дохили бинӣ пешбинӣ шудааст.
· Таъсири пурраи табобатӣ танҳо ҳангоми истифодаи мунтазам ба даст меояд, на баъд аз истифодаи аввал.
· Аз вояи тавсияшуда зиёд истифода набаред.
· Ҳангоми истифодаи дарозмуддат ҳолати луобпардаи бинӣ бояд давра ба давра назорат карда шавад.
· Агар нишонаҳои сирояти замбӯруғии маҳаллӣ пайдо шаванд, истифодаи доруро қатъ намуда, ба духтур муроҷиат кунед.
· Дар бемороне, ки ба наздикӣ ҷарроҳӣ ё осеби бинӣ доштаанд, то пурра шифо ёфтан бо эҳтиёт истифода бурда шавад.
· Ҳангоми истифодаи дарозмуддат дар кӯдакон назорати афзоиш тавсия дода мешавад.
·Агар нишонаҳо беҳтар нашаванд ё бадтар гарданд, ба духтур муроҷиат намоед.