500 мг / 200000 ВБ

Шакл Капсулаҳои махбали
Фаъол модда Нифурател / Нистатин
Шакли пешниҳод 8-то капсулаҳои махбали
Категорияи табобат Маводхои зидиинфектсиони

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 капсулаи маӽбалӣ:

    • Нифурател — 500 мг 
    • Нистатин — 200 000 ВБ (воҳиди байналмилалӣ).

НИШОНДОДҲО 

Табобати комплексии сироятҳои вулвовагиналӣ, ки аз ҷониби микроорганизмҳои ба дору ҳассос ба вуҷуд омадаанд: бактерияҳо, трихомонадаҳо, занбӯруғҳои ҷинси Candida ва хламидияҳо.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору барои истифодаи маҳаллӣ ҳангоми бемориҳои гинекологӣ ва венерикӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳар рӯз бегоҳ пеш аз хоб 1 капсулаи вагиналӣ ворид карда мешавад ва табобат 8 рӯз идома меёбад ё мувофиқи тавсияи духтур истифода мешавад.

Дар ҳолати зарурӣ, курси табобатро пас аз анҷоми ҳайз такрор кардан мумкин аст.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Капсулаҳои маӽбалӣ №8.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Нистафур доруи зиддимикробӣ барои истифодаи маҳаллӣ мебошад. Он таъсири зиддипротозойӣ, зиддизанбӯруғӣ ва зиддибактериявӣ дорад.

Нифурател ҳосилаи нитрофуран мебошад. Он нисбат ба як қатор бактерияҳо, занбӯруғҳо ва содатаринҳо (аз ҷумла Trichomonas vaginalis) фаъол аст. Таҷрибаи васеи клиникӣ бехатарӣ ва самаранокии онро дар табобати трихомониаз, вагинози бактериалӣ ва кандидоз, махсусан дар беморони гирифтори сироятҳои омехтаи вагиналӣ, тасдиқ кардааст.

Нистатин антибиотики зиддизанбӯруғии гурӯҳи полиенҳо мебошад. Бо пайваст шудан ба стеролҳои мембранаи ҳуҷайраи занбӯруғҳо гузарониши онро вайрон намуда, боиси нобудшавии ҳуҷайра мегардад. Нисбат ба Candida albicans хеле фаъол аст. Аз сабаби заҳролудии паст ва интихобнокии баланди зиддизанбӯруғӣ, истифодаи дору ба дисбактериози маҳбал оварда намерасонад.

Якҷоя кардани нифурател ва нистатин таъсири зиддизанбӯруғиро пурзӯр намуда, доираи фаъолияти зиддимикробиро васеъ мекунад.

Самаранокии баланд ва заҳролудии пасти компонентҳо имкон медиҳанд, ки дору барои табобати вагинитҳои этиологияи омехта ва инчунин барои пешгирии микозҳое, ки ҳангоми табобати махсуси трихомониаз ба вуҷуд меоянд, васеъ истифода шавад.

Нистафур микрофлораи физиологии маҳбалро вайрон намекунад, ки ин барои пешгирии дисбактериоз ва барқароршавии зудтари микрофлораи муқаррарии маҳбал мусоидат мекунад.

Фармакокинетика

Ҳангоми истифодаи интравагиналӣ дору амалан аз луобпардаи маҳбал ҷаббида намешавад ва таъсири системавӣ намерасонад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  Ҳассосияти баланд ба яке аз моддаҳои фаъол ё ба ҳар кадоме аз ҷузъҳои ёрирасони дору; 

·синни кӯдакона.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Дар ҳолатҳои нодир мумкин аст реаксияҳои аллергӣ дар шакли доначаҳои пӯст ё хориш ба вуҷуд оянд. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ҳамтаъсирии аз ҷиҳати клиникӣ аҳамиятноки доруи Нистафур бо дигар доруҳо муайян карда нашудааст.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Бинобар хатари сирояти такрорӣ, табобати ҳамзамони шарики ҷинсӣ зарур аст. Дар давраи табобат аз алоқаи ҷинсӣ бояд худдорӣ кард.

Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ

Истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ мумкин аст, агар фоидаи эҳтимолӣ барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин ё кӯдак зиёд бошад.

Дар давраи ширдиҳӣ истифодаи дору мумкин аст, зеро он ба шири модар намегузарад.

Истифода дар педиатрия

Капсулаҳои вагиналии Нистафур дар кӯдакон истифода намешаванд.

Таъсир ба қобилияти ронандагӣ ва идоракунии механизмҳо

Дору ба қобилияти идора кардани нақлиёт ва иҷрои корҳои дорои хатари баланд, ки диққати зиёд ва суръати реаксияро талаб мекунанд, таъсир намерасонад.