4 мг /2 мл

Шакл Маҳлул барои тазриқ
Фаъол модда Тиоколхикозид
Шакли пешниҳод 6-то ампула 2 мл
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 ампула (2 мл):

Тиоколхикозид 4 мг.

НИШОНДОДҲО 

Табобати симптоматикии спазмҳои шадиди дардноки мушакҳо, ки бо бемориҳои системаи такягоҳу ҳаракат алоқаманданд, дар калонсолон ва наврасони аз 16-сола боло.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Мускомед барои воридкунии дохилимушакӣ пешбинӣ шудааст.

Вояи максималии яккарата 4 мг (1 ампула) ҳар 12 соат мебошад, ки ба вояи максималии шабонарӯзии 8 мг (2 ампула дар як шабонарӯз) мувофиқат мекунад.

Давомнокии табобат то 3- 5 рӯз аст.

шАКЛИ БАРОРИШ

Маҳлул барои тазриқ дар ампула 2 мл, №6.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Тиоколхикозид ҳосилаи сулфидии нимсинтетикии колхикозид буда, фаъолияти миорелаксантӣ дорад.

Фармакокинетика

Ҷаббидашавӣ

 Пас аз воридкунии дохилимушакӣ консентратсияи максималӣ (Cmax)-и тиоколхикозид дар давоми 30 дақиқа ба даст меояд ва пас аз вояи 4 мг 113 нг/мл ва пас аз вояи 8 мг 175 нг/мл-ро ташкил медиҳад. Арзишҳои мувофиқи AUC мутаносибан 283 нг·соат/мл ва 417 нг·соат/мл мебошанд.

Метаболити фаъоли фармакологӣ SL18.0740 низ дар консентратсияҳои пасттар муайян карда шудааст: Cmax-и он 11,7 нг/мл буда, баъди 5 соат ба даст меояд ва AUC-и он 83 нг·соат/мл мебошад.

Маълумот оид ба метаболити ғайрифаъол SL59.0955 мавҷуд нест.

Тақсимшавӣ

 Ҳаҷми зоҳирии тақсимшавии тиоколхикозид баъди воридкунии дохилимушакии 8 мг тақрибан 42,7 л мебошад. Маълумот оид ба метаболитҳои алоҳида мавҷуд нест.

Хориҷшавӣ

 Пас аз воридкунии дохилимушакӣ давраи нимхориҷшавии зоҳирии тиоколхикозид 1,5 соат ва клиренси плазмавӣ 19,2 л/соатро ташкил медиҳад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ҳар як ҷузъи дору; 

·  ҳомиладорӣ; 

·  давраи ширдиҳӣ; 

·  занони синни қобили таваллуд, ки контрасепсия истифода намебаранд; 

·кӯдакони то 16-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Реаксияҳои анафилактикӣ:

    • кам — хориш; 
    • нодир — крапивница; 
    • хеле нодир — гипотензия; 
    • басомад номаълум — ангиоэдема ва реаксияҳои анафилактикӣ, аз ҷумла шоки анафилактикӣ; 
    • кам — реаксияҳои аллергии пӯст; 
    • зиёд — хоболудӣ; 
    • нодир — ажитатсия ва тирашавии шуур; 
    • басомад номаълум — ҳолати умумии бад (недомогание). 

Аз ҷониби системаи ҳозима:

    • дарунравӣ, дарди меъда; 
    • кам — дилбеҳузурӣ, қайкунӣ; 
    • нодир — сӯзиши меъда. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Маълумот дар бораи таъсири мутақобилаи доруӣ мавҷуд нест.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Тиоколхикозид метавонад дар беморони гирифтори эпилепсия ё дар беморони дорои хатари пайдоиши ташаннуҷ (судоргаҳои эпилептикӣ) судоргаҳоро ба вуҷуд орад.

Таъсир ба қобилияти ронандагӣ ва идоракунии механизмҳо

Маълумоти кофӣ дар бораи таъсири дору ба қобилияти ронандагӣ ва идоракунии механизмҳо вуҷуд надорад.