1000 мг / 100 мг

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда Равғани моҳӣ / Равғани сабзаи гандум
Шакли пешниҳод 20-то капсула
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 капсула:

    • равғани моҳӣ (EPA/DHA 30%) — 1000 мг 
    • равғани сабзаи гандум — 100 мг.

НИШОНДОДҲО 

    • гипертриглицеридемия; 
    • артроз ва артритҳои гуногун; 
    • бемориҳои аутоиммунӣ (склерози сершумор, склеродермияи системавӣ, артрити ревматоидӣ); 
    • бемориҳои устухон (аз ҷумла шикастани устухонҳо, остеомиелит ва остеопороз); 
    • захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта; 
    • варамҳои бадсифат; 
    • диабети қанд; 
    • ихтилоли маърифатӣ ҳангоми бемориҳои системаи асаб; 
    • бемориҳои пӯст (псориаз, экзема, нейродермит, захмҳои трофикӣ). 

Дору метавонад дар занони ҳомила барои дастгирии саломатии модар ва ҷанин бо тавсияи духтур истифода шавад.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Доруи Рейтоил ба таври даҳонӣ, 1 капсула 2 маротиба дар як рӯз ҳангоми ё баъд аз хӯрок бо об гирифта мешавад, бе хоидан.

Давомнокии табобат на камтар аз 3 моҳ мебошад. Курсҳои такрорӣ метавонанд бо тавсияи духтур таъин карда шаванд.

шАКЛИ БАРОРИШ

Капсулаҳои желатинии нарм №20

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Таъсири доруи Рейтоил аз маҷмӯи кислотаҳои равғании полинесерашудаи омега-3 (эйкозапентаен ва докозагексаен) ва манбаи табиии витамини Е вобаста аст.

Дору таъсири зерин дорад: иммуномодулкунанда, зиддифишорбаландӣ, зиддиташаккули атеросклероз, зиддиилтиҳобӣ ва зиддипсориаз.

Таъсири пасткунандаи липидҳо аз инҳо вобаста аст:

    • боздоштани ферменти ацил-КоА:1,2-диацилглицерол ацилтрансфераза; 
    • зиёд шудани β-оксидшавӣ дар ҷигар; 
    • кам шудани синтези чарбҳо; 
    • зиёд шудани фаъолияти липопротеинлипаза; 
    • кам шудани синтези триглицеридҳо дар ҷигар. 

Таъсири зиддитромбоцитӣ бо тағйири таркиби мембранаҳои ҳуҷайраҳо вобаста аст, ки дар натиҷа кислотаи арахидонӣ кам ва EPA зиёд мешавад, ки синтези тромбоксани A2-ро коҳиш медиҳад ва ҷамъшавии тромбоцитҳоро кам мекунад.

Омега-3 мубодилаи чарбҳоро ба эътидол меорад, холестеринро паст мекунад ва гардиши хунро беҳтар месозад.

DHA барои рушди майна ва чашми ҷанин муҳим аст. Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад хатари таваллуди бармаҳал ва аллергия дар кӯдаконро кам кунад.

Равғани навдаҳои гандум манбаи витамини Е буда, таъсири антиоксидантӣ дорад ва ҳуҷайраҳоро аз осеб муҳофизат мекунад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба моддаҳои фаъол ё ба ягон ҷузъи ёрирасони дору.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

    • мумкин аст реаксияҳои аллергӣ ба вуҷуд оянд. 

Гузориш дар бораи реаксияҳои номатлуби эҳтимолӣ:

 Гузоришҳо дар бораи реаксияҳои номатлуби эҳтимолӣ пас аз бақайдгирии дору хеле муҳим мебошанд.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Витамини А, кислотаи аскорбин, тиамин, рибофлавин, пиридоксин ва доруҳои магний таъсири доруро зиёд мекунанд. 

·  Истифодаи якҷояи Рейтоил бо фибратҳо (клофибрат, ципрофибрат, фенофибрат, этофибрат, гемфиброзил) тавсия дода намешавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

·  Ҳангоми истифодаи Рейтоил истеъмоли дигар доруҳои дорои витамини Е тавсия дода намешавад. 

·Дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ танҳо бо тавсияи духтур истифода бурда мешавад.