200 мг/2 мл

Шакл Маҳлул барои тазриқ
Фаъол модда Хондроитин сулфати натрий
Шакли пешниҳод 10 -то ампула 2 мл
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 мл махлул: 

хондроитин сулфати натрий — 100 мг.

НИШОНДОДҲО 

Бемориҳои дегенеративии буғумҳо ва сутунмӯҳра, аз ҷумла:

    • артрози ибтидоӣ; 
    • остеоартроз бо осеби асосии буғумҳои калон; 
    • остеохондрози байнисутунмӯҳравӣ.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору ба таври дохилимушакӣ 3 тазрики аввал бо 1 мл (100 мг хондроитин сулфат) як рӯз пас гузаронида мешавад.

Ҳангоми таҳаммулпазирии хуб, аз тазриқи чорум сар карда, воя то 2 мл (200 мг хондроитин сулфат) зиёд карда мешавад.

Курси табобат 25–35 тазриқро дар бар мегирад. Ҳангоми зарурат мумкин аст курси такрорӣ пас аз 6 моҳ гузаронида шавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Маҳлули тазриқӣ. Дар як ампула 2 мл. Дар як баста 10 ампула.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика:

 Моддаҳои фаъоли дору — намакҳои натрии хондроитин сулфати A ва C (вазни миёнаи молекулавӣ 11 000 дальтон) мебошанд. Хондроитин сулфат мукополисахариди вазнинмолекула буда, ҷузъи асосии протеогликанҳо мебошад, ки якҷоя бо нахҳои коллаген матрикси хрящро ташкил медиҳанд.

Дору таъсири зиддиилтиҳобӣ ва бедардкунанда дорад. Фаъолияти ферментҳои вайронкунандаи хрящро, аз ҷумла металлопротеиназаҳо (махсусан эластазаи лейкоцитарӣ)-ро бозмедорад ва фаъолияти гиалуронидазаро коҳиш медиҳад. Қисман озодшавии радикалҳои оксигениро маҳдуд мекунад, хемотаксис ва детерминантҳои антигениро паст мекунад.

Таъсири зиддиилтиҳобӣ ва бедардкунанда бо коҳиши озодшавии медиаторҳои илтиҳоб ва дард ба моеъи синовиалӣ тавассути синовиоцитҳо ва макрофагҳои пардаи синовиалӣ, инчунин бо маҳдуд кардани синтези лейкотриен B4 ва простагландин E2 вобаста мебошад.

Хондроитин сулфат фишурдашавии бофтаи пайвандкунандаро пешгирӣ мекунад, ҳамчун равғани табиӣ барои сатҳҳои буғум амал мекунад, тавлиди моеъи синовиалиро танзим мекунад, ҳаракати буғумҳоро беҳтар мекунад, дардро коҳиш медиҳад ва сифати ҳаётро беҳтар менамояд.

Фармакокинетика:

 Пас аз воридкунии дохилимушакӣ хондроитин сулфат зуд ҷаббида мешавад. Баъд аз 30 дақиқа дар хун дар консентратсияи назаррас пайдо мешавад. Максимум консентратсия пас аз 1 соат ба даст меояд ва тадриҷан дар давоми 2 рӯз коҳиш меёбад.

Он асосан дар бофтаи хрящии буғумҳо ҷамъ мешавад. Пардаи синовиалӣ ба воридшавии дору монеа намешавад. Пас аз 15 дақиқа дар моеъи синовиалӣ пайдо мешавад ва консентратсияи максималӣ дар хрящ пас аз 48 соат ба даст меояд.

Тавассути гурдаҳо дар давоми 24 соат хориҷ мешавад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору; 

·  майл ба хунравӣ; 

·тромбофлебитҳо.

  • Кудакони то 18 сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст: гоҳ-гоҳ — эритема, крапивница, дерматит, доначаи макулопапулёзӣ (бо хориш ё бе хориш), инчунин варамҳо; хунрезӣ дар ҷои тазриқ.

Аз ҷониби системаи меъдаю рӯда: дар ҳолатҳои алоҳида — дилбеҳузурӣ, қайкунӣ. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Истифодаи якҷояи доруи Драстоп бо доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ имкон медиҳад, ки вояи онҳо кам карда шавад.

Эҳтимоли тақвияти таъсири антикоагулянтҳои ғайримустақим, антиагрегантҳо ва фибринолитикҳо мавҷуд аст, ки назорати зуд-зуди нишондиҳандаҳои лахташавии хунро ҳангоми истифодаи якҷоя талаб мекунад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳангоми пайдо шудани реаксияҳои аллергӣ ё геморрагия табобат бояд қатъ карда шавад.

Барои ба даст овардани таъсири устувори клиникӣ на камтар аз 25 тазриқи Драстоп зарур аст; аммо таъсир баъд аз анҷоми курс чанд моҳ нигоҳ дошта мешавад. Барои пешгирии авҷгирии беморӣ курсҳои такрорӣ мумкин аст таъин шаванд.

Дар таркиби дору спирти бензил мавҷуд аст, ки метавонад дар навзодон ва кӯдакони то 3-сола заҳролудшавӣ ва реаксияҳои псевдоанафилактикӣ ба вуҷуд орад.

Маълумоти клиникӣ нишон медиҳад, ки дар беморони солхӯрда бо атеросклероз истифодаи хондроитин сулфат метавонад сатҳи холестерин ва триглицеридҳоро дар плазма коҳиш диҳад.

Бо эҳтиёт истифода мешавад: ҳангоми ихтилоли лахташавии хун, диабети қанд, фарбеҳӣ, дар шахсони бо парҳези камнамак, кӯдакони то 18-сола, норасоии гурда ва занони нақшакаши ҳомиладорӣ.

Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ: истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ тавсия дода намешавад. Ҳангоми табобат ширдиҳӣ бояд қатъ карда шавад, зеро маълумоти кофӣ оид ба бехатарии истифода дар ин давра вуҷуд надорад.