РОКСЕТ
Бозгашт ба маҳсулот20 мг/г
| Шакл | Гел |
|---|---|
| Фаъол модда | Троксерутин |
| Шакли пешниҳод | Гели 2 % - 40 г. |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 г гел:
Троксерутин — 20 мг.
НИШОНДОДҲО
· норасоии музмини венагӣ;
· синдроми пешазварикозӣ ва варикозӣ;
· тромбофлебити сатҳӣ, флебит ва ҳолатҳои пас аз флебит;
· табобати комплексии бемории геморрой;
· варам ва дард ҳангоми осеб ва васеъшавии рагҳо (варикоз);
·крампҳои мушакӣ (кашишҳои дарди мушаки пой).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Танҳо барои истифодаи беруна.
Гели Роксет ба минтақаи осебдида дар қабати тунук субҳ ва шом молида мешавад ва бо ҳаракатҳои нарми масҳ то пурра ҷаббида шудан молиш дода мешавад.
Гел бӯй надорад ва доғҳои равғанӣ дар либос намегузорад.
Дар ҳолатҳои вазнин табобати якҷоя бо капсулаҳои троксерутин тавсия дода мешавад.
Ҳангоми норасоии музмини венагӣ табобати якҷоя то бартараф шудани нишонаҳо идома дода мешавад.
Миқдор ва давомнокии истифода аз ҷониби духтур вобаста ба вазнинии беморӣ муайян карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Гел барои истифодаи беруна 2%- 40 г.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика:
Роксет омехтаи биофлавоноидҳо буда, ҳадди аққал 95% троксерутин дорад. Троксерутин гузариши баланди капиллярҳоро кам карда, тонуси рагҳоро зиёд мекунад.
Он таъсири васеъшавии рагҳоро, ки аз гистамин, брадикинин ва ацетилхолин ба вуҷуд меояд, кам мекунад, ба бофтаҳои атрофи раг таъсири зиддиилтиҳобӣ дорад ва девораҳои капиллярро устувор месозад.
Троксерутин асосан дар эндотелияи венулаҳо ҷамъ мешавад ва ба девори рагҳо амиқ ворид мешавад.
Он ҳуҷайраҳоро аз осеби оксидшавӣ муҳофизат мекунад ва пероксидшавии липидҳоро коҳиш медиҳад.
Ҳамчунин фаъолияти нейтрофилҳоро кам карда, часпиши эритроситҳоро паст мекунад ва гардиши хунро беҳтар месозад.
Дору варам ва дардро кам карда, ғизогирии бофтаҳоро беҳтар мекунад ва нишонаҳои норасоии венагиро бартараф мекунад.
Роксет таъсири венотоникӣ, капилляропротекторӣ, зиддиэкссудативӣ ва гемостатикӣ дорад.
Фармакокинетика:
Баъд аз истифодаи беруна, моддаи фаъол аз гел ҷудо шуда, дар давоми ~30 дақиқа ба дерма ва дар 2–5 соат ба бофтаи зери пӯст мерасад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба троксерутин ё ба ягон ҷузъи ёрирасони дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дар ҳолатҳои хеле кам метавонад реаксияҳои аллергӣ ба амал оянд, аз ҷумла таҳрики пӯст, сурхшавӣ, хориш, доначаҳои пӯст, дерматит ва ангиоэдема. Одатан ин нишонаҳо баъд аз қатъ кардани истифодаи дору зуд бартараф мешаванд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Дар бораи таъсири мутақобила бо дигар доруҳо маълумот мавҷуд нест.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дору набояд ба луобпардаҳо, захмҳои кушода ва минтақаҳои экземавии пӯст истифода шавад. Бензалконий хлорид, ки дар таркиби доруи Роксет мавҷуд аст, метавонад реаксияҳои аллергӣ ба вуҷуд орад.
Истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ:
Дар бораи таъсири манфии дору ҳангоми истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ маълумот мавҷуд нест. Истифодаи дору дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ ва дар давраи ширдиҳӣ тавсия дода намешавад.
Истифода дар педиатрия:
Барои истифодаи дору дар кӯдакон манъият вуҷуд надорад. Тадқиқоти клиникии мувофиқ дар ин гурӯҳи беморон гузаронида нашудааст.
Таъсир ба қобилияти идора кардани воситаҳои нақлиёт ва механизмҳо:
Дору ба қобилияти идора кардани воситаҳои нақлиёт ва кор бо механизмҳое, ки суръати баланди реаксияҳои психомоториро талаб мекунанд, таъсир намерасонад.