ЭЛФУНАТ
Бозгашт ба маҳсулот125 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Этилметилгидроксипиридина сукцинат |
| Шакли пешниҳод | 30-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар таркиби 1 ҳаб:
Витаминҳо
- Витамини A (ретинол ацетат) — 400 мкг
- Витамини B1 (тиамин гидрохлорид) — 1,1 мг
- Витамини B2 (рибофлавин) — 0,8 мг
- Витамини B5 (калсий пантотенат) — 4,5 мг
- Витамини B6 (пиридоксин гидрохлорид) — 1,5 мг
- Витамини B9 (кислотаи фолий) — 200 мкг
- Витамини B12 (цианокобаламин) — 1,5 мкг
- Витамини C (натрий аскорбат) — 45 мг
- Витамини D3 (холекалсиферол) — 5 мкг
- Витамини E (DL-α-токоферол ацетат) — 10 мг
- Витамини PP (никотинамид) — 13,5 мг
- Биотин (витамини H) — 75 мкг
Макро ва микроэлементҳо
- Калсий (калсий карбонат) — 160 мг
- Магний (магний оксид) — 45 мг
- Оҳан (феррум фумарат) — 13,5 мг
- Руҳ (цинк оксид) — 7,5 мг
- Манган — 0,9 мг
- Мис — 0,45 мг
- Йод — 100 мкг
- Молибден — 22,5 мкг
- Селен — 20 мкг
- Хром — 12,5 мкг.
НИШОНДОДҲО
· давраи омодагӣ ба ҳомиладорӣ;
· пешгирии токсикози ҳомиладорӣ;
· пешгирии нуқсонҳои модарзодии инкишофи ҷанин, ки аз норасоии витаминҳо ва минералҳо ба вуҷуд меоянд;
· пешгирӣ ва табобати камхунӣ (анемия) дар занони ҳомила;
·пешгирӣ ва табобати норасоии витаминҳо ва минералҳо дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Эмфеталро дар дохил 2 ҳаб дар як шабонарӯз ҳангоми хӯрокхӯрӣ қабул мекунанд.
Пеш аз истифодаи дору тавсия дода мешавад, ки бо духтур машварат намоед.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №60
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Эмфетал маҷмӯаи якҷояи витаминҳо ва минералҳо буда, барои занон дар давраи омодагӣ ба ҳомиладорӣ, ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ пешбинӣ шудааст.
Таъсири дору аз ҳисоби витаминҳо, макроэлементҳо ва микроэлементҳои таркибаш таъмин мегардад, ки дар танзими мубодилаи моддаҳо, рушду инкишофи бофтаҳо, хунсозӣ, ташаккули устухонҳо ва нигоҳдории фаъолияти системаҳои асаб, дилу раг ва масуният иштирок мекунанд.
Таъсири асосии компонентҳо
- Витаминҳои гурӯҳи В мубодилаи энергия, фаъолияти системаи асаб, хунсозӣ ва синтези ДНК-ро дастгирӣ мекунанд.
- Кислотаи фолий (витамини В9) барои инкишофи муътадили ҷанин ва пешгирии нуқсонҳои модарзодӣ зарур аст.
- Витамини А рушду инкишофи ҳуҷайраҳо, биноӣ ва масуниятро дастгирӣ мекунад.
- Витамини С дар синтези коллаген иштирок намуда, азхудкунии оҳанро беҳтар мекунад.
- Витамини D3 мубодилаи калсий ва фосфорро танзим намуда, минерализатсияи устухонҳоро таъмин мекунад.
- Витамини Е антиоксидант буда, ҳуҷайраҳоро аз таъсири радикалҳои озод муҳофизат мекунад.
- Калсий ва магний барои кори муътадили мушакҳо, асабҳо ва устухонҳо заруранд.
- Оҳан барои синтези гемоглобин лозим буда, ба пешгирии камхунии норасоии оҳан мусоидат мекунад.
- Рӯҳ, мис, манган, йод, молибден, селен ва хром дар реаксияҳои ферментативӣ иштирок намуда, мубодилаи моддаҳо, фаъолияти масуният ва системаи эндокриниро дастгирӣ мекунанд.
Маҷмӯа ба пур кардани эҳтиёҷи зиёдшудаи организм ба витаминҳо ва минералҳо дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ мусоидат намуда, хатари ҳолатҳои норасоиро дар модар ва ҷанин кам мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд (аллергия) нисбат ба ягон ҷузъи таркибии дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Имконияти пайдо шудани аксуламалҳои аллергӣ ба ҷузъҳои таркибии дору вуҷуд дорад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Ҳангоми истифодаи ҳамзамони Эмфетал бо антацидҳо ҷаббида шудани оҳани дар таркиби дору мавҷудбуда кам мешавад.
· Витамини B6, ки дар таркиби дору мавҷуд аст, метавонад самаранокии леводопа-ро коҳиш диҳад.
· Доруҳои исҳоловаре, ки равғани минералӣ доранд, инчунин холестирамин, ҷаббида шудани витаминҳои A, D ва E-ро кам мекунанд.
· Фторурацил, винбластин, блеомицин ва цисплатин метавонанд ҷаббида шудани витаминҳои A, B1 ва B6-ро халалдор намоянд.
· Пеницилламин ва изониазид самаранокии витамини B1-ро паст намуда, хориҷшавии онро аз организм зиёд мекунанд.
· Изониазид инчунин самаранокии пиридоксин (витамини B6)-ро коҳиш медиҳад.
· Витамини Е метавонад таъсири гликозидҳои дилӣ, глюкокортикостероидҳо ва доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВС)-ро тақвият диҳад.
·Истифодаи ҳамзамони Эмфетал бо дигар маҷмӯаҳои поливитаминӣ тавсия дода намешавад, зеро хатари зиёд шудани воя (передозировка) вуҷуд дорад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
· Аз меъёри тавсияшуда зиёд истеъмол накунед.
· Пешоб метавонад ранги зарди равшан гирад, ки ба мавҷудияти рибофлавин дар таркиби дору вобаста аст.
· Наҷосат метавонад ранги тира гирад, ки ба мавҷудияти оҳан дар таркиби дору вобаста аст.
·Доруро дар ҷои дастнорас барои кӯдакон нигоҳ доред ва баъд аз муҳлати истифода истифода набаред.