60 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Гликлазид
Шакли пешниҳод 30-то ҳаб
Категорияи табобат Мубодилаи моддахо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

1 ҳаб дорои:

Моддаи фаъол: гликлазид 60 мг.

НИШОНДОДҲО 

Диабети қанд навъи 2 дар якҷоягӣ бо терапияи парҳезӣ ҳангоми нокифоя будани самаранокии парҳез ва машқҳои ҷисмонӣ.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору як маротиба дар як рӯз ҳангоми наҳорӣ ба таври даҳонӣ қабул карда мешавад.

 Миқдори шабонарӯзӣ метавонад аз 30 то 90–120 мг тағйир ёбад. Вояи максималии шабонарӯзӣ набояд аз 120 мг зиёд бошад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Ҳабҳо  №30

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Инсутон — доруи гипогликемикии даҳонӣ, ҳосилаи сулфонилмочевинаи насли II мебошад.

 Он ҷудошавии инсулинро аз гадуди зери меъда ангезиш медиҳад, сатҳи глюкозаро дар хун паст мекунад, таъсири инсулиносекретории глюкозаро зиёд мекунад ва ҳассосияти бофтаҳои перифериро ба инсулин баланд мегардонад. Инсутон фосилаи вақти байни қабули хӯрок ва оғози ҷудошавии инсулинро кӯтоҳ мекунад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  Ҳассосияти баланд ба гликлазид ё ягон ҷузъи ёридиҳандаи дору, инчунин ба дигар ҳосилаҳои сулфонилмочевина ё доруҳои сулфаниламидӣ; 

·  Диабети қанд навъи 1; 

·  Кетоацидози диабетӣ, прекома ва комаи диабетӣ; 

·  Норасоии вазнини гурда ва/ё ҷигар; 

·  Ҳомиладорӣ ва давраи ширдиҳӣ; 

·  Синни то 18 сол; 

·  Истифодаи ҳамзамони миконазол; 

·Нотобоварии модарзодӣ ба лактоза, норасоии лактаза ё малабсорбсияи глюкоза-галактоза.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Гипогликемия (ҳангоми риоя накардани режими воя ва парҳези нокифоя), дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ, дарди шикам, қабзият (шиддати ин аломатҳо ҳангоми қабули дору бо хӯрок кам мешавад), хориши пӯст, крапивница ва доғи пӯст.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Гликлазид таъсири антикоагулянтҳоро (варфарин) зиёд мекунад, бинобар ин мумкин аст ислоҳи вояи антикоагулянт лозим шавад. Миконазол ва фенилбутазон таъсири гипогликемикии доруро зиёд мекунанд. Этанол ва доруҳои дорои этанол гипогликемияро тавассути боздоштани реаксияҳои ҷубронкунанда зиёд намуда, метавонанд ба инкишофи комаи гипогликемикӣ мусоидат кунанд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Табобат бо доруи Инсутон бояд танҳо дар якҷоягӣ бо парҳези камкалория ва дорои миқдори ками карбогидратҳо гузаронида шавад. Дар давраи табобат зарур аст, ки сатҳи глюкоза ва гемоглобини гликозилшуда (HbA1c) дар хун, инчунин миқдори глюкоза дар пешоб мунтазам назорат карда шавад.

Инсутон танҳо ба бемороне таъин карда мешавад, ки мунтазам ғизо истеъмол мекунанд ва ҳатман наҳорӣ доранд, ки воридшавии кофии карбогидратҳоро таъмин менамояд.