ДУСКОНАЛ РЕТАРД

Бозгашт ба маҳсулот

200 мг

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда Мебеверин гидрохлорид
Шакли пешниҳод 30-то капсула
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 капсула:

Мебеверин гидрохлорид 200 мг.

НИШОНДОДҲО 

Дар калонсолон:

    • синдроми рӯдаи асабонӣ; 
    • кабзияти узвҳои меъдаю рӯда, аз ҷумла дар бемориҳои органикӣ; 
    • халазании рӯдахо; 
    • халазинии талхадон. 

Дар кӯдакони аз 12-сола боло:

    • ихтилолҳои функсионалии меъдаю рӯда, ки бо дарди шикам ҳамроҳанд.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дусконал Ретард ба таври даҳонӣ қабул карда мешавад, капсула пурра фурӯ бурда шуда, 20 дақиқа пеш аз хӯрок бо миқдори кофии моеъ истеъмол мегардад.

Ба калонсолон (аз ҷумла пиронсолон) 200 мг 2 маротиба дар як рӯз таъин карда мешавад.

Муддати табобат маҳдуд нест. Дар ҳолати гузаронидани як воя, табобат бояд тибқи ҷадвали муқарраршуда идома дода шавад; вояи гузаронидашуда набояд бо вояи навбатӣ якҷо гирифта шавад.

Дар беморони пиронсол ва инчунин дар беморони гирифтори норасоии гурда ва/ё ҷигар ислоҳи воя талаб карда намешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Капсулаҳои таъсири дарозмуддат №30

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Дусконал Ретард — спазмолитики миотропӣ мебошад. Мебеверин таъсири мустақими оромкунанда ба мушакҳои ҳамвор, асосан узвҳои рӯдаю меъда дорад, спазмро бартараф мекунад ва ба перисталтикаи муқаррарии рӯдаҳо таъсири ҷиддӣ намерасонад.

Механизми таъсир бо басташавии каналҳои натрийии мембранаи ҳуҷайра ва кам шудани воридшавии ионҳои Na⁺ ба ҳуҷайра, инчунин басташавии воридшавии Ca²⁺ тавассути каналҳои суст ва маҳдуд шудани хориҷшавии K⁺ вобаста аст, ки боиси кам шудани қобилияти кашишхӯрии нахҳои мушакӣ мегардад. Амали антихолинергикӣ надорад.

Пас аз истифодаи даҳонӣ мебеверин зуд ва пурра ҷаббида мешавад. Шакли пролонгатсияшуда реҷаи дукаратаи истеъмолро таъмин мекунад. Ҳангоми истифодаи такрорӣ кумулятсия мушоҳида намешавад.

Метаболизм тавассути эстеразаҳо бо ташаккули кислотаи вератровая ва спирти мебеверин анҷом меёбад. Метаболити асосӣ дар плазма — кислотаи карбонии деметилшуда (ДМКК) мебошад. Нимиҳаёти ДМКК дар ҳолати мувозинат 5,77 соатро ташкил медиҳад.

Биодастрасӣ тақрибан 97% аст. Мебеверин қариб пурра метаболизм мешавад; метаболитҳои он асосан тавассути гурдаҳо хориҷ мегарданд.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд (аллергия) ба ҷузъҳои дору; 

·кӯдакони то 12-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Сарчархзанӣ (дар баъзе ҳолатҳо), дарунравӣ ё қабзият.

Реаксияҳои аллергӣ: варами Квинке, уртикария (крапивница), экзантема ва варами рӯй. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Дар бораи истифодаи мебеверин дар занони ҳомила маълумоти кофӣ мавҷуд нест. Дар таҷрибаҳо дар ҳайвонот таъсири тератогенӣ мушоҳида нашудааст. Маълум нест, ки оё мебеверин ё метаболитҳои он ба шири модар мегузаранд ё не. Аз ин рӯ, ҳангоми табобат бо ин дору ширдиҳӣ тавсия дода намешавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳамкории (таъсири мутақобилаи) мебеверин бо дигар доруҳо муайян нашудааст.