ФЕРАДА
Бозгашт ба маҳсулот800 мг/3 мл
| Шакл | Маҳлул барои тазриқ |
|---|---|
| Фаъол модда | Фенирамидол |
| Шакли пешниҳод | 3-то ампула 3 мл |
| Категорияи табобат | Системаи такягоху харакат |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
1 ҳаб дорои:
Моддаи фаъол: кислотаи фолий 400 мкг.
НИШОНДОДҲО
· табобат ва пешгирии норасоии кислотаи фолий дар ҳолати ғизои номутавозин ва нокифоя;
·табобат ва пешгирии камхунӣ, ки бо норасоии кислотаи фолий алоқаманд аст, дар ҳайати табобати маҷмӯӣ (камхунии макроситарии гиперхромӣ, камхунӣ ва лейкопения, ки аз доруҳо ва шуоъҳои ионизатсионӣ ба вуҷуд омадаанд, камхунии мегалобластӣ, камхунии баъди резексия, инчунин камхуниҳои вобаста ба бемориҳои рӯдаи борик, спру ва синдроми малабсорбсия);
·табобат ва пешгирии камхунӣ дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ;
·пешгирии инкишофи нуқсонҳои найчаи асаби ҷанин дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ;
· табобати дарозмуддат бо антагонистҳои кислотаи фолий (метотрексат, комбинасияи сулфаметоксазол/триметоприм) ва доруҳои зиддиташаннуҷ (фенитоин, примидон, фенобарбитал).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Доруи Фольфа баъд аз хӯрок ба таври даҳонӣ қабул карда мешавад.
Барои пешгирии норасоии кислотаи фолий ба калонсолон ва кӯдакони аз 14-сола боло 400 мкг дар як шабонарӯз таъин карда мешавад. Талаботи шабонарӯзӣ ба кислотаи фолий чунин аст:
- барои кӯдакони 4–13 сола — 200–300 мкг;
- барои кӯдакони 1–3 сола — 150 мкг;
- барои кӯдакони то 1-сола — 65–85 мкг.
Ҳангоми ҳомиладорӣ барои пешгирии камхунӣ ва нуқсонҳои найчаи асаби ҷанин 400–800 мкг дар як шабонарӯз, дар давраи ширмаконӣ 400 мкг дар як шабонарӯз таъин карда мешавад.
Бо мақсади табобат ба калонсолон то 5 мг дар як шабонарӯз барои 20–30 рӯз таъин карда мешавад, ба кӯдакон бошад вобаста ба синну сол. Вояи шабонарӯзӣ ва давомнокии табобатро духтур вобаста ба вазнинии беморӣ ба таври инфиродӣ муайян мекунад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №30
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Кислотаи фолий (витамини Bc, витамини B9) ба гурӯҳи витаминҳои B мансуб мебошад. Он аз ҷониби микрофлораи рӯда синтез шуда, барои ташаккули муътадили ҳуҷайраҳои хун, аз ҷумла барои раванди пухтарасии мегалобластҳо ва табдили онҳо ба нормобластҳо, зарур аст. Дар организм кислотаи фолий ба кислотаи тетрагидрофолий табдил меёбад, ки кофермент буда, дар равандҳои гуногуни мубодилаи моддаҳо иштирок мекунад. Эритропоэзро ҳавасманд намуда, дар синтези аминокислотаҳо (аз ҷумла глицин ва метионин), кислотаҳои нуклеинӣ, пуринҳо ва пиримидинҳо, инчунин дар мубодилаи холин ва гистидин иштирок мекунад.
Фармакокинетика
Пас аз истеъмоли даҳонӣ кислотаи фолий дар роҳи меъдаю рӯда, асосан дар қисми болоии рӯдаи дувоздаҳангушта, хуб ва пурра ҷаббида мешавад. Қариб пурра бо сафедаҳои плазмаи хун пайваст мешавад. Дар ҷигар ҷамъ шуда, зери таъсири ферменти дигидрофолатредуктаза ба кислотаи тетрагидрофолий мубаддал мегардад. Консентратсияи максималӣ дар плазмаи хун пас аз 30–60 дақиқа ба даст меояд. Аз монеаи хун-мағзӣ ва плацентарӣ гузашта, ба шири модар низ хориҷ мешавад. Тавассути гурдаҳо ҳам дар шакли бетағйир (агар вояи қабулшуда аз талаботи шабонарӯзӣ зиёд бошад) ва ҳам дар шакли метаболитҳо хориҷ мегардад. Бо гемодиализ хориҷ карда мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд нисбат ба компонентҳои дору;
· омосҳои бадсифат.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аксуламалҳои аллергӣ: доначаҳои пӯст, хориш, бронхоспазм, эритема, баланд шудани ҳарорати бадан.
Аз ҷониби роҳи меъдаю рӯда: дилбеҳузурӣ, дамиши шикам, таъми талх дар даҳон, беиштиҳо.
Дигар таъсирҳо: ҳангоми истифодаи дарозмуддат эҳтимоли инкишофи гиповитаминози витамини B₁₂ вуҷуд дорад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҷаббиши кислотаи фолий ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо доруҳои бедардкунанда, доруҳои зиддиташаннуҷ, антацидҳо, сулфаниламидҳо, антибиотикҳо ва доруҳои ситостатикӣ коҳиш меёбад.
Кислотаи фолий мубодилаи моддаи фенитоинро метезонад.
Ҳангоми истифодаи ҳамзамони колестирамин ва кислотаи фолий эҳтимоли коҳиш ё тағйир ёфтани ҷаббиши кислотаи фолий вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, дору бояд 1 соат пеш аз ё 4–6 соат баъд аз қабули колестирамин истифода шавад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дору бояд бо эҳтиёт ба беморони гирифтори камхунӣ бо сабаби номаълум таъин карда шавад, зеро кислотаи фолий метавонад бо кам кардани аломатҳои гематологии беморӣ ташхиси камхунии пернициозӣ (бадсифат)-ро душвор гардонад. Ҳангоми камхунии пернициозӣ дору бояд танҳо якҷоя бо цианокобаламин истифода шавад.
Истифодаи дарозмуддати кислотаи фолий, махсусан дар вояҳои баланд, тавсия дода намешавад, зеро метавонад консентратсияи цианокобаламинро дар хун паст намояд.
Бемороне, ки гемодиализ мегиранд, ба миқдори зиёди кислотаи фолий ниёз доранд.
Бояд дар назар дошт, ки антибиотикҳо метавонанд натиҷаҳои муайянкунии микробиологии консентратсияи кислотаи фолийро дар плазмаи хун ва эритроситҳо таҳриф намуда, нишондиҳандаҳои бардурӯғ пастро ба вуҷуд оранд.