42 мг / мл

Шакл "Маҳлул барои инфузияи д/в"
Фаъол модда L-аргинини гидрохлорид
Шакли пешниҳод Флакон 100 мл
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 мл маҳлули барои инфузия дорои:

    • L-аргинин гидрохлорид — 42 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  Алкалози метаболикӣ. 

·  Гипераммониемия. 

·  Атеросклерози рагҳои дил ва майнаи сар. 

·  Атеросклерози рагҳои канорӣ, аз ҷумла бо аломатҳои лангиши фосилавӣ. 

·  Ангиопатияи диабетӣ. 

·  Гипертонияи артериявӣ. 

·  Норасоии музмини дил. 

·  Гиперхолестеринемия. 

·  Бемории музмини обструктивии шуш (ХОБШ). 

·  Гипертензияи шуш. 

·Таъхири рушди ҷанин ва преэклампсия (ҳамчун қисми табобати комплексӣ).   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору ба тариқи инфузияи дохиливаридӣ ворид карда мешавад:

    • дар 10–15 дақиқаи аввал бо суръати 10 қатра/дақиқа, баъдан суръат то 30 қатра/дақиқа зиёд карда мешавад. 

Вояи шабонарӯзӣ:

    • стандартӣ — 100 мл маҳлул
    • ҳангоми ихтилоли вазнини гардиши хун, заҳролудшавӣ, гипоксия — то 200 мл дар як шабонарӯз

Суръати максималӣ: на бештар аз 20 ммоль/соат.

Кӯдакон:  аз 3-сола боло

    • воя: 5–10 мл ба 1 кг вазни бадан дар як шабонарӯз
    • то 12-сола — инфиродӣ ҳисоб карда мешавад. 

Ҳангоми алкалози метаболикӣ:

    • воя бо формула ҳисоб карда мешавад; 
    • табобат аз нисфи вояи ҳисобшуда оғоз мешавад; 
    • ислоҳ баъд аз назорати тавозуни кислота-ишқорӣ анҷом дода мешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Маҳлул барои инфузия, 100 мл.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Аргинин (α-амино-8-гуанидиновалерианат) — аминокислотаи шартан муҳим буда, танзимгари муҳими бисёр вазифаҳои ҳаётан муҳими ҳуҷайравӣ мебошад.

Дору дорои таъсирҳои зерин мебошад:

    • зидди гипоксия; 
    • устуворкунандаи мембрана; 
    • цитопротекторӣ; 
    • антиоксидантӣ; 
    • детоксикатсионӣ. 

Аргинин:

    • ташаккули радикалҳои озодро пешгирӣ мекунад; 
    • мубодилаи мобайнӣ ва равандҳои энергетикиро танзим мекунад; 
    • дар нигоҳ доштани тавозуни гормоналӣ иштирок мекунад. 

Исбот шудааст, ки аргинин:

    • сатҳи инсулин, глюкагон, гормони афзоиш ва пролактинро зиёд мекунад; 
    • дар синтези пролин, полиаминҳо ва агматин иштирок мекунад; 
    • дар фибринолиз, сперматогенез ва деполяризатсияи мембранаҳои ҳуҷайра нақш дорад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  Ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол ё ягон ҷузъи ёридиҳандаи дору. 

·  Таърихи реаксияҳои аллергӣ. 

·  Норасоии шадиди гурда. 

·  Ацидози гиперхлоремикӣ. 

·Истифодаи ҳамзамон бо диуретикҳои нигоҳдорандаи калий, инчунин спиронолактон.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

·  Ихтилолҳои умумӣ: баланд шудани ҳарорати бадан, эҳсоси гармӣ, дарди бадан. 

·  Системаи устухон ва мушакҳо: дарди буғумҳо. 

·  Системаи ҳозима: хушкшавии даҳон, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ. 

·  Пӯст ва бофтаҳои зери пӯст: реаксия дар ҷойи тазриқ (сурхшавӣ, хориш, сафедшавии пӯст то акроцианоз). 

·  Системаи масуният: реаксияҳои ҳассосият (доғ, крапивница, варами ангионевротикӣ). 

·  Системаи дилу рагҳо: тағйирёбии фишори хун, вайроншавии ритми дил, дарди қафаси сина. 

·  Системаи асаб: дарди сар, чарх задани сар, тарс, сустӣ, судорга, ларзиш (бештар ҳангоми тез ворид кардан). 

·Нишондодҳои лабораторӣ: гиперкалиемия.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Дар беморони гирифтори норасоии гурда ҳангоми истифодаи спиронолактон ё дигар диуретикҳои нигоҳдорандаи калий, аргинин метавонад гиперкалиемияи шадид ва доимиро ба вуҷуд орад. 

·  Истифодаи пешакӣ ё ҳамзамони диуретикҳои нигоҳдорандаи калий низ метавонад сатҳи калий дар плазмаро зиёд кунад. 

·  Ҳангоми истифода бо аминофиллин мумкин аст сатҳи инсулин дар плазма зиёд шавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

·  Дар беморони гирифтори норасоии гурда пеш аз инфузия диурез ва сатҳи калий дар плазма бояд назорат карда шавад, зеро дору метавонад гиперкалиемияро ба вуҷуд орад. 

·  Ҳангоми ихтилоли ғадудҳои эндокринӣ бо эҳтиёт истифода бурда мешавад, зеро дору метавонад секретсияи инсулин ва гормони афзоишро зиёд кунад. 

·  Ҳангоми пайдо шудани хушкшавии даҳон сатҳи глюкозаи хунро санҷидан лозим аст. 

·  Дар ихтилоли мубодилаи электролитҳо ва бемориҳои гурда эҳтиёт лозим аст. 

·  Агар нишонаҳои астения зиёд шаванд, табобат бояд қатъ карда шавад. 

·  Дар беморони гирифтори стенокардия бо эҳтиёт истифода бурда мешавад. 

·  Дар 100 мл дору 20 ммол аргинин ва 20 ммол хлорид мавҷуд аст. 

·Дору метавонад чарх задани сар ба вуҷуд оварад, бинобар ин ҳангоми рондани мошин ва кор бо механизмҳо эҳтиёт лозим аст.