ИНОСЕДА ШАРБАТ
Бозгашт ба маҳсулот250 мг/ 5 мл
| Шакл | Шарбат |
|---|---|
| Фаъол модда | Инозин пранобекс |
| Шакли пешниҳод | Флакон 120 мл |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 5 мл шарбат мавҷуд аст:
Инозин пранобекс — 250 мг.
НИШОНДОДҲО
· бемориҳои сироятии пайдоиши вирусӣ дар беморони дорои масунияти муқаррарӣ ё пастшуда: зуком, парагрипп, сироятҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас (ОРВИ), бронхити вирусӣ, сироятҳои риновирусӣ ва аденовирусӣ, паротити эпидемикӣ, сурхча (дар шакли вазнин);
· бемориҳое, ки аз ҷониби вируси герпеси оддӣ (Herpessimplex) навъи I ва II ба вуҷуд меоянд: герпеси лаб, пӯсти рӯй, луобпардаи даҳон, пӯсти дастҳо, герпеси чашм, панэнсефалити склерозии зершадид, герпеси узвҳои таносул;
· бемориҳое, ки аз ҷониби вируси Varicellazoster ба вуҷуд меоянд: обилача (ветряная оспа) ва лишайи камарбандмонанд, аз ҷумла шаклҳои такроршаванда дар беморони гирифтори норасоии масуният;
· сироятҳои вобаста ба вируси Эпштейн–Барр (мононуклеози сироятӣ);
· сирояти цитомегаловирусӣ;
· сироятҳое, ки аз ҷониби вируси папилломаи инсон (HPV) ба вуҷуд меоянд;
· гепатити вирусии В-и шадид ва музмин;
·сироятҳои музмини такроршавандаи роҳҳои нафас ва системаи пешобу таносул дар беморони дорои масунияти сустшуда (аз ҷумла хламидиоз ва дигар бемориҳое, ки аз ҷониби микроорганизмҳои дохилиҳуҷайравӣ ба вуҷуд меоянд).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору ба таври даҳонӣ қабул карда мешавад, беҳтараш пас аз хӯрок ва дар фосилаҳои баробари вақт.
Вояи ҳадди аксари шабонарӯзӣ барои калонсолон 80 мл шарбат мебошад, ки ба 4 г инозин пранобекс мувофиқат мекунад.
Одатан вояи шабонарӯзӣ барои кӯдакон 50 мг/кг вазни бадан буда, ба 3 қабул дар як шабонарӯз тақсим карда мешавад (мувофиқи ҷадвали воягузорӣ).
Дар ҳолатҳои зарурӣ, махсусан ҳангоми ҷараёни вазнини беморӣ, вояи тавсияшудаи шабонарӯзӣ метавонад бо тавсияи духтур зиёд карда шавад.
| Вазни бадан, кг | Доза аз ҳисоби 50 мг/кг вазни бадан, ба 3 қабул, тақсим карда мешавад |
| 10-14 | 3х5мл |
| 15-20 | 3х(5-7,5)мл |
| 21-30 | 3х(7,5-10)мл |
| 31-40 | 3х(10-15)мл |
| 41-50 | 3х(15-17,5)мл |
шАКЛИ БАРОРИШ
Шарбат, дар флакон 120 мл.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Дору таъсири мустақими зиддивирусӣ ва иммуномодуляторӣ дорад.
Таъсири иммуномодуляторӣ бо таъсир ба Т-лимфоситҳо (фаъолсозии синтези цитокинҳо) ва зиёдшавии фаъолияти фагоцитарии макрофагҳо вобаста аст. Зери таъсири дору дифференсиатсияи преТ-лимфоситҳо, афзоиши Т- ва В-лимфоситҳо ва қобилияти онҳо ба синтези лимфокинҳо зиёд мешавад. Таносуби зергурӯҳҳои Т-хелперҳо ва Т-супрессорҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.
Иноседа истеҳсоли интерлейкин-1 ва интерлейкин-2-ро ба таври назаррас зиёд мекунад ва ба экспрессияи ретсепторҳо дар ҳуҷайраҳои лимфоидӣ мусоидат менамояд. Фаъолияти ҳуҷайраҳои NK (natural killer) зиёд мешавад, фаъолияти фагоцитози макрофагҳо ва равандҳои пешниҳоди антиген фаъол мегарданд, ки ин боиси афзоиши ҳуҷайраҳои истеҳсолкунандаи антитела аз рӯзҳои аввали табобат мегардад.
Дору инчунин пешгирӣ мекунад аз сустшавии пас аз вирусии синтези РНК ва сафеда дар ҳуҷайраҳои сироятшуда, ки барои ҳуҷайраҳои системаи иммунӣ муҳим аст.
Дар натиҷа бори вирусӣ коҳиш ёфта, фаъолияти системаи масуният ба эътидол меояд, синтези интерферонҳо зиёд мешавад ва муқовимат ба сироятҳо беҳтар мегардад.
Фармакокинетика
Ҷаббиш: инозин пранобекс биодастрасии баланд дорад. Консентратсияи максималии инозин дар плазмаи хун тақрибан баъд аз 1 соат ба даст меояд, таъсир пас аз 30 дақиқа оғоз шуда то 6 соат давом мекунад.
Дар организм ҷамъшавӣ (кумулятсия) дида намешавад. Хориҷшавии пурраи дору ва метаболитҳояш дар давоми 48 соат анҷом меёбад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол ё ба ягон ҷузъи ёрирасони дору;
· хуруҷи шадиди подагра;
·гиперурикемия (зиёдшавии кислотаи пешоб дар хун).
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· дарди сар;
· дилбеҳузурӣ, қайкунӣ;
· дард дар минтақаи эпигастрия;
· аксуламалҳои аллергӣ;
· заифӣ;
· дарди буғумҳо;
· зиёдшавии фаъолияти аминотрансферазаҳо, фосфатазаи ишқорӣ ё нитроген дар хун;
· гиперурикемия;
· хоболудӣ ё бехобӣ;
· дарунравӣ;
· қабзият;
· полиурия.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Воситаҳои иммуносупрессивӣ метавонанд таъсири Иноседаро коҳиш диҳанд.
Бо эҳтиёт истифода бурда мешавад дар бемороне, ки ингибиторҳои ксантиноксидаза, доруҳои зиёдкунандаи хориҷшавии кислотаи пешоб бо пешоб ва доруҳои диуретикӣ мегиранд.
Истифодаи якҷоя бо иммунодепрессантҳо тавсия дода намешавад, зеро мумкин аст таъсири мутақобилаи фармакокинетикӣ ба амал ояд ва самаранокии табобат кам гардад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дору то кислотаи пешоб (мочевая кислота) мубодила мешавад ва метавонад боиси баландшавии назарраси консентратсияи он дар пешоб гардад.
Бо эҳтиёт истифода бурда мешавад. Ҳангоми зарурат ба беморон мумкин аст доруҳое таъин карда шаванд, ки сатҳи кислотаи пешобро паст мекунанд.