"750 мг / 600 мг / 750 мг / 20 мг / 500 мг / 400 ВБ"

Шакл Ҳабҳои ӽалшаванда
Фаъол модда "Глюкозамин сулфат / Хондроитин сулфат / Метилсулфонилметан / Марганец / Калсий / Витамин Д₃"
Шакли пешниҳод 20-то ҳабҳои ӽалшаванда
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

1 ҳаби ӽалшаванда дар бар мегирад:

    • Глюкозамин сулфат (дар шакли глюкозамин сулфати калий хлорид) — 750 мг 
    • Хондроитин сулфат (дар шакли натрий хондроитин сулфат) — 600 мг 
    • Метилсулфонилметан (MSM) — 750 мг 
    • Марганец глюконати дигидрат — 20 мг 
    • Калсий (дар шакли калсий карбонат) — 500 мг 
    • Витамини D3 — 400 МЕ.

НИШОНДОДҲО 

·  бемориҳои дегенеративӣ ва дистрофии буғумҳо ва сутунмуҳра (аз ҷумла остеохондроз); 

·  остеоартрози дараҷаи I–III; 

·  пешгирӣ ва табобати комплексии остеопороз ва оқибатҳои он (шикастани устухонҳо); 

·  пур кардани норасоии калсий ва витамини D3 дар организм; 

·ҳамчун қисми чорабиниҳои барқарорсозӣ баъди осебҳои буғумҳо.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Доруи Протекта новобаста аз истеъмоли ғизо қабул карда мешавад.

Як ҳаби ҷӯшандаро пурра дар 200 мл оби нӯшокии ҳарорати хонагӣ ҳал намуда, фавран пас аз тайёр кардан нӯшидан лозим аст.

Барои пешгирӣ ва табобати комплексии остеопороз, инчунин ҳангоми норасоии калсий ва витамини D3:

    • 1 ҳаб 1–2 маротиба дар як шабонарӯз

Давомнокии табобат ва реҷаи қабул аз ҷониби духтур муайян карда мешавад.

Барои табобати бемориҳои дегенеративӣ-дистрофии буғумҳо ва сутунмуҳра (аз ҷумла остеохондроз) ва остеоартрози дараҷаи I–III:

    • дар давоми 3 ҳафтаи аввал — 1 ҳаб 2 маротиба дар як шабонарӯз
    • баъдан — 1 ҳаб 1 маротиба дар як шабонарӯз

Давомнокии табобат 3–6 моҳ мебошад. Дар ҳолати зарурӣ курсҳои такрории табобат гузаронида мешаванд.

шАКЛИ БАРОРИШ

20 ҳаби ӽалшаванда.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Протекта ангезандаи барқароршавии бофтаи тағояк (хрящ) мебошад. Таъсири дору аз хусусиятҳои ҷузъҳои таркибии он вобаста аст.

    • Глюкозамин сулфат синтези протеогликанҳо, кислотаи гиалуронӣ ва коллагенро фаъол намуда, ба барқароршавии бофтаи тағояк мусоидат мекунад ва таъсири хондропротекторӣ ва зиддиилтиҳобии сабук дорад. 
    • Хондроитин сулфат дар ташаккули матритсаи тағояк иштирок намуда, барқароршавии онро метезонад, дардро кам мекунад ва ҳаракати буғумҳоро беҳтар месозад. 
    • Метилсулфонилметан (MSM) манбаи табиии сулфур буда, ба барқароршавии бофтаҳои пайвандӣ мусоидат мекунад, чандирии онҳоро зиёд намуда, таъсири зиддиаллергӣ дорад. 
    • Марганец дар ҳосилшавии энергия, мубодилаи сафедаҳо ва чарбҳо, инчунин синтези устухон ва бофтаҳои пайвандӣ иштирок мекунад. 
    • Калсий ҷузъи асосии бофтаи устухон буда, фаъолияти низоми асабу мушакҳо ва дилу рагҳоро дастгирӣ мекунад. 
    • Витамини D3 ҷабби калсийро беҳтар намуда, ба минерализатсияи устухонҳо ва нигоҳдории саломатии онҳо мусоидат мекунад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои таркибии дору; 

·  фенилкетонурия (дору аспартам дорад); 

·  тромбофлебит; 

·  майл ба хунравӣ; 

·  гипервитаминози D; 

·  гиперкалсемия; 

·  гиперкалсиурия; 

·  нефролитиаз (санги гурда); 

·  норасоии шадиди фаъолияти гурда; 

·  шакли фаъоли сил; 

·  саркоидоз; 

·  кӯдакони то 15-сола; 

·давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аз ҷониби низоми асаби марказӣ:

    • чархзании сар; 
    • дарди сар; 
    • хоболудӣ; 
    • бехобӣ. 

Аз ҷониби мубодилаи моддаҳо:

    • гиперкалсемия; 
    • гиперкалсиурия. 

Аз ҷониби низоми ҳозима:

    • дамиши шикам (метеоризм); 
    • дарунравӣ; 
    • қабзият; 
    • дард дар минтақаи эпигастрий; 
    • дилбеҳузурӣ; 
    • дарди шикам. 

Дигар таъсирҳо:

    • тахикардия; 
    • варами канорӣ (периферӣ); 
    • дарди пойҳо; 
    • аксуламалҳои аллергӣ. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Протекта таъсири пенисиллинҳои нимсинтетикӣ ва хлорамфениколро коҳиш медиҳад, таъсири антикоагулянтҳоро зиёд мекунад. 

·  Ҳангоми якҷоя истифода бурдан бо фенитоин ё барбитуратҳо фаъолияти витамини D3 кам мешавад. 

·  Бо гликозидҳои дилӣ якҷоя истифода бурдан метавонад заҳролудшавии онҳоро зиёд кунад (назорати ЭКГ ва ҳолати клиникӣ лозим аст). 

·  Бо диуретикҳои тиазидӣ хатари гиперкалсемия зиёд мешавад (аз сабаби зиёд шудани ҷаббиши калсий дар найчаҳои гурда). 

·  Бо фуросемид ва дигар диуретикҳои ҳалқавӣ хориҷшавии калсий аз гурда зиёд мегардад. 

·  Холестирамин ва доруҳои исҳоловар дар асоси равғанҳои минералӣ ё растанӣ ҷабби витамини D3-ро кам мекунанд. 

·  Ҳангоми якҷоя бо бисфосфонатҳо ё натрий фторид фосила бояд на камтар аз 2 соат бошад. 

·Бо тетрациклинҳои даҳонӣ фосила бояд на камтар аз 3 соат бошад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

    • Ҳангоми пайдо шудани таъсирҳои номатлуб аз ҷониби системаи ҳозима, миқдор бояд 2 маротиба кам карда шавад, агар беҳбудӣ набошад — дору қатъ карда шавад. 
    • Протекта метавонад дар табобати якҷоя бо ГКС ва НПВС истифода шавад. 
    • Барои пешгирии зиёдатии витамини D3 бояд манбаъҳои иловагии он ба назар гирифта шаванд. 
    • Маҳсулотҳои дорои оксалатҳо (шовул, спанак) ва фитин (ғалладонаҳо) ҷабби калсийро кам мекунанд, бинобар ин доруро дар давоми 2 соат баъди истеъмоли онҳо қабул накунед. 
    • Бо эҳтиёт дар беморони беҳаракат (иммобилизатсияшуда) бо остеопороз истифода бурда шавад, зеро хатари гиперкалсемия вуҷуд дорад. 
    • Барои беморони диабети қанд тавсия дода намешавад.