ИБРА
Бозгашт ба маҳсулот"500 мг / 200 мг / 50 мг / 1,5 мг / 200 мг / 50 мг / 30 мг"
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | "Глюкозамин сулфат / Хондроитин сулфат / Кислотаи аскорбинат / Марганец / Метилсульфонилметан / Экстракти хушки босвелия / Экстракти хушки чанголи гурба " |
| Шакли пешниҳод | 30-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Ҳар як ҳаби руйпӯшшуда дорои:
Моддаҳои фаъол:
- глюкозамин сулфат (дар шакли глюкозамин сулфати калий хлорид) — 500 мг;
- хондроитин сулфат (дар шакли натрий хондроитин сулфат) — 200 мг;
- кислотаи аскорбинӣ (витамини C) — 50 мг;
- марганец (дар шакли марганец глюконати дигидрат) — 1,5 мг;
- метилсулфонилметан (MSM) — 200 мг;
- экстракти хушки шилми босвеллия (Boswellia serrata) — 50 мг;
- экстракти хушки пӯсти «чанголи гурба» (Uncaria tomentosa) — 30 мг.
НИШОНДОДҲО
· бемориҳои дегенеративӣ-дистрофии буғумҳо ва сутунмӯҳра (аз ҷумла остеохондроз, артрити ревматоидӣ, хондромалатсияи пателла, деформатсияи буғумҳо, спондилёз, периартрити китфу теға);
· остеоартроз дараҷаи I–III;
· бори зиёди функсионалӣ ба буғумҳо (вазни зиёдатӣ, фаъолияти ҷисмонӣ);
· пешгирии бемориҳои буғумҳо дар синни калонсолӣ;
· кам кардани оқибатҳои шикастагиҳо, тезонидани ташаккули каллуси устухон;
·дар барқарорсозии комплексӣ пас аз осеби буғумҳо..
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Препарати Ибра ба таври даҳонӣ, 20 дақиқа пеш аз хӯрок бо миқдори кофии об қабул карда мешавад.
- Дар 3 ҳафтаи аввал: 1 ҳаб 2–3 маротиба дар як рӯз.
- Дар рӯзҳои минбаъда: 1–2 ҳаб 1 маротиба дар як рӯз.
Давомнокии табобат 3–6 моҳ аст.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳои руйпӯшшуда, №30
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Ибра – стимулятори барқароршавии бофтаи хрящ.
Таъсири фармакологии дору аз хусусиятҳои ҷузъҳои таркиби он вобаста мебошад.
Глюкозамин сулфат ва хондроитин сулфат дар биосинтези бофтаи пайвандӣ иштирок мекунанд, равандҳои вайроншавии хрящро пешгирӣ намуда, барқароршавии онро ҳавасманд мекунанд, ки ба кам шудани дард ва беҳтар шудани фаъолияти буғумҳо мусоидат мекунад.
Кислотаи аскорбинӣ синтези коллагенро фаъол мекунад ва синтези аггрекан — асосии протеогликани хрящи буғумро каме зиёд мекунад.
Марганец дар равандҳои истеҳсоли энергия, мубодилаи сафедаҳо ва чарбҳо, инчунин дар синтези устухон ва бофтаи пайвандӣ иштирок мекунад.
Метилсулфонилметан (МСМ) — пайвастагии табиии органикии сулфур бо таъсири зиддиилтиҳобии қавӣ мебошад. Ба барқароршавии ҳуҷайраҳои осебдидаи пӯст ва бофтаи пайвандӣ мусоидат мекунад, чандирии онҳоро зиёд мекунад.
Экстракти хушки босвеллия (Boswellia serrata) таъсири зиддиилтиҳобӣ дошта, фаъолияти системаи ҳаракатро дастгирӣ мекунад ва таъсири дардбарорӣ ва антисептикӣ дорад.
Экстракти хушки пӯсти «чанголаи гурба» (Uncaria tomentosa) системаи масуниятро фаъол мекунад, сатҳи иммуноглобулинҳоро танзим менамояд, ба бартарафсозии комплексҳои иммунӣ мусоидат мекунад ва таъсири зиддиилтиҳобӣ ва антиоксидантӣ дорад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои таркиби дору;
· тромбофлебит;
· майл ба хунравӣ;
- дар кӯдакони то 15-сола
- ҳомиладорӣ ва давраи ширмаконӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· аксуламалҳои аллергӣ;
· дарди сар;
· дарунравӣ;
· қабзият;
· боднокшавии рӯдаҳо (метеоризм).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ибра таъсири пенитсиллинҳои нимсинтетикӣ ва хлорамфениколро коҳиш медиҳад ва таъсири антикоагулянтҳоро пурзӯр мекунад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ибра метавонад дар таркиби табобати маҷмӯӣ якҷоя бо глюкокортикостероидҳо (ГКС) ва доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВП) истифода шавад.
Дар беморони гирифтори диабети қанд доруро бо эҳтиёт истифода бурдан лозим аст, зеро хондроитин сулфат метавонад таҳаммулпазириро нисбат ба инсулин коҳиш диҳад.