ЛЕЙЛИН
Бозгашт ба маҳсулот180 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Фексофенадин |
| Шакли пешниҳод | 10-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ҳаб :
фексофенадин — 180 мг.
НИШОНДОДҲО
· бартараф намудани нишонаҳои ринити аллергии мавсимӣ;
·табобати симптоматикии крапивницаи музмин.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло: 1 ҳаб (180 мг) як маротиба дар як шабонарӯз.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №10
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фексофенадин блокатори ретсепторҳои H1-гистамин буда, метаболити фаъоли терфенадин мебошад. Дору таъсири қавии зиддиаллергӣ дошта, таъсири оромбахш (седативӣ) надорад.
Таъсири дору тақрибан пас аз 1 соат оғоз ёфта, дар 6 соат ба ҳадди аксар мерасад ва то 24 соат давом мекунад. Ҳангоми истифодаи 28 рӯз одат кардан ба дору мушоҳида намешавад. Самаранокии дору аз воя вобаста буда, дар доираи 10–130 мг зиёд мегардад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба фексофенадин ё дигар ҷузъҳои дору;
- ҳомиладорӣ;
- давраи ширмаконӣ;
- кӯдакони то 6-сола.
Бо эҳтиёт истифода бурда шавад ҳангоми:
- норасоии фаъолияти ҷигар;
- норасоии фаъолияти гурда.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· дарди сар;
· хоболудӣ;
· чарх задани сар;
· хастагӣ;
· дилбеҳузурӣ;
· беҳолӣ;
·зуд хаста шудан.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Фексофенадин дар ҷигар мубодила намешавад, бинобар ин бо доруҳое, ки дар ҷигар метаболизм мешаванд, таъсири мутақобила надорад.
· Ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо эритромицин ё кетоконазол, консентратсияи фексофенадин дар плазма метавонад 2–3 маротиба зиёд шавад, вале ба дарозшавии фосилаи QT таъсири назаррас мушоҳида нашудааст.
· Антацидҳои дорои алюминий ё магний метавонанд ҷаббиши фексофенадинро кам кунанд. Тавсия дода мешавад, ки байни қабули фексофенадин ва чунин антацидҳо на камтар аз 2 соат фосила нигоҳ дошта шавад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
· Дар беморони синни калонсол, инчунин ҳангоми норасоии фаъолияти ҷигар ва гурда бо эҳтиёт истифода бурда шавад.
· Ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо антацидҳои дорои алюминий ё магний, байни қабули онҳо ва фексофенадин на камтар аз 2 соат фосила нигоҳ доред.
· Гарчанде ки дору одатан таъсири оромбахш надорад, то муайян шудани таъсири инфиродӣ ҳангоми рондани нақлиёт ё кор бо механизмҳо эҳтиёт лозим аст.
·Пеш аз гузаронидани санҷишҳои аллергии пӯст доруро на камтар аз 48 соат пеш қатъ кардан тавсия дода мешавад.